logo

иқтисод

"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". НАТИҶАҲОИ ТАТБИҚИ ДУ МАРҲИЛАИ ЛОИҲА

Чанде қабл, бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи марҳилаҳои якуму дуюми лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар ноҳияҳои пилотӣ - Фархор, Темурмалик ва Данғара шинос шуданд.

Маҳмасаид Холиқов, роҳбари ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагони «Меҳр» - и деҳаи Истиқлоли деҳоти Зафари ноҳияи Фархор зимни суҳбат ба рӯзноманигорон гуфт, ки аҳолии деҳа аз сабаби норасоии техника ва мошинолоти кишоварзӣ кишт, коркард ва ҷамъоварии зироатҳои хӯроки чорворо сари вақт ба анҷом расонда наметавонистанд.
 - Бо мақсади ҳалли ин ва дигар мушкилиҳо моҳи марти соли 2017 дар доираи татбиқи лоиҳа ҷамъияти  чарогоҳистифодабарандагони «Меҳр» таъсис ёфт. Соли гузашта аз ҷониби Муассисаи  давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ба мо трактори тамғаи ЮТО - 1004, таҷҳизоти алафтойкунак, испор ва алафдараваки ротории тракторӣ тақдим гардид ва ҳоло чорводорон дар корҳои хоҷагӣ аз онҳо васеъ истифода мебаранд, - гуфт ӯ.
- Саршумори чорвои ширдеҳи деҳа беш аз 5 ҳазор сарро ташкил медиҳад. Барои хушзот кардани чорво дар доираи татбиқи лоиҳа ба чорводорон 15 сар қӯчқори зоти ҳисорӣ тақсим карда шуд. Давоми соли сипаришуда ва соли равон бо истифода аз қучқорҳои зоти ҳисорӣ 300 сар меш бордор карда, аз онҳо 280 сар барраи хушзот гирифта шуд. Ҳамчунин, дар деҳа корхонаи хурди мевахушккунӣ сохта ба истифода дода шуд ва 12 бонуи хонашин соҳиби ҷойи кори мавсимӣ гашт, - гуфт Юсуф Муродов, мушовир оид ба корҳои агротехникии лоиҳа.
Барои ривоҷи кор кормандони ҷамъият соли 2018 дар майдони як гектар замин ниҳоли хуч шинонданд. Ниҳолҳо бо усули муосир нигоҳубин карда мешаванд.  Парвариши ин дарахт манфиатовар аст, зеро нӯшобае, ки аз меваи  хушки он омода карда мешавад,  дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ харидорони зиёд дорад.Дар нақша аст, ки масоҳати хучзорро зиёдтар намоянд.
Моҳсафар Тоҷиддинова, сокини деҳа, то ташкил шудани ҷамъият хонашин буд. Беш аз ду сол аст, ки дар ҷамъият кор мекунад.
– Мо, як гурӯҳ занони хонашин, дар байни қаторҳои боғи хуч ба кишти сабзавот ва полизӣ, ҳамчунин, хушксозӣ ва бастубанди мева машғул шуда, аз ҳисоби ин даромади иловагӣ рӯзгори худро таъмин месозем, - гуфт М. Тоҷиддинова.
Баробари ин, 20 хонаводаи деҳа  ба миқдори муайян бо тухмиҳои хушсифати зироати хӯроки чорво ва нуриҳои минералӣ таъмин гашта, дар масоҳати 6,4 гектар замини лалмӣ зироати хӯроки чорво кишт карданд.
Абдулаҳад Хоҷаев, муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», иброз дошт, ки соли равон дар деҳа барои беҳтар намудани вазъи экологӣ, аз таназзулёбӣ нигоҳ доштани чарогоҳҳо ва гирифтани даромади иловагӣ дар як гектар бо истифода аз 300 зарфи махсуси сарфакунандаи об - «Waterbox» («Ватербокс», истеҳсоли Ҳолланд) ниҳоли писта шинондем. Бо мақсади таҷриба дар назди ниҳоли писта харбуза ва помидор низ кишт карда шуд, ки аз намии «Ватербокс» баҳра бурда, ба гулкунӣ даромадаанд.
Тибқи маълумот, соли 2007 ихтироъкори ҳолландӣ Петер Хофф таҷҳизоте сохт, ки он ба қуттии мудаввари пластикӣ монанд буда, обро захира ва тавассути пилта ба решаи навниҳолон медиҳад. Бо ҳар як таҷҳизот як ё ду ниҳолро сероб кардан мумкин аст. Ниҳол аз оби захираи қуттӣ, ки 15 литрро ташкил медиҳад, намӣ гирифта, реша медавонад. Ин таҷҳизотро барои таҷриба истифода бурда, дар 65 гектар замини биёбони Саҳрои Кабири Африқо ниҳолҳои гуногун шинонданд ва ҳоло 80 - 90 дарсади ниҳолҳо реша давонда, сабз шудаанд. Ин дар ҳолест ки қаблан, сарфи назар аз обёрии ҳаррӯза, ҳатто панҷ дарсади ниҳолҳо реша намегирифтанд, яъне 95 - 97 дарсади онҳо хушк мешуданд. Бо истифода аз «Ватербокс» бошад, дар маҷмӯъ, 25 номгӯ дарахту бутта дар биёбони асрҳо сӯхта нашъунамо карданд.
- Бартарии «Ватербокс» дар он аст, ки ин таҷҳизотро барои парвариши чанд ниҳоли дигар низ истифода кардан мумкин аст. Муҳлати истифодаи он 10 – 12 сол мебошад. Баъди реша давондани ниҳол - солҳои дуюму сеюм «Ватербокс» - ро аз замин гирифта, барои парвариши ниҳоли дигар истифода кардан имкон дорад. Таҷҳизот ба гармию сардӣ тобовар буда, решаи навниҳолонро аз зарари ҷонварони хоянда низ эмин медорад. Ҳоло кишварҳои Африқои Шимолӣ ва Чин «Ватербокс» - ро васеъ истифода мебаранд. Дар ИДМ бори аввал таҷҳизоти мазкурро кишвари мо дар доираи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳ» таҷриба намуд, - гуфт Тӯрақул Муродов, ҳамоҳангсози лоиҳа.
- Агар ягон муассисаи давлатӣ, корхона, ширкат ё соҳибкори инфиродӣ воридсозӣ ё истеҳсоли «Ватербокс» - ро ба роҳ монад, хоҷагиҳои лалмӣ аз хариди он бурд хоҳанд кард, зеро истифодаи он назар ба кашидани хати об ва обёрии чандинкаратаи ниҳолҳо бамаротиб арзон афтида, хароҷотро зуд ва бо фоидаи зиёд мепӯшонад, - гуфт Абдураҳмон Дамонов, мушовир оид ба рушди ҷомеаи маркази идораи лоиҳа.
Тавре дар деҳаи Ҳасанбеки Ҷамоати деҳоти ба номи Саидмуъмин Раҳимови ноҳияи Темурмалик ба ҳайати рӯзноманигорон иттилоъ доданд, масоҳати умумии заминҳои деҳа 1000 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 400 гектар  чарогоҳ ва 600 гектар заминҳои корами лалмианд. Дар деҳа 202 хоҷагӣ ба сар мебарад. Саршумори чорвои шартии деҳа 4 ҳазору 523 сарро ташкил медиҳад. Соли 2017 бо ибтикори муассиса дар деҳа ҳавзи захираи оби нӯшокӣ барои  чорво сохта шуд. Барои ҳалли мушкилоти деҳа ва бароварда сохтани дархости сокинон маркази идораи лоиҳа ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагонро бо як трактори тамғаи МТЗ, ядак, испор, алафдараваки роторӣ ва барои барқарорсозии ҳолати табиии чарогоҳ бо симтӯру пояҳо ва ашёи дигари сохтмонӣ таъмин кард.
Ба хабарнигорон дар деҳаи Остонаи Ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара гуфтанд, ки дар деҳа соли 2017 ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагони «Остона» ба фаъолият шурӯъ кард. Моҳи сентябри соли гузашта маркази идораи лоиҳа аъзои ҷамъиятро бо новаҳо ва ҳавзи обхӯрию шустушӯи чорво таъмин намуд. Арзиши ин иншоот тақрибан 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Чорводорӣ барои сокинони деҳаи Остона шуғли асосӣ ба шумор рафта, саршумори чорвои шартии деҳа 9 ҳазору 792 сарро ташкил медиҳад. Дар доираи маблағгузории грантии марҳилаи дуюми лоиҳа сокинони деҳа бо як трактори тамғаи МТЗ 82/1,  тойбанд, испор ва алафдараваки роторӣ таъмин гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (ФБРК) маблағгузорӣ мегардад. Мақсади асосии лоиҳа паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолии ноҳияҳои фарогир мебошад. Ҳоло марҳилаи дуюми лоиҳа мавриди амалисозӣ қарор дорад ва он шаҳру ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ ва Кӯлобро фаро мегирад.

Кароматулло АТО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.07.2019    №: 138    Мутолиа карданд: 947
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед