иҷтимоиёт
ИНТИХОБОТ ДАР ФАЗОИ ОЗОДУ ДЕМОКРАТӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД
Ватани маҳбуби мо - Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол дар остонаи боз як маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли равон баргузор хоҳад гашт, қарор дорад. Ин воқеаи бузург дар ҳаёти халқи тоҷик боз як марҳилаи тозаеро ифтитоҳ хоҳад кард.
Интихоботҳои гузашта собит намуданд, ки сокинони кишварамон нисбат ба тақдири миллат, имрӯзу фардои он ҳаргиз бетарафу бепарво нестанд, хуб дарк менамоянд, ки ширкат дар интихобот ва муайян кардани мавқеъю иродаи худ чи моҳияту аҳамиятеро дорост. Ҳоло тафаккури сиёсиву иҷтимоии мардум хеле боло рафтааст ва онҳо ҳама гуна масоили умдаи давлатиро амиқу дақиқ таҳлилу баррасӣ карда метавонанд. Вобаста ба ин, интихоботҳо низ оммавият ва аҳамияти бештаре пайдо кардаанду таваҷҷуҳи ҷомеаро ҳарчи афзунтар ба худ ҷалб менамоянд. Ин ба он маъност, ки дар ҷумҳурии мо акнун заминаҳои воқеию бунёдии ташкил ва баргузории интихоботи озоду демократӣ вуҷуд дорад. Ба ибораи дигар, дар кишвари азизамон барои баргузор намудани интихоботи шаффоф ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодии шаҳрвандон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Муҳимтар аз ҳама, дар ҷумҳурӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул гардидаанд, ки ташкил ва ҷараёни интихоботро танзим менамоянду таҳким мебахшанд. Дар ин росто, аз ҷумла асноду қонунҳои зеринро, метавон ёдовар шуд: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»…
Ҳамчунин, кишвари мо як силсила санадҳои байналмилалиро, ки дар онҳо ҳуқуқу озодӣ ва масъулияти шаҳрвандон таъкиду муайян шуда ва тавзеҳ ёфтааст, эътироф ва ҷонибдорӣ намудаву масъулияти риояи онҳоро ба манфиати мардум ба зимма гирифтааст. Масалан, дар санади муҳими байналмилалии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки Тоҷикистон дар риояи нишондодҳои он хеле фаъолу ҷиддӣ аст, аз ҷумла чунин таъкид шудааст: «Ҳар инсон ҳуқуқ дорад дар идораи кишвари худ бевосита ё тавассути намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, ширкат кунад. Иродаи мардум бояд поя ва асоси қудрати ҳукумат бошад; ин ирода бояд дар интихоботҳои давравӣ ифода ёбад, ки зимни ҳуқуқи умумӣ ва баробари интихоботӣ ба тариқи овоздиҳии махфӣ ё шаклҳои дигари дорои дараҷаи баробар, ки озодии овоздиҳиро таъмин кунанд, амалӣ гарданд». Ҳамагон гувоҳем, ки ин нишондодҳои муҳим дар интихоботҳои Тоҷикистон комилан риоя мешаванд ва ин нуктаро дар хулосаҳои худ нозирони байналмилалии интихоботҳо дар кишварамон тасдиқ кардаанд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба интихоботи навбатӣ барномаҳои пешазинтихоботии худро муаррифӣ мекунанд. Ҳамаи номзадҳо фарзандони шоистаи Ватани маҳбубамон мебошанд ва азму ният, ҳадафу мақсадҳои неки худро доранд. Дар заминаи сиёсати адолатбунёду созанда ва халқпарваронаи Пешвои миллат ҷумҳурии соҳибистиқлоламон аз ҳама бандҳои сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ вораста, рӯ ба рушд овард ва марҳила ба марҳила пеш рафт, ободу шукуфо гашт. Бавижа, бунёди неругоҳҳои барқӣ, роҳу нақбҳо, ривоҷи созандагию тозакориҳо дар соҳаҳои маориф, илму тиб ва иқтисод, иқтидорафзои мамлакат гаштанд. Ҳамбаста ба ин, сол ба сол сатҳи некуаҳволии мардум боло меравад, осоиштагии комилу устувори аҳли кишвар таъмин мешавад.
Бовар дорем, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва бо ширкати фаъолонаи кулли интихобкунандагон, дар рӯҳияи идона, ҳамчун тантанаи демократияи воқеӣ баргузор мешавад ва дар ин замина раванди бунёдкориҳо дар диёри арҷмандамон боз ҳам ривоҷ меёбад.
Санавбар РАҶАБОВА, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.10.2020 №: 196 Мутолиа карданд: 245