logo

ҳуқуқ

БАЪД АЗ ИМЗОИ СОЗИШНОМА...

Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон саҳифаҳои нав боз намуд,  барои амалишавии арзишҳои конститутсионӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таъмини адолати судиву иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам омад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ санадҳои асосии марбут ба ҳуқуқи инсонро эътироф намуда, дар сатҳи Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон кард. Дар ҳамин замина, яке аз шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ - ҳокимияти судӣ барои таъмини ин кафолатҳои конститутсионӣ вазифадор гардид. Тибқи талаботи моддаи 19 Конститутсия ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Яъне, давлат ҳимояи судии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун ҳимояи афзалиятнок эътироф намуда, онро кафолат додааст.
Таҷриба борҳо нишон додааст, ки пойдории давлат ниёз ба адолати судӣ дорад ва ин омили муайянкунанда водор месозад, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста таҳким ва дар ҳоли густариш қарор дошта бошад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба нақши ҳокимияти судӣ дар мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, татбиқи  адолати судӣ таъкид намуда, зикр менамояд, ки «адолати судӣ дар ҳақиқат ҳам бояд ҳамчун яке аз кафолатҳои асосии таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон бошад».
Мустақилона ва бидуни дахолати мақомоти дигар фаъолият намудани низоми судии Тоҷикистон, ки аз шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва баракати ваҳдати миллӣ аст, имкон фароҳам овард, ки адолати судӣ дар мамлакат таъмин, ҳуқуқу озодиҳои инсон ба дурустӣ ҳифз шаванд. Барои расидан ба ин ҳадаф ва таҳкими фаъолияти минбаъдаи ҳокимияти судӣ, ҳанӯз 23 июни соли 2007, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 271 «Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ барои солҳои 2007 - 2010» тасдиқ шуд, ки он давра ба давра амалӣ гардид. Дар доираи ин барнома ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳа ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор, дар таҳрири нав қабул гардидани кодексҳои мурофиавии гражданӣ, ҷиноятӣ, судии иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», дар Суди Олӣ, судҳои ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе таъсис додани коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва маъмурӣ падидаҳои амалан татбиқ шудани барномаи мазкур мебошанд.
Даврон НАЗАРЗОДА,
судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2017    №: 99    Мутолиа карданд: 867
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед