logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН – ЧИН – ПОКИСТОН. ДАҲЛЕЗИ ТИҶОРАТИИ ОСИЁ ВА ҶАҲОН

Барои рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат истиқлолият ва таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ шарти асосӣ ба шумор меравад,  зеро бе рушди ҳамкорӣ рушди бахшҳои дигар  мушкил аст.  Ҳамкорӣ ва равобити кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Шарқию Марказӣ имконоту тавоноиҳои хеле зиёд ва, аксаран, кашфношуда доранд, истифодаи оқилонаи онҳо ба нафъи тамоми кишварҳои ин минтақа мебошад.

Кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз ҷумла Афғонистон, Покистон ва Чин аз лиҳози ҷуғрофӣ бо Осиёи Марказӣ, хусусан бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, пайванди сарҳадӣ дошта, минтақаро бо уқёнуси Ҳинд мепайванданд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ асосан баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ (1991) бо мамолики ҷаҳон робитаҳои мустақими сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намуданд ва аз ҳамон вақт инҷониб минтақа аҳамияти стратегии худро дар Шарқу Ғарб намоиш дод.
Мавқеъҳои ҷуғрофӣ ва сиёсии Осиёи Марказӣ барои бозкушоии масирҳои тиҷоратӣ бо манотиқи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мувофиқанд. Лоиҳаи "Даҳлези иқтисодии Чину Покистон" яке аз барномаҳои муштараки иқтисодии минтақа мебошад, ки тавассути амалисозии он масири тиҷоратии онҳо  тавсеа ва рушд меёбад. Дар ин росто, лоиҳаи мазкур аҳамияти муҳими тиҷоратӣ дошта, аз ҷониби роҳбарони ин кишварҳо мавриди дастгирӣ қарор гирифтааст ва амалисозии он имконоти нави иқтисодиро дар пайвасти роҳи тиҷоратии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Чин, Ӯзбекистон ва Туркманистон фароҳам меорад.
Дар ин масир аксари роҳҳо аз самти Покистон ба Осиёи Марказӣ тавассути Кобул ё долони Вахон, ки хатсайри муштараки тиҷоратии қадимӣ мебошад, мегузаранд. Эҳёи ин масири тиҷоратии таърихӣ ба манфиати иқтисодии тамоми кишварҳои минтақа буда, симои аслии Роҳи абрешимро дубора эҳё менамояд.
Лоиҳаи "Даҳлези иқтисодии Чину Покистон" василаи навест, ки тавассути он, хусусан бандари “Тводар”, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар фурсати кӯтоҳ моли содиротии худро ба ҷаҳониён расонда метавонанд.
Дар ин масир лоиҳаи дигар - “Масири тиҷоратии Пешовар – Кобул –Тоҷикистон” низ тарҳрезӣ шудааст, ки амалисозии он ба манфиати тамоми мамолики минтақа ва Федератсияи  Русия мебошад.
Кишварҳои Осиёи Миёна, ки роҳи озоди тиҷоратии баҳрӣ надоранд, тавассути  амалӣ сохтани ин лоиҳаҳо метавонанд бо тамоми ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои ҳавзаи уқёнуси Ҳинд, бипайванданд.
Барои таҳким ва устувории лоиҳаи мазкур ҳамкорӣ ва ҳамгироии байни кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ хеле муҳим аст. Аз тарафи дигар, Ҳиндустон, ки  кишварҳои Осиёи Марказиро чун наздикони берунӣ ва ҳамсоягон шинохтааст, равобитро бо ин минтақа аз авлавиятҳои иқтисодию тиҷоратии худ қарор додааст. Ҳиндустон, ҳамчунин, барои рушди робитаҳо бо Осиёи Марказӣ, иқдомҳои назаррас зоҳир менамояд, ки таҳияю амалисозии лоиҳаи “Бандари Чобаҳор” аз ҷумлаи онҳост.
Чин, ки  таърихи қадима ва таҷрибаи хуби равобити байналмилалии иқтисодӣ дорад, барои таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ талошҳои пайваста менамояд.
Дар маҷмӯъ Осиёи Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ дар асри XXI ба яке аз минтақаҳои асосии сайёра табдил меёбад. Айни ҳол, ҳиссаи минтақа якҷо бо кишварҳои дигари Осиё дар   маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон 52 дарсадро ташкил медиҳад.
Мирсаид РАҲМОНОВ,
коршиноси масъалаҳои АвруОсиё


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2018    №: 136    Мутолиа карданд: 827
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед