logo

иҷтимоиёт

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. ИМТИЁЗҲО БА ХОТИРИ ПЕШРАФТАНД

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аҳамияти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ солҳои 2019 - 2021 - ро ба ин соҳаҳои муҳим бахшида, рушди инфрасохтори деҳотро низ илова намуданд. Имтиёзҳои муқарраргардида фаъолияти минбаъдаи ҳунармандонро осон карда, ба муаррифии бештари миллат низ мусоидат менамоянд.

Махсусан, ҳунармандоне, ки дар шароити хона маҳсулот истеҳсол мекунанд, имтиёзҳои муайян доранд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш аз 22 декабри соли 2017 эълон дошта буданд: «Бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад».
Агар коргоҳ ё нуқтаи фурӯши маҳсулоти ҳунарманд дар ҳудуди замини наздиҳавлигӣ ва ё дар як қисмати хонаи истиқоматии шаҳрванд ҷойгир шуда бошад, аз андоз озод аст.
Ҳамчунин, Ҳукумати мамлакат барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ ба роҳ мондааст.
Истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона аз андоз озод аст. Ба рӯйхати ин намуд молу мавод нон, кулчақанд, шириниҳои гуногун, чакан, атласу адрас, тоқӣ, косаву табақҳои чӯбию сафолӣ, армуғонҳои гуногуни миллӣ ва чандин маводи дигар шомиланд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» низ барои рушди минбаъдаи соҳа ёрӣ мерасонад. Ин қонун соли 2017 ба тасвиб расида буд. Дар он, аз байн бурдани низоми иҷозатномадиҳӣ ба намуди фаъолияти сайёҳии дохилӣ, зимнан, ба роҳ мондани тарзи содаи баҳисобгирии он, ташаккули намудҳои нави хизматрасонии сайёҳӣ, ба монанди сайёҳии кишоварзӣ, сайёҳии хонагӣ, саёҳати нақлиётӣ, фароҳам гардидани шароити мусоид барои иштироки сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ дар ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, ташкил гардидани намудҳои нави фаъолияти соҳибкорӣ дар назар дошта шудаанд.
Ҳамчунин, қонун боз чандин имтиёзҳоро барои ҳунармандон дар робита ба рушди сайёҳӣ пешниҳод мекунад, ки пайванди ҳуқуқиву иҷтимоии онҳоро бояд дарёфт. Дар робита ба масъалаи мазкур пешниҳод мекардем, ки ин ва дигар бартариҳои ибтикороти Ҳукумат ва Роҳбарияти Олии онро дар раванди дарсҳо, бахусус фанҳои касбу ҳунар ба хонандагони синни болои мактабӣ фаҳмонем. Аҳамияту судмандии ҳунар ва ҳунармандиро дар зеҳну тафаккури онҳо ҷо созем. То онҳо дар оянда бо истифода аз имкониятҳо ҳунару малакаи худро дар зиндагӣ татбиқ намуда, шароити иҷтимоии худро беҳтар намоянд.
Гулчеҳра САФАРОВА,
муовини директор оид ба таълим,
МТМУ № 24 - и ноҳия Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2019    №: 159    Мутолиа карданд: 639
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед