logo

иҷтимоиёт

ИФТИХОРИ МАНУ МО. МУЗАФФАРИЯТИ ҒУНЧАҲОИ УМЕДИ ФУТБОЛИ ТОҶИК МУБОРАК БОД!

Соат тақрибан дуи шаби 25 сентябр. Сарфи назар аз ин, ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳазорҳо мухлисону ҳаводорони футбол, инчунин, пайвандони футболбозони тими наврасони Тоҷикистон омада буданд. Онҳо дар даст гул, Парчами давлатӣ ва шиорҳои «Тоҷикистон ба пеш», «Мо пайрави Пешвои миллатем» доштанд ва бесаброна ҳавопайморо аз пойтахти Урдун интизор буданд.
Дар ин кишвар футболбозони навраси то 16 - солаи тоҷик дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё – 2020 ҳамаи ҳарифонашонро шикаст дода, ба марҳилаи финалӣ баромаданд. Тавре, қаблан, «Ҷумҳурият» иттилоъ дода буд, парчамбардорони майдони сабзи тоҷик дар марҳилаи гурӯҳӣ (гурӯҳи «А») чор бозӣ анҷом дода, ҳамаи ҳарифонашонро бо ҳисоби калон шикаст доданд. Онҳо то дидори ҳалкунанда бо маҳорати воло бар мунтахабҳои Шри-Ланка (8:0), Кувайт (9:0) ва Непал (7:0) пирӯз гаштанд. Дар бозии ниҳоӣ наврасони мо бо мизбони мусобиқа – дастаи Урдун вохӯрданд. Дар ин қувваозмоии тақдирсоз ба наврасони Урдун танҳо ғалаба лозим буд, ки то ба даври финалии чемпионати қора роҳхат гиранд. Онҳо дар 20 дақиқаи аввали бозӣ ба дарвозаи мо,  аллакай, ду тӯб ворид карда, бешубҳа ба мақсади ниҳоии худ наздик мешуданд. Аммо голи ҷавобии Раҳматшоҳ Раҳматзода дар дақиқаи 24 – ум якбора рафти бозиро тағйир дод. Хусусан, дар нимаи дуюми бозӣ, баъди тавсияҳои мураббии тими мунтахаб Аҳлиддин Турдиев, футболбозони тоҷик ташаббусро пурра ба даст гирифта, чор тӯб вориди дарвозаи тими Урдун намуданд. Ҳақиқати маъмули футбол «дар футбол бояд 90 дақиқа бозӣ кард»-ро футболбозони тоҷик бори дигар собит сохтанд.
Боиси тазаккур аст, ки мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ аз миёни 47 тими кишварҳои Осиё ягона дастае буд, ки тавонист ба дарвозаи ҳарифон 29 гол ворид намояд. Бо 28 гол наврасони чинӣ зинаи дуюмро ишғол намуданд. Инчунин, ин маротибаи чорум (солҳои 2006, 2010 ва 2018) аст, ки наврасони мо дар таърихи футболи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё роҳхат гирифтанд, вале бо чунин натиҷаи ҳайратовар бори аввал.
Ҳамин тариқ, дар марҳилаи финалии чемпионати Осиё байни наврасон, ки аз 16 сентябр то 3 октябри соли 2020 дар Баҳрайн баргузор мешавад, тимҳои миллии Тоҷикистон, Ҳиндустон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб, Чин, Австралия, Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Яман, Индонезия, Ӯзбекистон ва Уммон ширкат хоҳанд кард.
Инак, ҳавопаймо фуруд омад. Ғунчаҳои умеди футболи тоҷик ва ҳайати мураббиёну маъмуронро Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Алишер Ӯрунов, муовини президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Давлатманд Исломов, котиби генералии ФФТ пешвоз гирифтанд. Гулдухтарони тоҷик бо лабони пуртабассум, дар тан куртаи миллии атлас, ба парчамбардорони навраси футболи ватанӣ гулдастаҳо тақдим карданд.
Иштирокдорон аъзои тими мунтахабро барои ҳунарнамоии воло дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё – 2020 ва дарёфти роҳхат ба марҳилаи финалӣ табрик намуданд. Аз ҷумла, Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки ба шарофати сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу дастгириҳои пайвастаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ футболи тоҷик дар авҷи рушд қарор дошта, дастовардҳои футболбозон беш аз пеш меафзояд.
Пас аз акси хотиравӣ ва аз ҷониби издиҳом аҳлона садо додани «Тоҷикистон ба пеш!», футболбозони наврас бо ифтихору сарфарозӣ дар даст шиори «Мо пайрави Пешвои миллатем» назди истиқболгирон баромаданд. Дар саҳни фурудгоҳ садои карнаю табл ба само печида буд. Мухлисон Парчами давлатиро парафшон мекарданду хитобаҳои «Тоҷикистон ба пеш!», «Офарин», «Зафармандон», «Мо бо шумо ифтихор мекунем!» марғӯладору гӯшнавоз буданд.
Зафармандони футболи тоҷик ба автобуси дуошёна, ки дар намои пеши он навиштаҷоти «Тоҷикистон ба пеш, ба пеш, ба пеш!!!» ҳаккокӣ шуда буд, нишаста, ҷониби маркази пойтахт роҳ гирифтанд. Тибқи барномаи тантанавӣ, онҳоро назди гулбоғи Куруши Кабир мухлисони сершумор интизор буданд. Дар гулбоғ, дар фазои шодию нишоти беандоза ва рақсу суруд, маросими басо самимию хотирмони дидори футболбозон бо мухлисон сурат гирифт.
Бешак, истиқболи пуршукӯҳи  имшаба ба ҳамешагӣ дар хотири ҳар футболбози наврас, мураббиёну маъмурон ва мухлисон нақш хоҳад баст. Ҳамчунин, дилпур месозад, ки футболбозони тоҷик дар марҳилаи ниҳоии чемпионати қора низ хуб ҳунарнамоӣ карда, ба комёбиҳои нав ноил мегарданд. Зеро онҳо моро, аллакай, ба музаффарии худ одат кунонданд. Онҳо ҳамон шербачаҳоеанд, ки чанде қабл дар Чемпионати CAFA – 2019 ғолиб омада, дар мусобиқаи Ҷоми Президенти Қазоқистон мақоми дуюмро гирифта буданд.
Ба пеш, футболбозони навраси тоҷик!                                                              
Маҳмуд БАҲРОМ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2019    №: 184    Мутолиа карданд: 1528
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед