logo

номаҳо

 РАҲМОН САФАРОВ. КОРНОМАҲОЕ, КИ БА ҚАДРДОНИИ БЕШТАР МЕАРЗАНД


9 майи соли равон аз ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 75 сол пур мешавад. Албатта, ин ҷашн бо шукӯҳи махсус дар кишвари мо низ таҷлил хоҳад гашт.  Дар ин ғалаба саҳми тоҷикистониён чашмрас мебошад. Ҷавонони ҷасуру матиниродаи Тоҷикистон дар озод сохтани ҷаҳон аз фашизми гитлерӣ ширкат варзидаанд. Бисёре аз онҳо дар набардгоҳ ба ҳалокат расидаанд.
Ҷангноманависи бузурги тоҷик Раҳмон Сафаров қариб тамоми ҳаёт ва дороии худро сарфи ҷустуҷӯи шаҳидони роҳи озодӣ намуд. Ӯ аз қаҳрамониҳои диловарони тоҷик бо истифодаи муътамадтарин маъхазҳо бо самимият, муҳаббати инсониву шаҳрвандӣ матлаб менавишту ба нашр мерасонд. Дар ин бора чанд китоб ҳам таълиф намуду аз дасти чоп баровард.
Пайвандону наздикони шаҳидони ҷанг ба ӯ муроҷиат мекарданд, то маълумотеро дар бораашон пайдо намояд. Таҳқиқу ҷустуҷӯҳояш дар Россия, Латвия, Литвия, Эстония ва дигар кишварҳое, ки аз асорати фашистони гитлерӣ озод шуданд, самар меовард.
Ӯ кори бештар аз як пажӯҳишгоҳро дар танҳоӣ ба фарҷом мерасонд. Бо даргузашташ аз дунё ин гуна таҳқиқу ҷустуҷӯҳо қатъ ёфт. Яъне касе кори ӯро идома надод. Тақдири бойгонияш чӣ шуд, барои мо, ихлосмандонаш, маълум нест. Аммо бояд бойгонии ӯ ҳатман омӯхта шавад. Дар ин сурат дар бораи бисёр тоҷикони гумном маълумот пайдо кардан мумкин аст.
Ба муносибати Ҷашни 75 - солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ агар асарҳои таълифкардаашро ҳам аз нав ба нашр мерасонданд,нуран ало нур мешуд. Бузургдошти ин марди фидоӣ бо баргузории ҳамоишҳои илмӣ, адабӣ барои боло бурдани ҳисси ватандӯстии насли наврас бисёр муҳим мебошад.
Фирӯза МИРЗОЕВА, ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.03.2020    №: 47    Мутолиа карданд: 2430
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед