logo

фарҳанг

АЗ ФАЛАК ТО БА ФАЛАК

Андешаҳо перомуни китоби нави Абдулқодири Раҳим ”Шод зӣ, шод!”
Нигоштаҳои адиби хушсалиқаи тоҷик Абдулқодири Раҳим ҳамеша ҷаззоб ва самимӣ мебошанд. Ӯ хоҳ шеър нависад хоҳ ҳикоя, пайванди адабиёту зиндагиро нигоҳ медорад. Мавзӯъро хуб медонад, чакидаҳои хомааш мисли шабпаракҳои зарринбол дар гулбоғи адаб сайр мекунанд ва аз шохаву гулҳои муаттар шаҳд мегиранд. Ва сухани Абдулқодир  ширинтару ба қалб наздиктар мегардаду ба дилҳо роҳ меёбад. Абдулқодири Раҳим қаламкаши заҳматкашу қаноатпеша мебошаду умре бори сухан мекашад.
Ӯ зодаи деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ аст. Зодгоҳи шоир барҳақ макони афсонавӣ, диёри парандагони нодиру хушхон аст. Шояд  ҳамин овози  дилфиреби мурғон аст, ки насри ӯ осори андешаю дарунмоя ва роздор аст. Он хонандаро ба хилваткадаи розҳои инсонӣ ва фалсафаи ҳастӣ мебарад. То ин дам як силсила китобҳои насрию назмӣ ва публитсистии  Абдулқодири Раҳим нашр шуда, аз ҷониби муҳаққиқону ҳаводорони адабиёт баҳои баланд гирифтаанд.
Китоби нави адиб - ”Шод зӣ, шод!” асари тозае дар  бахши публитсистикаи тоҷик буда, дар он беҳтарин  очерку лавҳаҳои  муаллиф, ки тайи солҳои охир дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд, гирдоварӣ шудаанд.
Бешубҳа, Абдулқодири Раҳим яке аз пуркортарин публитсистиони давр буда, пайваста дар сафи пеши ҳаводиси рӯзгор ва созандагӣ қарор дорад. Зеро ӯ нағз медонад, ки дар замони  соҳибистиқлолӣ сухани тозаю созанда ва публитсистикаи бадеӣ мавқеи муҳим дошта, барои ҷомеа зарур аст. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Имрӯз зарур аст, ки аҳли адаб ва рӯзноманигорон бештар ба мавзӯъҳои муҳими давр ва корҳои созандагӣ рӯ биёранд”. Ин нишондодро Абдулқодири Раҳим яке аз нахустинҳо шуда пазируфта, тайи солҳои охир бештар дар мавзӯи созандагию бунёдкорӣ асар эҷод менамояд. Дар китоби наваш низ бештар масоили  фарҳангӣ ва арзишҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ барин мавзӯъҳои рӯз баррасӣ шудаанд.
Дар масоили шинохти ислом ва  мубориза бо ифротгароӣ сухани Абдулқодири Раҳим хеле нишонрас ба назар мерасад. Муаллиф бо такя ба адабиёти классикӣ ва маъхазҳои муътамад нигоштаҳои худро тақвият бахшидааст. Ба андешаи публитсист имрӯзҳо бар асари афзудани хатари ифротгароӣ ва зери фишори унсурҳои бегона мондани миллатҳо парваридани ҳисси худшиносии миллӣ ва меҳанпарастӣ хеле зарур мебошад. Дар ин мавзӯъ як силсила мақолаҳои  саривақтии Абдулқодири Раҳим ба монанди “Як зернавишт ба як сурат”, ”Пас дер мекунем”, “Исломи асилро агар бишносем”, “Рӯбарӯи хатарҳои ҷиддӣ”, “Ҷаҳонро ба бад наспарем”, ”Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем” дар китоб мураттаб шудаанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар асари наваш низ Абдулқодири Раҳим ба мавзӯи дӯстдоштааш - модар  содиқ мондааст. Публитсист мавзӯи  ситоиши модар ва қадршиносии ӯро бисёр дӯст медорад. Дар ин мавзӯъ як силсила мавод эҷод намудааст, ки метавон онҳоро як дастоварди бузурги публитсистикаи тоҷик номид. Дар китоби нави”Шод зӣ, шод!” низ очеркҳои бадеии “Як иншо”, “Модар дар шеъри оламгири мо” ва “Дархости модар” барин нигоштаҳои зебою дилнишини муаллиф ҷой дода шудаанд, ки хеле дилсӯзона иншо шудаанд.
Дар мақолаи дигараш “Аз фалак то ба фалак” ки хеле шоирона эҷод шудааст, муаллиф ба гузаштаю имрӯзаи таърихи Фалак ва фалаксароӣ даст зада, ба фалак сайри  таърихӣ намудаву торҳои онро ба замзама овардааст. Зеро Фалак аз нигоҳи Абдулқодири Раҳим оҳанги одӣ нест, балки он малакутӣ ҳасту аз қаъри асрҳо зуҳур карда, дар мағз андар мағзи ҷону пайванди мардуми кӯҳистон  маскан гирифтааст. Ва вожаи фалак пайванди наслҳо мебошад, ки имрӯз бо садову шевани воло аксандозӣ дорад.
Мутолиаи китоби нави Абдулқодири Раҳим ба дилҳо суруру шодмонӣ бахшида, инсонҳоро барҳақ ба шод зистану умрро ғанимат шумурдан  ҳидоят месозад, ки дар ин рӯзҳо хеле муҳим мебошад.

Маҷид САЛИМ, адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.08.2020    №: 151    Мутолиа карданд: 241
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед