logo

иҷтимоиёт

«ШАҲРИ САБЗ» - И МО ДУШАНБЕ

Дар ҳошияи даъвати Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, дар бораи ба «шаҳри сабз» табдил додани Душанбешаҳр

Душанбе ба маъракаи муҳимтарини сол – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегирад. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум бори дигар таъкид намуд, ки мо дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар сокини шаҳр ҳисси баланди масъулиятшиносию ифтихори миллиро талаб менамояд.
Аз ин рӯ, ба раисони ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва ниҳодҳои масъул дастур дода шуд, ки барои мусоидат ба фаъолияти босамари аъзои ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ ва роҳандозии корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ, ободонӣ, перостагии кӯчаю хиёбон ва маҳаллаю шаҳракҳо, сари вақт кашондани партовҳо, насби шиору овезаҳои даъваткунанда, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон ҷаҳду талош намоянд. Ҳамчунин,
Рустами Эмомалӣ аз масъулон таъмини нақшаи шинондани ниҳолу гулу буттаҳои зимистона, поккорӣ, дар ҳолати хуб нигоҳ дош-тани курсию фаввора ва ашёи дигари боғҳои истироҳатӣ, тоза намудани кӯчаю хиёбону гулгаштҳоро тақозо намуда, чунин изҳор дошт: 
«Аз тамоми сокинони шаҳри Душанбе  даъват ба амал меорам, ки барои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт саҳм гузоранд. Дар ин радиф пешниҳод менамоям, ки ҳамчун нишони ҳамраъйӣ ҳар як оилаи сокини пойтахт дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зист як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намояд. Бо ин иқдом мо на танҳо шаҳри худро сарсабз мегардонем ва  дар ободонии он саҳм мегузорем,  балки барои  насли наврас намунаи ибрат гашта, дӯст доштани табиат, макони зист  ва сарзамини худро меомӯзонем».
Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ҳадафи ин иқдом ободу зебою гулфишон намудани пойтахти кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи сокинон ва ба яке аз марказҳои ҷаҳонии сайёҳӣ табдил додани Душанбешаҳр мебошад. «Заҳмату талошҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ободонию ба шаҳри сабзи зебою рушдёфта ва маркази ҷаҳонии сайёҳӣ табдил додани Душанбешаҳр боварӣ, эҳтиром ва муҳаббати мардумро зиёд намудааст. Ин эътимоди мардум, пеш аз ҳама, аз ташаббускорӣ, навҷӯӣ, заҳматпешагӣ, фаъолияти босамари амалӣ ва  таҷрибаи  роҳбарӣ  дар вазифаҳои гуногун сарчашма мегирад. Рустами Эмомалӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи нодири сиёсатмадорӣ омӯхта, аз мактаби сиёсии давлатдории Пешвои миллат баҳравар шудааст ва аз назари маънавӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ мукаммал ба камол расидааст. Ӯ, сарфи назар аз ҷавонӣ, ба тамоми масоили шаҳрдорӣ аз диди навҷӯӣ, оқилонаву одилона муносибат мекунад. Ҳамин аст, ки даъвати раиси шаҳрро барои ба «шаҳри сабз» табдил додани Душанбе сокинони на танҳо пойтахт, балки тамоми ҷумҳурӣ гарм истиқбол намуданд», - гуфтанд аз ҳамин сарчашма дар шарҳи мавзӯъ.
Сабз кардани дарахт  аз қадимулайём суннати неки мо, тоҷикон, маҳсуб  ёфта, дар мероси хаттии гузаштагонамон  беҳисоб ва батакрор таъкид шудааст. Мардуми мо  сабз кардани дарахтро яке аз корҳои хайру савоби равони инсонӣ медонанд ва ин анъанаи некро тӯли таърих то имрӯз идома додаанд. Амалисозии ин иқдоми наҷиб дар тарбияи меҳнатӣ, зебоипарастӣ ва баланд шудани маърифати экологии  аҳли  ҷомеа,  хусусан наврасону ҷавонон, нақши муҳим дошта, Душанберо ба як боғистони дилоро, шаҳри боз ҳам дилкашу зеботар  табдил  медиҳад.  Аз  ин рӯ, месазад  аҳамияти  ин иқдоми нек – сарсабз гардондани шаҳрро ба назар гирифта, тарғиби мунтазами онро тавассути матбуоти даврӣ, радиову телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ амалӣ намоем ва ин ташаббуси неки ободгароиро ба як ҷунбиши умумимиллӣ табдил диҳем.

С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.10.2020    №: 197    Мутолиа карданд: 182
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед