logo

маориф

МАОРИФ. ДАСТОВАРДҲОИ НАВИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК

Чанде пеш дар шаҳри Бати Британияи Кабир 60 - умин Олимпиадаи ҷаҳон аз фанни математика  («60th IMO 2019») баргузор гардид. Дар он 642 хонанда аз 112 кишвари дунё иштирок намуд ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҷаҳонгир Урақов, хонандаи литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Наимҷон Хонҷонов, Шоҳрух Исоматов, Ҷамшед Рустамов, Шоҳрухи Маҳмадҷон ва Вазир Пиров,  хонандагони литсей - интернати тоҷикӣ – русии  «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе, муаррифӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти олимпиада Наимҷон Хонҷонов сазовори ҷои дувум (медали нуқра), Ҷаҳонгир Урақов ҷои сеюм (медали биринҷӣ), Шоҳрух Исоматов ва Ҷамшед Рустамов бо сипосномаи кумитаи тадорукоти олимпиадаи мазкур сарфароз гардиданд.
Моҳи гузашта дар шаҳри Тел - Авиви  Исроил ҳамин гуна Олимпиада аз фанни физика («50th IPhO 2019») доир шуд. Дар он хонандагон аз 78 кишвари дунё иштирок намуданд ва Тоҷикистонро 5 хонанда муаррифӣ кард. Дар ҷамъбасти он хонандагони литсей – интернати тоҷикӣ – русии  «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе Далер Пиров ва Фараҳманд Ҳасанов сазовори ҷои сеюм (медали биринҷӣ) ва Иззатулло Юсуфов, хонандаи литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе сазовори ифтихорномаи кумитаи тадорукот гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки хонандагони кишвар аз аввали сол дар 17 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар Россия, Қазоқистон, Беларус, Таиланд, Малайзия, Руминия, Италия, Ҳиндустон, Латвия, ИМА, Исроил ва Англия баргузор шуданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 204 медал, аз ҷумла 49 тилло, 57 нуқра ва 98 биринҷӣ, гардиданд.
Б. БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2019    №: 144    Мутолиа карданд: 2202
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед