logo

иҷтимоиёт

155 ИНШООТИ ҶАШНӢ. БАРДОШТ АЗ ТАМОШОИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати иҷрои ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъат додани корҳои ободонию бунёдкорӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 155 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Тавре Абдуҷаббор Баҳодурзода, раиси ноҳия, зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзнома гуфт, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ин ҷашни миллӣ бунёди 6 муассисаи таълимӣ, 2 кӯдакистон,  бинои маъмурӣ, 8 майдончаи варзиш, маркази ташхисию табобатӣ, 25 бунгоҳу 5 маркази тиббӣ, 7 дорухона, 20 нуқтаи хатнакунии кӯдакон, 2 меҳмонхона, 14 сартарошхона, 14 кошонаи ҳусн, 7 ҳаммом, 2 сардхона, қасри фарҳанг, дарвозаи даромадгоҳи ноҳия, коргоҳу корхонаҳои сементбарорӣ, коркарди шир, атласу адрас ва қолинбофӣ, дӯзандагӣ, дӯхти либосҳои мактабӣ  ва 28 дукони ҳунарҳои мардумӣ дар назар аст.
То имрӯз 20 иншоот бунёд шуда, айни ҳол мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
- Айни ҳол мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва тамоми сокинони заҳматпешаи ноҳия баҳри иҷрои дастуру  супоришҳои  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, иҷрои нақшаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва истиқболи сазовори Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош доранд, - гуфт А. Баҳодурзода.
Қурбон АҲМАДЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2019    №: 77    Мутолиа карданд: 469
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед