logo

иҷтимоиёт

ЧИ ХУШ, УСТОД ЧУНИН БОШАД...

Журналист, нависанда ва олими шинохта Асадулло Саъдуллоев дар деҳаи Карсанги шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Соли 1942, вақте ки якуним сол дошт, падарашро ба ҷанг бурданд. Тарбияи ӯ ба зиммаи модараш монд. Як сол пас дар муҳориба барои озод намудани шаҳри Курск падараш ба ҳалокат мерасад.

Зиндагии сангинашон оғоз гардид, модар рӯзу шаб гоҳ дар колхоз, гоҳ дар замини назди ҳавлӣ меҳнат мекард, то фарзандон гушнаву ташна намонанд. Фарзандонаш низ бо вуҷуди хурд буданашон дар корҳои ӯ ёрӣ мерасонданд. Новобаста аз ин, онҳо кӯшиш мекарданд, ки дар мактаб хуб хонда, соҳибмаълумот гарданд. Асадулло Саъдуллоев баъди хатми мактаби миёна ба Институти политехникӣ дохил шуда, соҳиби тахассуси муҳандисӣ гардид. Сипас ҳуҷҷатҳои худро ба факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин супурда, бахши филологияи онро хатм мекунад. Фаъолияти корияшро дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси  муҳаррир оғоз намуда, 2 сол баъд ба кори рӯзнома мегузарад. Муддати 7 сол дар рӯзномаҳои «Маориф ва маданият», “Газетаи муаллимон” ва «Тоҷикистони советӣ» ба сифати мудири шуъба, котиби масъул ва ҷонишини сармуҳаррир фаъолият кардааст.
Аз соли 1970 ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ мекунад. То охири умр ба ин касб содиқ монда, дар факултети журналистика ба шогирдон аз назария ва амалияи рӯзноманигорӣ дарс мегуфт. Ҳамзамон, бо кори журналистӣ ба пажӯҳиш низ пардохта, соли 1978  рисолаи номзадӣ ва 1996 рисолаи докториро дар мавзӯъҳои «Замони муосир ва проблемаҳои публисистикаи советии тоҷик (Публисистикаи Мирзо Турсунзода)” ва «Ташаккул ва инкишофи жанрҳои насри мустанади тоҷик» ҳимоя кардааст. 
Соли 1984 ӯро ба Донишгоҳи Кобули Афғонистон даъват менамоянд. Дар факултети улуми иҷтимоӣ ва журналистикаи донишгоҳи зикршуда се сол дарс мегӯяд. Дар ҳамин донишгоҳ асарҳои зиёдеро ба чоп  расондааст. Аз ҷумла, «Очерк: Ҳамосаи кору пайкори қаҳрамони воқеӣ», «Журналистикаи радио» (иборат аз се қисм), «Назарияи публисистика», «Хандаи созанда», «Асосҳои журналистикаи телевизион» ва ғайраҳо.
Ёдовар бояд шуд, ки аввалин профессори тоҷик дар риштаи журналистикаи телевизион ва радио ба шумор меравад. Солҳои 1992 - 2002 мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ ва солҳои  2002 - 2005 декани факултети донишгоҳи мазкур буд. Аз соли 2009 профессори кафедраи ВАО - и чопӣ ва PR - и Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон. Мавсуф муаллифи беш 40 асари илмӣ ва зиёда аз 1200 мақолаи публисистӣ буда, таҳти роҳбарӣ ин марди накукор 15 шогирд рисолаи илмӣ ҳимоя кардааст.  
Узви иттифоқҳои журналистон ва нависандагони Тоҷикистон, Аълочии маориф, фарҳанг, матбуот, ТВ ва радио мебошад. Барои силсилаи асарҳои таҳлилию мақолаҳои публисистӣ ва саҳми намоён дар рушди журналистикаи ватанӣ соли 1998 ба ҷоизаи Иттифоқи журналистони кишвар ба номи Лоҳутӣ қадрдонӣ шудааст.
Соли 2019  дар маркази шаҳри Ваҳдат муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №148 бо номи ӯ номгузорӣ шуд. Дар оянда, дар назар аст, ки дар мактаби мазкур осорхонаи устод Асадулло Саъдулло таъсис ёбад. Дар он дафтарҳои хотирот, нишону ифтихорномаҳояш ҷойгир карда мешаванд. 

З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2019    №: 183    Мутолиа карданд: 603
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед