logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ. АЗ ҶАЗО ХАЛОСӢ НЕСТ

Баъзе афрод баъди содир намудани ҷиноят дар ин ё он кишвари хориҷ пинҳон шуда, фикр мекунанд, ки бо ҳамин роҳ аз адои ҷазо халос мешаванд. Вале ин гумон ботил аст. Саидаброр Мирзошоев ҳанӯз се сол қабл ҷиноят содир карда, мавриди кофтуков қарор дошт. Ӯ 11 апрели соли 2017 дар Федератсияи Русия дастгир ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод шуд.

Тибқи тафтишот номбурда моҳи январи соли 2015 дар сохтмони бинои беморхонаи бисёрсоҳавии нотамом, воқеъ дар шаҳри Душанбе ба сифати пудратчӣ кору фаъолият намуда, дар ин давра бо Убайдулло Латипов ном шахс шинос шудааст. У. Латипов аз ӯ хоҳиш кард, ки барояш як миқдор маводи нашъадори навъи “ҳашиш” дарёфт намояд.
Саидаброр Мирзошоев 15 январи соли 2015 ҳангоми дар ноҳияи Панҷ қарор дош-танаш У. Латиповро огоҳ сохт, ки маблағи пулиро равон намояд, маводи нашъадорро дарёфт ва дастрас мекунад. Худи ҳамон рӯз У. Латипов аз рӯи гуфтаҳои С. Мирзошоев амал намуда, маблағи 1500 долларро равон мекунад. С. Мирзошоев дар ноҳияи Панҷ бо Абдул ном шахс шаҳрванди Ҷумуҳурии Исломии Афғонистон, вохӯрда, барои дар-ёфти маводи нашъадори навъи “ҳашиш” маблағи мазкурро ба ӯ медиҳад.
Баъди ғайриқонунӣ соҳиб шудани маводи нашъаовар С. Мирзошоев онро ба шаҳри Душанбе интиқол ва худи ҳамон рӯз ба У. Латипов дода, миқдори умумии онро 4 килограмм ва нархи ҳар як килограммашро 550 долларӣ ҳисоб кард. У. Латипов маводи нашъаоварро гирифта, ба Манзар Ғоибов ном шахс дода гуфтааст, ки боз маблағи 700 доллари  дигар диҳад. М. Ғоибов розӣ шуда, маводи нашъадорро дар қисми поёни бозори “Корвон” - и шаҳри Душанбе дар ҷои мувофиқ пинҳон карданӣ будааст. Кормандони ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷуӣ М. Ғоибовро дар кӯчаи Ю.Обходная дастгир ва аз ӯ 4 адад бастаи воситаҳои нашъадори навъи “ҳашиш” дарёфт карданд. Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ - кимиёвӣ маводи мусодирашуда ба воситаҳои нашъадори навъи “ҳашиш” мансуб буда, вазни он 3 килограмму 36 граммро ташкил додааст.
Саидаброр Мирзошоев бошад аз дастгир шудани У. Латипов огоҳ шуда, барои дастгир нашудан ба Федератсияи Русия фирор мекунад.    
Номбурда баъди дастгир шудан аз ҷониби суди ноҳияи Фирдавсӣ бо дастрасии моддаи 200 қисми 3 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор ва ба муҳлати 9 сол равонаи зиндон шуд. Мутобиқи талаботи банди 2 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 24 августи соли 2016 муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбат ба ӯ аз се як ҳисса кам карда шуд.
М. ТИЛЛОЗОД,
судяи суди ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.06.2018    №: 112    Мутолиа карданд: 756
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед