logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

28 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Пеш аз оғози кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои навтаъйингардидаи Ҳукумат ва раисони кумитаву идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатӣ дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба ин масъала вазири адлия Музаффар Ашуриён ҳисобот дод.
Зикр гардид, ки барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатӣ дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020, бо дастгирӣ ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2014 қабул гардида, дар самти сиёсати ислоҳи маҳкумшудагон санади басо муҳим ва саривақтӣ буда, он барои рушди соҳаи истеҳсолӣ ва самаранок истифода бурдани муҳлати адои ҷазо мусоидат менамояд.
Фаъолияти меҳнатии маҳкумшудагон ҳамчун воситаи муҳими тарбия, омили таҳкими тартибу интизом дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ мебошад. Меҳнати маҳкумшудагон ба фаъолияти муътадили муассисаи ислоҳӣ дар шароити муосир, қонеъ гардондани талаботи худи маҳкумшудагон, соҳиби касби муайян гардидани онҳо, ёрӣ расондан ба оила ва ҷамъоварии пасандози зарурӣ барои ҷобаҷошавии онҳо баъди адои ҷазо низ имконият медиҳад.
Бо дарназардоштани ин ҳолат ва бо мақсади пешбурди истеҳсолот дар муассисаҳои ислоҳӣ, ҷалби бештари маҳкумшудагон ба корҳои музднок, баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ва ба талабот ҷавобгӯ намудани он Барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатй дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020 амалӣ шуда истодааст.
Ҳамчунин, дар маҷлиси Ҳукумат дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳои замин ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2020 раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ҳисобот дод.
Дар кори маҷлиси Ҳукумат лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда», «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” баррасӣ гардида, аз ҷумла ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кино” ва ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Доир ба тадбирҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон вобаста ба ҳолатҳои пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода шунида шуд. Тавре таъкид гардид, то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки дар моҳҳои охир ба ҳудуди Тоҷикистон ворид шудаанд ба қайд гирифта нашудааст ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти миллии санитарию эпидемиологӣ, фарогирии карантинӣ, дарёфти манбаъҳои хариди лавозимоти истифодаи яккаратаи ҳифзкунанда, маводи безараргардонӣ, таҷҳизоти санҷишӣ ва захираҳои маводи хӯрока тамоми тадбирҳои фаврӣ анҷом дода мешаванд. Тадбирҳо дар ин самт таҳти назорати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, минбаъд низ корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, таъмини фаъолияти муназзами системаи назорати санитарию эпидемиологии мамлакат идома дода мешаванд.
Аъзои Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони сохторҳои марбута барои иҷрои босифати қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи саривақтии барномаву стратегияҳои давлатӣ вазифадор карда шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат барои татбиқи мақсадноки нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2019    №: 44    Мутолиа карданд: 4328
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед