logo

ҳуқуқ

САЛАФИЯ. ПАЙРАВОНИ ОН АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ ШУДАНД

Худойдод Самадов нимаи дувуми моҳи январи соли 2015 дуои падару модарро гирифту озими Федератсияи Русия шуд. Дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Рязани ин кишвар соҳиби ҷойи кор гардид. Вақтҳои фориғ аз кор барои адои намоз ба масҷиди шаҳр мерафт. Рӯзе дар масҷид бо шаҳрванди Ҷумҳурии Доғистон Юсуф Гаҷиев ошно шуд ва ин шиносоӣ ба тақдири минбаъдаи ӯ хати батлон кашид.

Юсуф бо пайравонаш баъди адои намоз ба таълимоти равияи барои Худойдод номаълум шурӯъ мекард. Дар муддати кӯтоҳ онҳо бо якдигар «дӯстони ҷонӣ» шуданд. Баъди муддате таълимоти равияи динӣ - экстремистии «Салафия»-ро азбар кард ва яке аз пайравони ин гурӯҳ гардид. Дар ҳузури ҳамдиёронаш тарзи намозхониашро иваз намуд. Тибқи дастури Юсуф ӯ аз пайи таблиғи равияи пазируфтааш шуд ва кӯшиш кард, ки аз байни ҳамдиёрони худ пайравонашро пайдо кунад. Бо ин мақсад Абубакр Мировро ба ҳамкорӣ даъват намуд. Ӯро ҳамроҳаш ба масҷид меовард, то дар суханрониҳои Юсуф Гаҷиев ширкат варзад. Дере нагузашта Абубакр ҳам яке аз фаъолони ин гурӯҳи харобкор гардид. Онҳо на танҳо таълимотро аз Гаҷиев меомӯхтанд, балки барои паҳн намудани идеяҳои харобкорона ва кам кардани эътиқоди мусалмонон ба мазҳаби Имоми Аъзам пайваста талош мекарданд.
Чанде баъд Абубакр Миров аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба зодгоҳаш баргашт. Ӯ мувофиқи дастури гирифтааш вазифадор буд, ки барои зиёд намудани пайравони хеш дар манотиқи Рашт корҳои тарғиботиро ба роҳ монад. Бо ҳамин мақсад дар деҳаи Навдонаки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳия ва деҳаҳои гирду атроф барои амалӣ намудани мақсадҳои ҷиноятии иттиҳодияи ифротгарои «Салафия» саъю талош намуд.
Ӯ мунтазам ба масҷиди ғайрирасмии деҳа омада, бо мақсади нишон додани бартарии равияи «Салафия» ва зиёд намудани сафи аъзои он намоишкорона намозашро бо усули нав мехонд. Сокинони маҳал ҳақиқати ҳолро пай бурда, рафтори ӯро маҳкум мекарданд.
Худойдод чун фаҳмид, ки ҳамақидааш Абубакр дар танҳоӣ ба комёбӣ муваффақ намешавад, ба Тоҷикистон баргашт ва ҳамроҳи ӯ майдони фаъолияташро васеъ намуд. Акнун онҳо дар деҳаҳои Навдонаки ноҳияи Рашт ва Сари Қоши Ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод фаъолияти тарғиботиро ба роҳ монданд. Ба ҷуз аз китобҳои дар ихтиёр дошта, инчунин аз сабтҳои видеоие, ки Гаҷиев ба онҳо дода буд, истифода мебурданд.
Рӯзе Худойдод ҳамроҳи Абубакр барои корҳои таблиғотӣ ба деҳаи Сари Қош рафт. Вақте онҳо вориди масҷид шуданд,  имом - хатиби деҳа Маҳмадзоир Додарбеков баъди намоз ба амри маъруф машғул буд. Онҳо ба имом-хатиб ва намозхонҳо аҳамият надода, дар як гӯшаи масҷид ба намозгузорӣ машғул шуданд. Имом - хатиб, ки ба ҳаракатҳои онҳо аҳамият дода буд, баъди анҷоми намозашон эрод гирифт ва рафторашонро ба мазҳаби ҳанафия бегона хонд. Вале онҳо кӯшиш мекарданд, ки дар суҳбат ҳақ будани худро исбот намоянд.
Билохира, ин гумроҳон барои паҳн намудани таълимоти барои ҷомеаи мо зарарнок аз ҷониби мақомоти қудратӣ дастгир шуданд. Ҳангоми кофтуков сабтҳои видеоӣ дар манзили зисташон пайдо шуд. Дар маводҳои аудио - видеоии пешниҳодшуда омилҳои барангехтани кинаву адоват ё низои миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, динӣ мавҷуд буд.
Дар мурофиаи судие, ки таҳти раёсати раиси суди ноҳияи Рашт Хуршед Розиқзода баргузор гардид, онҳо ба гуноҳи худ иқрор шуданд. Бо ранги парида ва пайкари ларзон илтиҷо мекарданд, ки суд ҷавонию нодонӣ, ба доми фиреб афтодан ва падару модари пир доштанашонро ба ҳисоб гираду муҳлати ҷазоро сабук намояд.
Суди ноҳияи Рашт Худойдод ва Абубакрро бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати панҷ сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр маҳкум кард.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2017    №: 99    Мутолиа карданд: 890
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед