logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ШАҲРЕ, КИ БОЯД ДӮСТ ДОШТ

Шаҳри Душанбе ҳамчун маркази фарҳангии кишварамон наздики як аср мешавад, ки дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон нақши хосаву муҳимро мебозад. Тибқи маълумоти таърихӣ дар охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ дар Душанбе қалъаи мир, қозихона, дорухона, шифохона ва чойхона  мавҷуд буданд.
Душанбе тадриҷан ба маркази илму фарҳанг табдил ёфта, тамоми довталабон аз гӯшаю канори Тоҷикистон барои таҳсил ва омӯзиши касбу ҳунар ба ин ҷо меоянд. Рисолати бузурге, ки бар дӯши пойтахт вогузор гардид, ин таълиму тарбияи насли нав буд. Насле, ки пойтахтро ҷои зисту фаъолият қарор дода, дар ҳаёти илмиву фарҳангиву адабӣ нақшу саҳми муносиби хешро гузошт.
Душанбе дар замони соҳибистиқлолӣ симои худро ба куллӣ дигар намуда, ба маркази чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, сайругашти сайёҳон, маркази илму фарҳанг, сиёсату тиҷорат ва пайвандгари тамоми манотиқи Тоҷикистон табдил ёфт.
Мавриди зикр аст, ки соли 2016 шаҳри Душанбе ба ҷоизаи «Шаҳри сулҳ» - и Бунёди «Роҳи абрешим» сазовор дониста шуд. Ин мужда зимни баргузории Намоиши байналмилалии «Рассомон баҳри сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» дар шаҳри Душанбе баён гардид. Зимни супурдани ҷоиза Ченг Гуопинг, мушовири Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, чунин иброз дошт: «Шаҳри Душанбе барои таъмини суботу оромӣ, амнияту хизматрасонии осоиштаи қишрҳои ҷомеа, гуфтугӯи тамаддунҳо ва рушди бомароми иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо ҷоизаи мазкур сарфароз гардонда шуд». Мавриди зикр аст, ки аввалин ҷоизаи байналмилалиро шаҳри Душанбе ҳанӯз соли 2004 соҳиб гардида буд. Ин ҳам бошад, Ҷоизаи «Шаҳри сулҳ» - и ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором барои саҳми намоён дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамраъйӣ дар ҳаёти ҳамарӯза маҳсуб меёбад.
А. ҚУРБОНИЁН, муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2019    №: 75    Мутолиа карданд: 446
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед