logo

фарҳанг

ҲАДАФ: ИНСОНСОЗӢ ВА РИСОЛАТШИНОСӢ

«Молики раҳи кӯр» китоби нави адиб ва рӯзноманигори маъруф ва пурмаҳсул Умари Шерхон мебошад, ки чанде пеш аз тариқи нашриёти «Шарқи озод» ба табъ расид ва дастраси хонандагон гардид.

Китоби нави муаллиф аз маҷмӯи ҳикояҳо, як қисса ва мақолаҳо, ки солҳои гуногун эҷод ва  навишта шудаанд, иборат мебошад.
Нависанда вобаста ба мазмуну мундариҷаашон ин навиштаҳоро дар қисматҳои «Гурд», «Дуо», «Сипос», «Гирдакон» ва «Мом» ҷой додааст. Тавре аз ин қисмбандӣ ва номгузории жанрҳо бармеояд, аксари навиштаҳо ҳикояҳоро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, вобаста ба он байтҳои мувофиқро аз шоирони адабиёти тоҷику форс чун эпиграф истифода мекунад. Ҳатто аз ин гуна интихоб сатҳи баланди завқи нависандаро метавон муайян кард. Инчунин, метавон хулоса намуд, ки таълифи ҳикоя барояш танҳо як кори махсуси касбии нависандагӣ нест, балки онро чун рисолати инсонӣ ва шаҳрвандӣ низ мешиносаду медонад.
Дар қисмати аввали китоб ин байти Соиби Табрезӣ чун эпиграф истифода шудааст:
Дӯзах аз тирагии бахти даруни ману туст,
Дил агар тира набошад, ҳама дунёст биҳишт.
Хонанда ҳатто бо мутолиаи нахустин ҳикояи китоб: «Чӣ мегем?» ба ин гуна тирагии давру замон, масъалаҳои касбу кори гуногун, оилаҳо ва ҳидоят ба рӯшанӣ ё худ пок зистан, ҳалол хӯрдан ва бетамаъ зистанро дармеёбад. Ҳикоя чунин оғоз меёбад:
- Тармарг, - бо нӯги тиёқ тарафи гӯсфандони беҳаракатхобида ишора намуда, бонг бардошт Чорӣ.
- Намедонум, бегаҳӣ ҳамашон соз будан, - гуфт Раҳим китф дарҳам кашида.
Лаҳзае ҳар ду хомӯш шуданд. Раҳим бо нӯги мӯзааш болои замин пасу пеш хат кашида, интизори идомаи гӯшмоли амаки «истарчӣ» - яш буд.
- Рав, аз палатка кордчаи калона биёр! – ғуррид даҳмарда ва боз афзуд: - Ба мудир чӣ мегем?
Раҳим моту ҳайрон монд, ба шунида бовараш намеомад.
- Э, даҳани воз, чӣ кундаворӣ истодаӣ? Рав корда биёр, гуфтум!
- Охӣ, ғурунгид ӯ, - ягон кас фаҳма...
Ҳаром шидай гуфта, ай пушти боз кадом як фелдшери паати дигар кӯҳу пушта мегардум?. Магарам, боз чанд сӯми дигар дар ҷевакуш занӣ, ки ягон справкаи ҳаромша нависа. Ба мудир чӣ мегем?»
Тавре аз ин пора бармеояд, муаллиф дар сохтани диалог ва табиӣ намудани он маҳорати хуб касб кардааст. Аз ин рӯ, он ҳадафрас ва боварибахш мебошад.
Истифодаи дуруст ва мавқеи истилоҳҳо, тасвирҳои заминиву маконӣ  бар он гувоҳанд, ки муаллиф барои эҷоди ин ҳикоя аз зиндагиву кори чӯпонон ва соҳаи онҳо хуб воқиф гардидааст. Яъне, пеш аз таълифи ҳикоя бо ҳисси масъулиятшиносӣ мавзӯъро хуб пайгирӣ ва таҳқиқ менамояд. Дар гуфтугӯ, ё худ диалог калимаҳои шевагӣ низ бамавқеъ ва ҳадафрас истифода шудаанд.
Муаллиф дар оғоз ё худ гуфтугӯи ҳикояҳояш ба тасвир ва баррасиву  ҳалли батадриҷи мавзӯву масъалаҳо хонандаро ҷалб кардан намехоҳад. Инчунин, интизор намекунад, ки дар охир аз мақсаду ҳадафи муаллиф огоҳ бишавад. Баръакс, ӯ аз усули навишти «детектив» истифода мебарад.
Ҳаракат ва шиддатнокии қаҳрамонҳои он барои мутолиаи ҳикояҳо таъсири нек гузошта метавонанд.
Умари Шерхон мазмуну мундариҷаи ҳикояҳояшро дар як ҷо нишаста, яъне аз ҳуҷраи кории нависандагӣ набаромада намебофад. Онҳо воқеиёту ҳодисаҳои ибратбахшеанд, ки дар зиндагонии мо дар шакл ва макону замонҳои гуногун рух додаанд. Албатта, ин он маъноро надорад, ки муаллиф ҳодисоти рухдодаро пурра, дар он шакле, ки ҳаст, рӯи коғаз оварда бошад. Не, ҳаргиз чунин нест. Баръакс, онҳоро дар корхонаи эҷодӣ обу тоб медиҳад, яъне типпӣ мекунонад ва дар шакли беҳтар, пурратар, ибратбахштар, пешкаши хонандагон мегардонад.
Барои ин ҷониб, ки ба муаллиф ва лабораторияи эҷодияш то ҷойе ошност, маълум аст, ки баъзан барои истифодаи дурусти як калимаву ибора то ба охир ва мутмаин гардиданаш онҳоро пажӯҳиш мекунад. Инчунин, саъй ба харҷ медиҳад, ки тасвирҳо зебову мувофиқ ва ба мазмуну мундариҷаҳои  ҳикояҳо иртиботи қавӣ дошта бошанд. Дар баъзе аз ҳикояҳояш вобаста ба мавриди муносиб аз пораҳои шеърии адибони классик, ки барои тарбияи ахлоқӣ эҷод шудаанд, истифода мебарад. Истифода аз ин васила низ бори дигар собит месозад, ки ӯ мақсад аз таълифро бисёр дуруст фаҳмидааст: тарбияи ахлоқӣ ва сохтани инсони комилу рисолатшинос.

Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2020    №: 154 - 155    Мутолиа карданд: 376
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед