logo

ҳуқуқ

ҚОНУНИ ТАНЗИМ. ДАР ПАСИ ҲАР ҲАРФУ ҲИҶОИ ОН МАНФИАТ АСТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз қабули он 8 июни соли ҷорӣ даҳ сол пур мешавад,  падидаи боарзиш  ва дастоварди намоёни низоми   ҳуқуқэҷодкунии  кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад. Он аввалин қонуни миллист, ки дар таърихи қонунгузории мамлакати соҳибихтиёрамон таҳия ва ба тасвиб расидааст.

Дар моддаи 1 - и қонун, аз ҷумла омадааст: «Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои  паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст».
Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббускор ва тасмимгирандаи асосии таҳияи лоиҳаи қонун ва мавриди амал қарор гирифтани он маҳсуб меёбанд, ҳанӯз зимни вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат, 24 майи соли 2007 гуфта буданд: «Дар айни замон мо бояд як нуктаро донем, ки то расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».
Аз он сабаб қонуни танзим мақоми миллиро гирифт, ки  шаҳрвандони ватандӯсту соҳибташаббуси  кишвар маърифати баланди ҳуқуқӣ ва  фаъолнокии  афзояндаи сиёсӣ нишон дода, дарк намуданд, ки  таҳияву қабули ин  санад ҷанбаи илмиву мантиқии қавӣ дошта, аз нигоҳи зарурат ва моҳият саривақтию ҳадафманд мебошад.
Танҳо кофист хотиррасон намоем, ки ин қонуни миллӣ дар таърихи қонунгузории кишвар ба ҳайси зуҳуроти  тақдирсоз дониста шуда, бо ҳамраъйиву дарки рисолати ватандӯстӣ  лоиҳаи он  тӯли  ду моҳ мавриди баррасии умумихалқӣ қарор гирифт. Зимни он назару мулоҳизаҳои қишрҳои гуногуни аҳолӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба инобат гирифта шуданд. Аз он дидгоҳ, ки ислоҳоти ҳуқуқии такмил додани низоми қонунгузории амалкунанда ҳақиқати воқеӣ ва нуктаи  баҳснопазир аст, мо бо мавриди амал қарор додани меъёрҳои нави ҳуқуқӣ  метавонем расидан ба раванди сифатан нави рушд ва зинаи  болотари тараққиётро  имконпазир гардонем. Бинобар ин, қонуни миллӣ номидани ин санадӣ қонунӣ аз ҳар нигоҳ асоснок аст, чунки Сарвари муаззами давлат пеш аз қабули он бо зиёиёни кишвар ду дафъа вохӯрӣ доштанд.
Ғоя ва мазмуну муҳтавои матни қонун аз домони мушкилоту  муаммоҳои зиндагии иҷтимоии мардум сарчашма гирифта, моҳияту таъйиноти аслии он ёрӣ, ҳифз ва дастгирии ҳамаҷонибаи  манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардуми кишвар тавассути фароҳам овардани заминаи созгору мусоиди меъёрӣ - ҳуқуқист. Мутобиқати  мазмуни муқаррароти ин санади қонунӣ ба хосиятҳои ҷомеадории демократӣ ва гузашта аз ин, ба арзишҳои суннатии милливу фарҳангӣ ва диниамон  низ  пурра  зоҳир мегардад.
Суҳроб РУШАНЗОДА,
раиси  суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2017    №: 103    Мутолиа карданд: 1000
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед