logo

иқтисод

МАСЪУЛОН СУПОРИШИ ҚАТЪӢ ГИРИФТАНД

Посух ба мақолаи «Хатлон. Қариб 5200 гектар замини обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монд», ки 18.01.2018 дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ва рафъи камбудиҳои дар матлаби мазкур дарҷёфта дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори соҳа корҳои муайянеро ба анҷом расонд.
Тибқи маълумоти фаврии сарраёсати кишоварзии вилоят, то 18 майи соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои обӣ ва ба даст овардани ҳосили фаровон дар майдони 301 ҳазор гектар зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 128,8 ҳазор гектар ғалладона,  123,2 ҳазор гектар пахта, 19501 гектар сабзавот, 6394 гектар картошка, 6072 гектар рустаниҳои хӯроки чорво, кишт шудааст, ки иҷрои дурнаморо 100,9 фоиз таъмин намуд.
Айни замон, дар вилоят ҳамагӣ 311920 гектар замини обӣ мавҷуд буда, масоҳати замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда 5199,4 гектар ё 1,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ 4255,4 гектар замини корами обӣ ва 944 гектар замини корами лалмӣ бо сабабҳои гуногун - дар натиҷаи шӯршавӣ 675,6 гектар, аз кор баромадани шабакаҳо ва иншооти обёрӣ 574,2 гектар, селоб зер кардан 542,9 гектар, нагузарондани корҳои мелиоративӣ 50,2 гектар, таъмир ва таҷдиди ҷории шабакаҳои обёрикунанда 70,3 гектар, набудани об барои обёрӣ 155,9 гектар ва корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ 2186,3 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст.
Ҷиҳати ҳалли бетаъхири масъалаи мазкур аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони идораҳои дахлдор супориши қатъӣ дода шудааст. Инчунин, барои аз гардиши кишоварзӣ берун мондани қитъаҳои замин масъулон ва мутасаддиён ҷазоҳои мувофиқ гирифтанд. Баъзе қазияҳои баҳсӣ оид ба беэътиноӣ дар истифодаи замин барои баррасӣ ба суди иқтисодии вилоят пешниҳод шуданд.
Ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оқилона истифода бурдани замин зери назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад. Умед аст, ки ҳамкориҳои мо бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба хотири мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ тақвият меёбанд.
С. ЗИЁЗОДА,
муовини аввали раиси вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.07.2018    №: 134    Мутолиа карданд: 494
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед