logo

Хабарҳо

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

То баргузории интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои башумор мондаанд. Рафти омодагӣ ва таваҷҷуҳи сокинони ноҳияи Файзобод ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳоло баёнгари он аст, ки интихобот дар сатҳи баланд ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон озоду шаффоф доир хоҳад шуд.
Тавре Зиёратшо Акрамзода, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Файзобод № 14 ба “Ҷумҳурият” хабар дод, тибқи нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёр ва баргузор намудани интихобот, дар ҳудуди ҳавза 35 участкаи интихоботӣ ташкил ва рақамгузорӣ шуд.
Бояд гуфт, ки дар шаҳраку деҳоти ноҳия шиору овезаҳои даъватӣ оид ба интихобот насб шуда, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд. Ҳамаи участкаҳои интихоботӣ бо маводҳои канселярӣ, бланкҳои барӯйхатгирии интихобкунандагон ва дигар маводи зарурӣ таъминанд. Инчунин, тибқи дастурамали Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихобкунандагоне, ки бинобар вазъи саломатӣ иштирокашон дар интихобот инконнопазир мебошад, рӯйхат ва қуттиҳои сайёр омода хоҳанд шуд.
- Дар ин робита аъзои комиссия дар якҷоягӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоти ҷамъиятии маъюбон дар ҳамкорианд ва баҳри таъмини ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамоянд, - илова кард Зиёратшо Акрамзода.
    
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 337
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед