logo

маориф

ХОВАЛИНГ. МАОРИФ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

Бо таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ба соҳаи маорифи кишвар он сол ба сол рушд ёфта, шароити муассисаҳои таълимӣ беҳтару хубтар мегардад. Инчунин, ҳар сол садҳо мактаби нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, маблағгузории соҳа меафзояд.
Бино ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг Нафиса Сафарова агар соли 2010 ба соҳаи маорифи ноҳия 6,4 миллион сомонӣ ҷудо гардида бошад, соли 2019 он ба 19 миллион сомонӣ расид. Дар 3 соли охир дар ноҳия 6 бинои нав барои 2300 ҷои нишаст сохта шуда, ҳоло бунёди 5 муассисаи таълимии дигар идома дорад. Аз ҷумла, ҳангоми сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 - уми августи соли ҷорӣ дар деҳаи Лоҳутии ноҳия бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 барои 920 хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он дуошёна буда, бо муосиртарин лавозимоти машқу тамрин, толор бо 200 ҷои нишаст ва ошхона бо 60 ҷои нишаст таъмин аст, ки онро хонандагону омӯзгорони ноҳия туҳфаи арзишманди роҳбарияти олии мамлакат бахшида ба Ҷашни фархундаи 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд.
Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 39 бинои нав ва синфхонаҳои иловагӣ бо 4300 ҷои нишаст сохта шудааст. Алҳол бунёди боз 15 муассисаи таълимӣ, биноҳои шуъбаи маориф, марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба нақша гирифта шуда, навсозии 2 муассисаи таълимии садамавӣ бомаром идома дорад.
Бо мақсади дастгирии соҳаи маориф аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ низ иқдомоти ватандӯстона амалӣ мегарданд. Чунончи, бо дастгирии онҳо биноҳои таълимии замонавӣ бо 1270 ҷои нишаст ва синфхонаҳои иловагӣ сохта шудааст.
Имрӯз дар ноҳия 50 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, беш аз 12 ҳазор хонандаро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд. 920 омӯзгори донишманду пуртаҷриба ба онҳо таълиму тарбия медиҳад. Дар муассисаҳои таълимӣ, асосан, норасоии омӯзгорони забонҳои русиву англисӣ ба мушоҳида мерасад, ки барои ҳалли ин масъала аз тарафи шуъбаи маорифи ноҳия тадбирҳои судманд андешида мешавад.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2019    №: 208    Мутолиа карданд: 3077
21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед