logo

сиёсат

МУСОҲИБАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ХАБАРНИГОРОНИ РАСОНАҲОИ ИТТИЛООТИИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

22 апрели соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони шабакаи телевизиони “Си Си Ти Ви”, Агентии иттилоотии “Синхуа” ва нашрияи бонуфузи “Женмин Жибао” - и Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоҳиба анҷом доданд.
Тоҷикистон ва Чин ҳамсояҳои наздик ва шарикони боэътимоди стратегӣ мебошанд. Самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаро бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ташкил медиҳанд. Ҳар ду ҷониб дар арсаи байналмилалӣ ҳамкории босамарро ба роҳ монда, аъзои ташкилотҳои бонуфузи олам, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай, мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъоли узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз роҳбарони ташаббускори ҳалли мушкилоти байналмилалию минтақавӣ, инчунин, саҳмгузори рушди муносибатҳои ҳамкории кишварҳои аъзо, мебошанд.
Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша тарафдории худро оид ба рушду густариш ва таҳкими муносибатҳо бо Чин дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаи ҷонибҳо бар нафъи аҳли башар иброз медорад. Аз ҷумла, кишвари мо ҷиҳати рушду тавсеаи бештари ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи ташаббуси таърихии “Як камарбанд - як роҳ” ва эҳёи Роҳи бузурги абрешим ҳавасмандии зиёд зоҳир намуд.
Бо дарназардошти мавқеи муҳиму устувори кишвари мо дар амалӣ кардани ҳадафи ояндадори ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ” хабарнигорони шабакаҳои бонуфузи иттилоотии Чин қабл аз баргузории ҳамоиши сарони давлатҳои Тоҷикистон, Чин ва дигар кишварҳои иштирокчии ин иқдом дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе мусоҳиба анҷом доданд.
Зимни суҳбат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳо ва афзалияти ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ” дар таъмини рушди устувору бемайлони иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, дар бораи аҳамияти баргузории ҳамоиши сарони давлатҳо, вазъи феълии муносибатҳои дӯстию ҳамкории кишварҳои шарики стратегӣ - Тоҷикистону Чин, саҳми Тоҷикистону давлати ҳамсоя дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ ба манфиати мардумони ду кишвар, инчунин, дигар самтҳои равобити дуҷониба, ба саволҳои хабарнигорони Чин посухҳои мушаххасу пурмуҳтаво доданд.
Мавриди зикр аст, ки мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони чинӣ дар Шабакаи телевизиони ССТV-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, сомонаҳои интернетӣ, Агентии иттилоотии “Синхуа”, рӯзномаи калонтарини Чин “Жэнмин Жибао” ва дигар васоити ахбори омма ба таври васеъ инъикос гардид ва то имрӯз, аллакай, миллионҳо нафар аз мазмуну муҳтавои ин суҳбат огаҳӣ пайдо карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2019    №: 77    Мутолиа карданд: 453
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед