logo

иҷтимоиёт

СУҒД. АВЛАВИЯТ БА СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

То Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 577 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла шуъбаҳои марказҳои табобатӣ, беморхонаҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Айнӣ, Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Кӯҳистони Мастчоҳ Истаравшан, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳ, мавриди истифода қарор мегирад. Айни замон сохтмону таъмири як қатор иншооти ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ давом дорад.
Тавре аз раёсати тандурустии вилояти Суғд ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, соли равон бояд 23 беморхона, 83 бунгоҳи саломатӣ, 61 маркази саломатӣ, 14 таваллудхона, 55 нуқтаи хатна барои писарбачаҳо ва 35 дорухона бунёд ва таъмир карда шавад.
Давоми ним сол корҳо дар 9 беморхона, 24 бунгоҳи саломатӣ, 17 маркази саломатӣ, 10 таваллудхона, 24 нуқтаи хатна ва 21 дорухона ба итмом расиданд. Бо маблағгузории идораи сохтмони асосии вилоят  сохтмони бинои нави дорои 3 ошёна ва таҳхонаи беморхонаи ноҳиявии №3 - и Ҷамоати деҳоти Ҳ. Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, маркази саломатии «Меҳробод» - и ноҳияи Мастчоҳ ва бунгоҳи саломатӣ дар шаҳри Панҷакент ба итмом расид. Дар ин давра бо дастгирии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят дар беморхонаи клиникии вилоятии ба номи С. Қутфиддинов варзишгоҳи «Табибон» низ сохта ба истифода дода шуд.
Айни замон сохтмони бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо маблағгузории идораи сохтмони асосии вилоят дар шаҳраки Меҳрон идома дорад. Бинои беморхона дуошёна буда, дорои 40 кати табобатист. Инчунин, дар деҳаи Роғи Ҷамоати деҳоти Лангари ҳамин ноҳия бинои шуъбаи табобатии беморхонаи марказӣ барои 20 кат бунёд шуда истодааст. Сохтмони он соли гузашта оғоз гардида, дар он бахшҳои таваллуд, бемориҳои кӯдакон ва амрози дарунӣ ҷой мегиранд.
Маҷмааи модару кӯдаки беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич, ки  дорои 160 кат аст, рӯзҳои наздик ба истифода дода хоҳад шуд. Бинои маҷмаа дуошёна буда, дар ошёнаи якум шуъбаҳои ҷарроҳии кӯдакон ва амрози кӯдакон, эҳёи кӯдакон, эҳёи калонсолон, ҳуҷраҳои озмоишӣ ва амалиёти ҷарроҳӣ, дар ошёнаи дуюм шуъбаҳои таваллуд ва амрози занона ҷойгиранд. Инчунин, сохтмони бинои нави маркази саломатии деҳоти Яхтан бо маблағгузории идораи сохтмони асосии вилоят идома дорад.
Ҳамзамон, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти зиддиядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳо ва ташкилоти МАГАТЭ дар маркази саратоншиносии вилоят дастгоҳи радиотерапевтӣ пурра васл шудааст ва марказ ба фаъолият омода мебошад. Дар доираи лоиҳаи ҳамкории техникии «Таъмини хизмати радиотерапевтӣ дар маркази онкологии вилояти Суғд» 3 нафар табиби марказ ва панҷ корманди озмоишгоҳи шуъбаи нахустини табобати нурӣ дар муассисаҳои саратоншиносии хориҷи кишвар ихтисосашонро такмил дода, соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд. Таҷҳизондани марказ бо дастгоҳи муосири радиатсионӣ (брахиотерапия) ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҳафт моҳи соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо барои муассисаҳои тиббӣ ба маблағи 9,9 миллион сомонӣ таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ дастрас карда шуд.
Бо қарори раиси вилоят баҳри харидани таҷҳизоти тиббӣ барои муассисаҳои тиббии ноҳияҳои Деваштич ва Кӯҳистони Мастчоҳ 3 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
Айни ҳол дар вилоят 936 муассисаи тандурустии давлатӣ фаъолият дорад. Ба аҳолии вилоят 5143 табиб ва 17393 корманди миёнаи тиббӣ хизмат мерасонанд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2019    №: 158    Мутолиа карданд: 1000
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед