logo

илм

ИЛМ.АЗ МИҚДОР БА СИФАТ МЕГУЗАРЕМ

Вобаста бо ташаккулу инкишофи ҷомеаи иттилоотӣ - инноватсионӣ иқтисодиёти дониш ва ё типи иқтисодиёте, ки ба дониш асос мегирад, рӯи майдон омадааст. Феълан, пайваста бо фаъол гаштани нақши илм дар низоми қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷомеа  иқтисодиёти дониш ҷойгаҳи устувор пайдо карда, мазмуни фаъолияти иқтисодӣ-иҷтимоии кишварҳои оламро дигаргун намудааст. Яъне, майдони фаъолияти иқтисодиёти анъанавӣ танг гашта, маҷрои шикастнопазири иқтисодиёти нав тадриҷан дар роҳи касби вазъи доминантӣ қарор дорад.
Инсоният дар раванди инкишофи таърихию эволютсионии худ  кулли захираҳои табииро комилан на танҳо дар риштаи муносибатҳои иқтисодӣ гирифтааст, балки ба ҳар як ҷузъи он (предмету олоти меҳнат) чунон илму донишро такшин намуда, тағйир додаст, ки истеъмолгар бидуни иттилоъву дониши кофӣ онҳоро мавриди истифода қарор дода наметавонад. Ҳатто «тафаккури сунъӣ» на танҳо дастёр, балки бар инсон ҳоким шудааст, гӯем ҳам, саҳв нахоҳем кард. Масалан, 2-3 компютер, ки иқтидори барномавии хеле бузугро дорост, вазифаи ҳазорҳо коргарро дар корхонаҳои азими истеҳсолӣ ба иҷро мерасонад. Ин раванд табиист, ки чун зерсохтор болосохтори низоми ҷомеа – сиёсату идораи давлатӣ, сатҳи тафаккури ҷомеа ва ғайраҳоро низ ба бозсозӣ даъват дорад. Пас мебинем, ки нақши донишҳои илмӣ, сармояи зеҳнӣ, инсониву иҷтимоӣ ба омили асосӣ ва манбаи марказии инкишофи ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодиётии ҷомеа табдил ёфта истодааст. Имрӯз ҷомеаи инноватсионӣ-иттилоотӣ  табақа ва ё синфи пешбари онро  синфи краетивӣ ном гузоштанд ва иқтисодиёти нави ояндаро  иқтисодиёти зеҳнӣ ва ё краетивӣ мегӯянд. Тоҷикистон низ аз ин равандҳои позитивии ҷаҳонӣ дар канор  нест ва барои гузаштан ба ҷомеаи инноватсионӣ - иттилоотӣ заминаҳои ниҳодии созгор бунёд намудааст ва пайваста бо суръатгирии равандҳои инноватсионии нави ҷаҳонӣ таҳриру такмил ёфта истодааст. Бахусус, дар самти зарурати таъмини рушди инноватсионии иқтисодиёти миллӣ ва татбиқи сифатҳои иқтисодиёти рақамӣ таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат рӯз ба рӯз меафзояд. Дар Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2019)  таъкид шудааст: «Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад». Дар ҳақиқат, дар замони муосир пайваста бо рушди ҷаҳонишавӣ ва иқтисодиёти дониш равандҳои гузариш аз методҳои классикии дастёбии рақобатпазирӣ ба методҳои нав, ки ба таҳқиқоти илмӣ ва инноватсия асос мегирад, раванди бебозгаштро касб намудааст. Умуман, ислоҳоти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии ҷомеа аз ислоҳоти соҳаи маорифу илм бояд оғоз ёбад. Зеро, дилхоҳ ислоҳоти пешбинишаванда аз сатҳи дарки аъзоён ва қишрҳои алоҳидаи  ҷомеа доир ба зарурату нафъи фарогири  он вобастагӣ дорад  ва маҳз дар ин раванд ислоҳот натиҷаҳои интизориро рӯи кор меорад. Сатҳи дарки зарурати ислоҳот ва эътимоду ҳавасмандӣ дар дигаргунсозии сифатии ҷомеаро сатҳу сифати дониш ва паҳноии хиёбони андешаи аъзоёни ҷомеа, бахусус қишри краетивии ҷомеа муаяйн менамояд.   Аз ин лиҳоз, олими намоёни рус С.П. Капитса маорифро ҳамчун индустрия, ки ояндаро муаяйн менамояд, тавсиф кардааст. Воқеан ҳам, имрӯз рушди низоми маориф ҳамчун соҳаи индустрияи технологияаш баланд ба индустрияи эҷодӣ, ки ба истеҳсоли неъматҳои интелектуалӣ ва илмғунҷоишаш баланд машғул аст, такя менамояд. Индустрияи эҷодӣ – ин фаъолиятест, ки дар асоси он ибтидои эҷодии фардӣ, таҷрибаву истеъдод қарор гирифта, тавлиди арзиши иловагӣ ва ҷойҳои кории нав дар заминаи истеҳсолу истифодаи моликияти зеҳнӣ сурат мегирад. Ин ҷо, пеш аз ҳама,  дар назар дорем рушди соҳаи илмро, ки ба истеҳсолу пешниҳоди маҳсулот ва ё хизматрасониҳои илмӣ сару кор дорад.
Бояд зикр намуд, ки пайваста бо ноил гаштан ба Истиқлолияти давлатӣ тадриҷан низоми миллии маорифи мамлакат низ ташаккулу рушд ёфт. Шумораи муассисаҳои таҳсилотӣ, бахусус муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар онҳо шаклгирии комили сармояи инсонӣ рӯи майдон меояд, хеле афзуд. Муҳимтарин тамоюл дар он аст, ки дар ҷомеаи мо феълан дарк шудааст, ки сармояи инсонӣ омили муҳим ва беназири пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ноил шудан ба зиндагии шоистаи ҳар як фард мебошад. Аз ин рӯ, на танҳо талаботи умум ба донишандӯзиву хизматрасониҳои таҳсилотӣ, балки талаботи бозорӣ ба онҳо, яъне шакли таҳсилоти тиҷоратӣ  рӯз ба рӯз боло рафта, ки заминаҳои иқтисодиву молиявии рушди соҳаи илму маорифро таъмин намуда истодааст. Соҳаи маориф, бахусус соҳаи таҳсилоти касбӣ, дар мавриде рушд меёбад, ки агар дар онҳо омӯзгорон ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғул бошанд, вазни қиёсии шумораи омӯзгорони соҳиби унвони илмӣ афзояд. Аммо, дар таъмини ин  раванд мо истиқлолияти худро танҳо пас аз  12 августи соли 2014 бо таъсиси Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионӣ”-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфтем. Дар мамлакат айни замон аксари магистрантон ҷуръат доранд, ки ҳаёти худро бо соҳаи илм пайваст намоянд ва ба доктарантура (доктор PhD) дохил шаванд ва шумораи муаяйни мутахассисоне, ки қаблан муассисаҳои таҳсилоти илмиро хатм намуда буданд, низ ҷуръат доранд, «карйераи илмии» худро  дар шакли унвоҷӯӣ баланд бардоранд. Ҷомеаи  муосирро ҷомеаи иттилоотиву инноватсионӣ унвон додаанд, бинобар он, тақозо дорад, ки на танҳо муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, балки муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони соҳибунвон таъмин бошанд. Дар кишварҳои мутамаддин ҳар як профессор мактабу равияи илмии худро, пеш аз ҳама, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (мактабҳо) мекушоянд. Дар ин ҷараён рақобат вуҷуд дорад, зеро давлат озмунҳои баландпояро ташкил менамояд.
Табиист, ки рушди миқдорӣ ба рушди сифатӣ мегузарад. Пеш аз ҳама, бояд имрӯз тафаккуру тамоюли ноил гаштан ба дараҷаи илмӣ ҳамчун воситаи дастрасӣ ба вазифаву мансаби баландро шикаст. Он фарде, ки бо ин ҳадаф маҷбуран ба соҳаи илм шомил мегардад, илмро талаф медиҳад. Эътирофи шахси илмдор ва дараҷаву унвони илмии он худ мансаби олитарини ҷомеа мебошад, ки бо меҳнати  шоистаи худи ӯ омадааст. Дар ин ҷо ба маврид аст, ки чунин таъкиди В. Ҳётеро ба хотир орем: «Бисёр мехоҳам, ки саҳна ба монанди ресмони дорбоз борик бошад, то ки одамони беҳунар ҷуръати болои он баромадан накунанд». Бинобар он, яке аз механизмҳои шикастани равандҳои номатлубро дар илм баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии кормандони илмӣ ва ташкилотҳои илмиву таҳсилотӣ, умуман, фароҳам овардани муҳити рақобатӣ дар майдони илм,   ташкил медиҳад.

А. МИРСАИДОВ,
муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон, доктори илми иқтисод, профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.07.2020    №: 126    Мутолиа карданд: 1181
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед