logo

паёмҳо

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Ҷашни Меҳргон, шаҳри Душанбе, 13 октябри соли 2019

Ҳамватанони азиз!
Тамоми сокинони мамлакатро ба ифтихори Ҷашни Меҳргон, ки мисли Наврӯз ва Сада аз ҷумлаи ҷашнҳои бостонии халқамон мебошад, самимона табрик мегӯям.
Ҷашни Меҳргон ҳамчун оини бисёр бостонӣ мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз ба сифати яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба ҳисоб меравад.
Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расондаанд. Ин ҷашни миллӣ саршор аз ҳикматҳои созандаву инсондӯстона буда, дар баробари ин, исботи ҳанӯз дар замонҳои қадим кишоварз, яъне истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ будани аҷдоди мо мебошад.
Ҳангоми таҷлили Меҳргон ҳамчун оини анҷоми бобарори корҳои саҳроӣ ниёгони мо маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузошта, фарорасии онро бо шукӯҳу шаҳомат истиқбол мегирифтанд, аз натиҷаи заҳматашон хушҳолӣ менамуданд ва нияту орзу мекарданд, ки солҳои баъдӣ низ ҳосил фаровон шавад, то ки хони мардум пур аз файзу баракат бошад.
Пирӯзии некӣ бар бадӣ, некандешиву накукорӣ, аз қалбҳо дур кардани кинаву кудурат ва муҳаббату эҳтиром ба ҳамдигар ҷанбаҳои маънавию ахлоқии Ҷашни Меҳргон низ мебошанд. Ин арзишҳои баланди маънавии Меҳргон аз қадимулайём то ба имрӯз бо илм, адабиёт, фарҳанг ва рӯзгори мардуми мо пайванди ногусастанӣ доранд.
Абурайҳони Берунӣ дар осори худ доир ба Ҷашни Меҳргон маълумоти пурқимат дода, аз ҷумла бо овардани ривояти пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок, ғалабаи хайрро бар шарр таъкид намудааст. Шоирони бузурги тоҷик, аз қабили устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Низомӣ ва дигарон дар ашъори худ ҷанбаҳои пурҳикмату пурарзиши Меҳргонро тавсифу ситоиш намуда, бо самимияту қалби пок истиқбол гирифтани онро тарғиб кардаанд.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ ин оини бостонии мо дигарбора эҳё гардид ва тибқи қонунгузории амалкунанда ба ҷашни миллии мардуми кишварамон табдил ёфт.
Соли панҷум аст, ки Ҷашни Меҳргон дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад ва кишоварзони шарафманди мо якҷо бо мардуми мамлакат ин суннати фархундаи аҷдодиро бо хушҳолӣ истиқбол мегиранд ва бо шукрона аз фазои сулҳу суботи Ватан ҳамдигарро бо ин ҷашни бостонӣ табрик менамоянд. 
Қобили таъкид аст, ки кишоварзӣ барои мо соҳаи ҳаётан муҳим буда, ба туфайли заҳмати софдилонаи марди деҳқон имрӯз дар бозорҳои кишвар маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза фаровон мебошад. Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки соҳаи кишоварзӣ барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва рушди саноат, махсусан саноати сабуку хӯрокворӣ, нақши басо арзишманд дорад. Маҳз бо заҳмати деҳқонони асилу соҳибтаҷрибаи кишвар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол аз сол афзоиш ёфта, маҳсулоти хушсифати Тоҷикистон, аз ҷумла меваю сабзавот, ба кишварҳои гуногун содирот мегарданд.
Донишмандони моро зарур аст, ки расму оинҳои вобаста ба Меҳргонро мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, арзишҳои маънавию иҷтимоии онро бо дарназардошти воқеиятҳои замони нав ва шароити соҳибихтёрии давлати тоҷикон васеъ тарғиб намоянд.
Итминони комил дорам, ки Ҷашни Меҳргон дар роҳи боз ҳам тавсеа пайдо кардани худогоҳиву худшиносии халқамон мусоидат карда, боиси вусъати корҳои созандагиву ободонӣ, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи табиати зебои диёрамон мегардад.
Бори дигар тамоми сокинони мамлакатро ба ифтихори Ҷашни бостонии Меҳргон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар сулҳу оромӣ, иқболу саодат ва дастархони пурнозу неъмат орзу менамоям.
Ҷашни Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2019    №: 193    Мутолиа карданд: 4310
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед