logo

иқтисод

ВАЗОРАТ ТАЛОШ ДОРАД...

Матлаби «Дунёи нав». Ҳоли табоҳи корхонае, ки 500 коргар дошт», ки 21 июни соли 2019 дар  рӯзномаи «Ҷумҳурият», № 117 (23 720) ба чоп расидааст, дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
29 марти соли 2017 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 тасдиқ шуд. Мақсад аз қабули барнома, бунёди корхонаҳои нав, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нав, ташкили сарчашмаҳои нави андозбандӣ, муҳайё намудани ҷойҳои корӣ, бакорандозии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот мебошад.
Фаъолияти истеҳсолии ҶДММ "Дунёи нав АСК» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳамин барнома оғоз гардид. Бинои корхона аз 8 ошёна иборат буда, пурра бо дастгоҳу таҷҳизоти дӯзандагии истеҳсоли ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Корхона давоми соли 2016 ба маблағи 13,1 ҳазор сомонӣ ва соли 2017 ба маблағи 116 ҳазор сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ истеҳсол намудааст.
Дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор рӯйхати корхонаҳои аз фаъолият бозмонда тартиб дода шудааст. Бинобар сабаби фаъолият надоштан дар соли 2018 корхонаи «Дунёи нав АСК» низ ба ин рӯйхат дохил гардидааст.
Ҳоло Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҳамкорӣ бо дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди саноат лоиҳаи Навсозӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бахши қолинбофӣ ва сӯзанидӯзӣ дар кишварро роҳандозӣ намудааст. Бо мақсади ворид намудани корхона ҳамчун иштирокчии лоиҳаи болозикр дар асоси муроҷиати ҶДММ «Дунёи нав АСК» бо масъулини корхона гуфтушунид анҷом дода шуд ва айни ҳол аз ҷониби гурӯҳи кории лоиҳа, тибқи тартиби муқарраргардида, барои шомил намудани корхона ҳамчун иштирокчии лоиҳа чораандешӣ шуда истодааст.
ҶДММ «Дунёи нав АСК» корхонаи хусусӣ буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян кардани самтҳои асосии фаъолияти ҷамъият ба салоҳияти махсуси маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият вогузор шудааст. Бинобар ин, таъмини раванди фаъолияти муназзами корхона аз кордониву ташаббускории роҳбари он вобаста мебошад.
Тибқи иттилои масъулини корхона, ҳоло дар ин ҷо барои кормандони ташкилоти амонатии қарзии «Имон Интернешнл»  либоси ягона ва барои кормандони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон либоси кории махсус медӯзанд. Моҳҳои январ – июни соли 2019 «Дунёи нав АСК» ба маблағи 86 ҳазор сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ истеҳсол намудааст, ки, албатта, назар ба имкониятҳо хеле кам аст.
Тибқи маълумот, шумораи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе беш аз 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар доираи эҳтиёҷоти худ пешниҳоди фармоиш ба корхонаҳои дӯзандагӣ яке аз омили муҳими  фаъолияти мунтазами корхонаҳо, воридоти маблағҳои иловагӣ ба Буҷети давлатӣ ва тақвияти раванди воридотивазкунӣ ба шумор меравад, аз ҷумла барои «Дунёи нав».
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  талош дорад, ки барои иҷрои ҳадафҳои миллии стратегӣ чораҳои зарурӣ андешида, баҳри рушди соҳаи саноат, ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои бештар ҷалб намудани фармоишоти давлатӣ ба корхонаҳои саноатӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳамкориро бештар тақвият диҳад.
Заробиддин ФАЙЗУЛЛОЗОДА, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2019    №: 156    Мутолиа карданд: 969
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед