logo

номаҳо

АДОЛАТ БАРҚАРОР ГАРДИД

Ман Акпарова Нодира Сатторовна  сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 34, бинои 17, ҳуҷраи 47,  оиладор, соҳиби панҷ фарзандам. Шавҳарам Абдураҳмон Абдуҳамидов нафақагир, маъюб мебошанд. Зиёда аз 20 сол инҷониб дар хонаи якҳуҷрагӣ зиндагӣ дорем.

Сарсуханамро маҳз оид ба манзил оғоз намудам. Чаро? Чунки солҳои 1995 – 1997 яке аз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо суистифода аз мансабу вазифаи ишғолкардааш бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ манзили зистамонро хусусӣ гардонидааст. Ҷойи тааҷҷуб он аст, ки дар тӯли 17 сол аз ин ҳодиса, яъне тақаллубкорӣ бехабар будем. Соҳиби сохтаи хона пайдо шуду оид ба холӣ кардани манзил даъво намуд.
Ба мақомоти дахлдор дар ин хусус арзу шикоят менамудам, лекин ягон натиҷа намебахшид. Ниҳоят баъди сарсониҳои зиёд, аниқтараш баъди 3,5 сол, яъне 30 ноябри соли 2016 адолат барқарор гашт.
Воқеан, дар ҷомеа инсонҳои неку содиқ низ кору фаъолият доранд. Яке аз чунин шахсон ҷавони адолатпарасту дилсӯз, ҳомии ҳақиқии қонун, муовини раиси суди шаҳри Хуҷанд Ҷӯрахон Раҳмон ҳастанд, ки такя ба қонун адолатро барқарор карданд. Бо вуҷуди ин соҳиби сохтаи хона аз болои ҳалномаи судӣ шикоят навишт.
Суди марҳилаи кассатсионӣ таҳти роҳбарии муовини раиси суди вилояти Суғд оид ба парвандаҳои гражданӣ Манзурахон Латифзода парвандаро аз нав дида баромад. 28 феврали соли  2017 ҳалномаи суди марҳилаи аввалро ҳамаҷониба қонунӣ эътироф намуд.
Ҳамин тавр, меъёрҳои Конститутсия вобаста ба шакл ва мазмуни ифодаёфтааш амал мекунад, на аз рӯи тафсири субъективии ашхоси манфиатҷӯ.
Ин ҳама, албатта, шаҳодати он аст, ки масъулон бобати ҳифзи ҳуқуқу озодии инсону шаҳрванд ва таъмини адолати судӣ торафт масъулияти бештар ҳис мекунанд. Сипосгузорам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2017    №: 99    Мутолиа карданд: 1987
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед