logo

иқтисод

ХАТЛОН. САНОАТ РУШД МЕЁБАД

Соҳибкорони вилояти Хатлон, дар баробари он ки ҳамасола корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ таъсис медиҳанд, иқтидори истеҳсолии корхонаҳои мавҷударо  низ тақвият мебахшанд. Шавкат Маҳмадалиев, мудири шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дастовардҳои соҳаи саноат ва нақши соҳибкоронро дар ин самт ба хабарнигори “Ҷумҳурият” чунин шарҳ дод:       

–  Агар гӯем, ки аз оғози сол ба шарофати дастгириҳои Сардори давлат нисбат ба соҳибкорон иқтидори саноатии вилоят нерую нафаси тоза мегирад, хато нахоҳем кард. Давоми соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 22 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ таъсис ёфта, 129 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Ҷайҳун, Вахш, Данғара ва Восеъ аз ду то панҷ корхонаю коргоҳ мавриди истифода қарор дода шуд.  
Айни замон, танҳо дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва “Панҷ” сохтмони 14 корхонаи саноатӣ, амсоли корхонаҳои коркарди саноатии хӯроки чорво, нафт, зағири техникӣ, меваҷот, истеҳсоли конструксияҳои металлӣ, намак, маҳсулоти оҳану бетон, хишт, рангҳои сохтмонӣ, молҳои саноатӣ, қубурҳои пластикӣ, чуткаи дандоншӯӣ, равғани офтобпараст, пойафзоли резинӣ ва бунёди анборҳои нигоҳдорӣ босуръат идома дорад.
То таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне то соли 2021 баҳри боз ҳам зиёд кардани номгӯи маҳсулоти саноатии вилоят аз ҳисоби маблағҳои Фонди ҷумҳуриявии дастгирии соҳибкорӣ ва сармояҳои хусусию маҳаллӣ бунёди 75 корхонаи калону миёна дар назар аст. Азбаски Хатлон вилояти аграрист, зимни эъмори ин корхонаҳо ба самти коркард ва парвариши меваю сабзавот, пилла, нахи пахта, пашму пӯст, истеҳсолоти нассоҷӣ, кимиёӣ ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ афзалият дода мешавад.
Аллакай дар ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ ва Фархор сохтмони корхонаҳои шишабарорӣ (иқтидори солонаи истеҳсолиаш 700 ҳазор тонна), кошин (300 ҳазор метри мураббаъ), эмулсияҳои ранга (15 ҳазор тонна), пахташиша (170 ҳазор метри мукааб),  конструксияҳои металлӣ (300 ҳазор тонна), коркарди маҳсулоти нафтӣ (1,2 миллион тонна), пахта (30 ҳазор тонна) ва дигар иншооти истеҳсолӣ идома дорад ва дар ин замина таъсиси зиёда аз 1700 ҷойи кори доимӣ дар назар аст.
Навиди фараҳбахши дигар ин аст, ки ягона корхонаи ресандагии шаҳри Кӯлоб - “Тента Кӯлоб”, ки тайи солҳои охир аз фаъолият монда буд, соли ҷорӣ пурра таҷдид гардид ва рӯзҳои наздик бо фароҳамоварии 80 ҷойи нави корӣ ба кор шурӯъ мекунад.
Зимнан, то соли 2021 дар маҷмӯъ 4 корхона ва коргоҳи коркарди пӯсту пашм, 4 корхонаи истеҳсоли пойафзол, 14 корхонаи қаннодӣ, 17 корхонаи коркарди ширу гӯшт ва 3 корхонаи коркарди пилла пешбинӣ шудааст. Дар ин замина зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа, ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии маҳсулоти саноати сабук аз ҳадафҳои асосӣ маҳсуб меёбанд.  
Бо назардошти имкониятҳои мавҷуда барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, назири заргарӣ, бофандагӣ, пойафзолдӯзӣ, кешбофӣ, дӯзандагӣ, ҷӯроббофӣ, ресандагӣ ва қолинбофӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардида, бо ин мақсад то соли 2021 бунёди 12 маркази дӯзандагӣ, 14 коргоҳи пухтупаз, 6 коргоҳи ресандагӣ ва 4 коргоҳи заргарӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аммо ин ҳадди охир нест. Иҷрои пурраю саривақтии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ, ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018 ва вохӯриҳо бо намояндагони аҳли ҷомеаи кишвар, хусусан дар самти гузариш аз мамлакати аграрию саноатӣ ба индустриалию аграрӣ, дода шудаанд, аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони шаҳру навоҳӣ, корхонаю муассисаҳо, масъулон ва хусусан, соҳибкорони бонангу номуси вилоят, иқдомҳои ватандӯстона ва андешидану амалисозии тадбирҳои наву муассирро  тақозо менамояд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2018    №: 132    Мутолиа карданд: 630
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед