logo

иқтисод

КИШОВАРЗӢ. ХОҶАГИЕ БАРОИ ИБРАТ

Деҳқонони хоҷагии ба номи Абдурауф Юсуфови шаҳри Ҳисор ба шарофати заҳматписандӣ, истифодаи оқилонаи замин ва ба даст овардани ҳосили баланд дар мамлакат ҳамчун мактаби таҷрибаи пешқадами кишоварзӣ ном баровардаанд.
Хоҷагӣ гуногунсоҳа буда, асоси фаъолияти онро бахшҳои чорводорӣ ва рустанипарварӣ ташкил медиҳанд.
Натиҷаи заҳмати пурсамари аҳли хоҷагӣ аст, ки соли 2017 чорводорон бо истифода аз имконоти мавҷуда нақшаҳои ба зимма гирифтаашонро бо сарбаландӣ иҷро намуданд. Аз ҳар сар гови ҷӯшоӣ ба ҷои 3679 - килоӣ 5040 - килоӣ шир истеҳсол гардид, ки баробари 137 дарсади нақшаи солона мебошад ва дар ҷумҳурӣ натиҷаи беҳтарин ба ҳисоб меравад. Дар маҷмӯъ, хоҷагӣ соли гузашта 67,1 тонна гӯшт ва 470,2 тонна шир истеҳсол намуд.   
Чунонки Исмоил Исроилов, директори хоҷагӣ, зимни суҳбат иброз дошт, айни ҳол комплекси нави ширию молии хоҷагӣ, ки бо технологияи ҳозиразамон муҷаҳҳаз аст, ба фаъолият оғоз намудааст. Роҳбарони хоҷагӣ ният доранд, ки барои фермаи нав боз 400 сар гови навъи сиёҳалои Голштейн бихаранд. Ин имкон фароҳам меоварад, ки боз 50 нафар бо ҷойи кор таъмин гардад.
Ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, махсусан баланд бардоштани маданияти истифодаи замин, тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Соли 2017 хоҷагӣ дар майдони 95 гектар замини обӣ пунбадонаи навъи «Дӯстӣ» кошта, 256, 4 тонна (105 дарсади нақшаи солона)  пахта ҷамъоварӣ намуд.  Соли равон дар асоси ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони замини кишти пахта ба 300 гектар расонда шуд.
Самти дигари фаъолияти хоҷагӣ боғу токпарварӣ мебошад. Боғи хоҷагӣ, ки дар майдони 58 гектар доман густурдааст, аҳолии ноҳияҳои атроф ва шаҳри Душанберо бо меваҳои шаҳдбору хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза баҳравар мегардонад.
- Айни ҳол дар хоҷагӣ 207 корманди доимӣ ва зиёда аз 200 корманди мавсимӣ фаъолият менамоянд. Мо, аҳли заҳмати хоҷагӣ, нақша дорем, ки бо меҳнати босамари дастаҷамъона дар иҷрои супоришҳои Сарвари давлат ва таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзандаи худро гузорем, - гуфт И. Исроилов.   
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.07.2018    №: 134    Мутолиа карданд: 488
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед