logo

туризм

АГРОТУРИЗМ. РУШДИ ОН РУШДИ ДЕҲОТ АСТ

Агротуризм (ё туризми деҳот) яке аз намудҳои сайёҳии экологист, ки нимаи аввали асри гузашта дар Аврупои Ғарбӣ ба вуҷуд омада, айни замон дар аксар манотиқи ҷаҳон босуръат инкишоф меёбад. Бахусус, дар Испания, Фаронса ва Италия рушду равнақи бештар касб кардааст.

Моҳияти аслии агротуризм истироҳату фароғат дар деҳот, шиносоӣ ба тарзи зисти сокинони маҳаллӣ, урфу одат, касбу кор, фолклор, иштирок дар мавсими киштукор ва ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Дар ин навъи сайёҳӣ таъминоти муваққатӣ бо ҷойи истиқомат, хӯрок, ташкили фароғат ва амсоли инҳо ба уҳдаи мардуми маҳаллӣ вогузор аст.
Бо назардошти он ки зиёда аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот умр ба сар мебарад, рушди туризми деҳот дар кишвар манфиатнок арзёбӣ мегардад. Чунин навъи сайёҳӣ барои мардум имкон фароҳам меорад, ки молу маҳсулоташонро бевосита дар макони зисташон ба фурӯш бароранд ва бо ин васила, сатҳи зиндагиашонро бамаротиб беҳтар созанд. Инчунин, рушди агротуризм ба ҳифзи табиат ва мероси фарҳангии аҳолии деҳот мусоидат хоҳад кард.
Абдукарим Қурбонов, сармутахассиси бахши котиботи Кумитаи рушди сайёҳӣ, зикр намуд, ки имрӯзҳо дар кишвари мо таваҷҷуҳ ба ин навъи сайёҳӣ меафзояд. Зеро барои ривоҷи он дар Тоҷикистон, ки дорои табиати биҳиштосо ва ёдгориҳои зиёди таърихӣ мебошад, имкониятҳо зиёданд.
- Ба хотири рушди сайёҳии деҳот, байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷоннок шуда истодаанд. Аз ҷумла, соли равон бо ибтикори кумита, бахшҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ мавзеъҳои сайёҳии деҳоти кишвар таблиғу ташвиқ гардида, хатсайрҳои нави туристӣ таъсис ёфтанд ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ҷамъоварию хушкондани меваҳо ҷалб гаштанд. Дар назар аст, ки ин тадбир дар мавсими ғунучини пахта низ ба роҳ монда шавад, - афзуд ҳамсуҳбатамон.
Ҳамсуҳбати дигари мо Шоҳимардон Содиқов, устоди кафедраи туризми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, иброз дошт, ки баҳри рушди туризми деҳот, хуб мешуд дар минтақаҳои аграрии кишвар деҳаҳои махсуси сайёҳӣ ташкил карда шаванд. Инчунин, дар ин ҷода ҳамкории ширкатҳои сайёҳӣ бо соҳибкорон, фаҳмондани моҳияти он ба аҳолии деҳот низ метавонад натиҷаи дилхоҳ диҳад.
Боиси тазаккур аст, ки эълон гаштани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) маҳз ба рушди деҳот нигаронда шудааст. Тавре Президенти мамлакат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) баён доштанд: “Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои корӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳали аҳолинишин мебошад”.
Дар робита ба ин, Сарвари давлат раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки баҳри вусъат бахшидани корҳои ободониву бунёдкорӣ, рушди инфрасохтори деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар партави дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон на танҳо шахсони масъул, балки кулли мардуми шарафманди кишвар баҳри боз ҳам вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, алалхусус дар деҳот, камари ҳиммат баста, аз ҷумла барои муҳайё сохтани заминаи мусоид ҷиҳати рушди агротуризм ва бо ин роҳ ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба деҳоти Тоҷикистони азиз, саҳми арзанда мегузоранд.   
Мафтуна НУРИДДИН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2019    №: 178    Мутолиа карданд: 2884
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед