logo

маориф

НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ. МАОРИФ РУШД МЕКУНАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро ҳамчун соҳаи калидӣ дар сиёсати давлат эълон доштааст. Аз ин рӯ, масъулони соҳа дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи рӯз  тадбирҳои судманд андешида, барномаҳои гуногуни тахассусиро мавриди истифодаи аҳли ҷомеа қарор додаанд.
- Ба ин хотир,  таваҷҷуҳ ба муаллимони ҷавон дар муассисаҳои таълимӣ меафзояд. Бинобар ин, аз омӯзгорон талаб карда мешавад, ки машғулиятҳои ҳаррӯзаи худро тибқи талаботи барнома, нақшаҳои таълимӣ ва навигариҳои илму техника роҳандозӣ намуда, аз усулҳои самараноки кор ҳар чи бештар истифода баранд, - гуфт зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Алишер Исоев. Инчунин, афзуд, ки имсол тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ  75 нафар мутахассисони ҷавон ба ноҳия фиристода шуданд.  Ҳамаи онҳо бо ҷойҳои кори доимӣ ва хобгоҳҳо таъмин карда шуданд. Дар ноҳия 41 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 4 умумии асосӣ, 3 ибтидоӣ, 1 гимназияву 1 литсейи давлатӣ ва 3 боғчаи бачагона бо фарогирии 240 кӯдак ва 30138 хонанда дар 1124 синфхона ба таълиму тарбия  фаро гирифта шудаанд.
Шумораи хонандагоне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил доранд, 114 нафарро ташкил медиҳад. Дар асоси шартномаҳое, ки бо ширкатҳои дӯзандагӣ баста шуда буданд, ҳамаи хонандагон бо сарулибоси мактабӣ пурра таъмин гаштанд. Дар арафаи соли нави хониш дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиии рақами 50-и деҳаи Сайёди Ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев 6 синфхонаи иловагӣ ба маблағи 80 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон сохта, ба истифода дода шуд. Дар  даврони истиқлол дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо, 44 синфхонаи иловагӣ барои 7 ҳазору 500 ҷойи нишаст ва 19 мактаби нав сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Моҳи марти соли ҷорӣ маросими кушодашавии бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 баргузор гардид. Инчунин, соли 2015 дар ноҳия бинои нави шуъбаи маориф аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Ҳоло дар ноҳия сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ барои 760 ҷойи нишаст дар ду баст дар Ҷамоати шаҳраки Москва ва сохтмони муассисаи таълимӣ дар деҳаи Ҳуснободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо маблағгузории 1 миллиону 947 ҳазор сомонӣ идома дорад.
Холназар КАСИРОВ,   «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2017    №: 256    Мутолиа карданд: 773
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед