logo

ҳуқуқ

КӮДАКОН. ТАВАҶҶУҲ БА ОНҲО ТАВАҶҶУҲ БА ОЯНДАИ МИЛЛАТ АСТ

Ҳар сол дар ҷаҳон 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ҷашн гирифта мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонист, ин рӯз бо роҳандозии чорабиниҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ таҷлил мегардад. Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар кишвар бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоди нав - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд. Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” оид ба нақши ин ниҳод дар самти ҳимояи ҳуқуқи кӯдак чунин гуфт:
- Дар даврони соҳибистиқлолӣ доираи васеи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки дар таъмини эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак нақши муҳим мебозанд. Қонунгузории амалкунанда бо назардошти принсипи манфиатҳои кӯдак, ки аз талаботи Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак бармеояд, пайваста такмил дода мешавад. Дар ҷумҳурӣ ҳуқуқҳои кӯдакро Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ҳимоя намуда, амалишавии онҳо тавассути андешидани чораҳои дахлдор кафолат дода мешавад.
Ба гуфтаи Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, имрӯз давлат ва Ҳукумати мамлакат барои ҳифзи кӯдакони ятим, онҳое, ки аз парастории падару модар маҳрум гаштаанд, барномаҳои вижа таҳия ва тасдиқ карда, дар ҳаққи онҳо ғамхории доимӣ зоҳир менамояд. Бо мақсади омӯзиши вазъи риояи ҳуқуқи ин категорияи кӯдакон кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз муассисаҳои  давлатии хонаи кӯдакони №1, №2 дар шаҳри Душанбе ва хонаи кӯдакони №1 шаҳраки Шӯроби ноҳияи Исфара боздид ба амал оварданд. Маълум гардид, ки барои таъмини шароити хуби нигоҳубини кӯдакон дар ин муассисаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Масъалаи дастрасӣ ба таҳсили кӯдакони гурӯҳҳои осебпазир дар маркази диққати доимии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак қарор дорад. Барои муайян намудани вазъ дар самти мазкур Ваколатдор пайваста мониторинги дастрасии кӯдаконро ба таҳсил, хусусан кӯдакони маъюб, онҳое, ки дар мактаб-интернатҳо қарор доранд, мегузаронад. Соли 2016 чунин мониторингҳо дар мактаб - интернати ёрирасони №1- и шаҳри Кӯлоб, интернати давлатии №1 - и деҳаи Арали ноҳияи Восеъ, мактаби таҳсилоти асосии № 68 - и ноҳияи Восеъ, мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва қувваи босираашон сусти ноҳияи Ҳисор, мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ, муассисаи давлатии интернати вилоятии наздимактабии ноҳияи Балҷувон, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 барои кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Рӯдакӣ гузаронда шуданд.
Натиҷаи таҳлили сарчашмаҳои гуногуни иттилоотӣ, муроҷиатҳои шаҳрвандон, вохӯриву санҷишҳо нишон медиҳанд, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар баробари дастовардҳо мушкилиҳо низ ба назар мерасанд. Масалан, соли гузашта 90 ҳолати суиқасд ва худкушии кӯдакон сабт гашта, дар ин давра аз ҷониби ноболиғон 693 ҷиноят содир шудааст. Барои иҷро накардани уҳдадориҳои падару модар, шахсони онҳоро ивазкунанда ва масъулони муассисаҳои таълимӣ дар таълиму тарбияи фарзанд соли гузашта 14637 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби судҳо нисбат ба онҳо ҷазоҳои дахлдор таъйин гардидааст.
Додоҷон РӮЗИЕВ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2017    №: 109    Мутолиа карданд: 1077
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед