logo

иҷтимоиёт

 ХАТЛОН. МУШКИЛОТИ ЗИЁДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

«Ҷумҳурият» аз 14 феврали соли 2019
 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон мақолаи «Хатлон. Мушкилоти зиёди соҳаи тандурустӣ», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Ба иттилои шумо мерасонем, ки баҳри ҳифзи саломатии шаҳрвандон дар ноҳия 97 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта, ба аҳолӣ хизматрасониҳои тиббию санитарӣ мерасонанд. Дар муассисаҳои тандурустии ноҳия 1143 нафар корманд фаъолият менамояд, ки аз он 199 нафар духтурони дорои маълумоти олӣ ва 944 нафар кормандони миёнаи тиб мебошанд.
Дар ҳақиқат, дар соҳаи тандурустии ноҳия мушкилоти норасоии кадрҳо ҷой дошта, алҳол дар муассисаҳои тандурустӣ 15 момодоя, 16 мутахассиси тибби оилавӣ, 2 табиби шуошинос, 1 нарколог, 1 табиби соҳаи физиотерапия, 1 оморшинос, 1 равоншинос, 1 гистолог, 1 эксперти судӣ ва 8 ҳамшираи тиббӣ намерасад.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси Нақшаи стратегии рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, бунёди бунгоҳу дармонгоҳҳои нав, инчунин, таъмин кардани онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ мунтазам чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст.
Дар соли 2018 марказҳои саломатии деҳоти Кӯлобод, Дӯстӣ ва Ширинчашма аз тарафи лоиҳаи беҳтаргардонии хизматрасонии тиббии Бонки умумиҷаҳонӣ ва моҳи марти соли 2019 бунгоҳи саломатии деҳаи Заркамар бо дастгирии соҳибкорон ва саҳми маҳал сохта ба истифода дода шуд.
Айни ҳол сохтмони маркази саломатии деҳоти Чормағзак ва Бӯстон дар доираи лоиҳаи мазкур давом дорад, ки дар давоми соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад. Аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва бо тарзи ҳашар сохтмон ва навсозии бунгоҳи саломатии деҳаи Оби мукӣ давом дорад ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон минбаъд низ ба таҳкиму ташаккули соҳаи тандурустӣ диққати ҷиддӣ дода, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мушкилоти соҳа дар муддати кӯтоҳ бартараф гардад.
 
Амирбеки ТЕМУР,
раиси ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2019    №: 96    Мутолиа карданд: 446
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед