logo

иҷтимоиёт

АСОЛАТИ ВАТАНДОРӢ

Истиқлолият. Ин дастовард барои давлату миллати тоҷик волотарин ва пурарзиштарин ба ҳисоб рафта, ҳамчун арзиши муқаддас ва муҳити озоди соҳибихтиёрӣ дар таърихи навини миллати тоҷик саҳифаи наверо варақгардон намуд, ки оғози дигаргуниҳои гардишсоз дар ҳама соҳаҳои ҳаёти давлату ҷомеа гардид. Истиқлолият ба сарзамини офтобию биҳиштосои мо нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву суботи комилро ба мардуми тамаддунофару сарбаланди Тоҷикистони маҳбуб ҳадя намуд.
Бояд гуфт, ки миллати шарафманду соҳибтамаддун ва куҳанбунёди тоҷик аз азал ба истиқлолият эҳтироми шоиста дошт ва дар гузашта ормони истиқлолхоҳиро як ҷузъи асолати ватандорӣ ва ҳувияти миллии хеш медонист.
Мутаассифона, солҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон туфайли фарзандони нохалаф ва хоинонаш ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ печид. Дар замони тасаллути ошуфтагӣ ва бенизомиву бесуботӣ дар авзои сиёсӣ ва умури идории мамлакат, дар замоне, ки аз ҳеҷ самте роҳи наҷот ба чашм намерасид, Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бо инояти Офаридгор фарде ба сари қудрат омад, ки ба рӯйи халқ аз нав шуълаи умедро ба ояндаи фирӯз рӯшан кард, давлатро аз нобудшавӣ, миллатро аз парокандагӣ эмин дошт. Ин фарзанди сарсупурда ва асилу фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки имрӯз халқи азизу муътабараш ӯро ба ҳайси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат эътироф карда, меҳрашро дар қалбҳои поки худ ошёни ҳамешагӣ додаанд.
Пешвои миллат ба қавле «ҷонро ба каф»-и даст гирифта, барои бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намудани қазия бо роҳбари мухолифин гуфтушунидҳои зиёд анҷом доданд. Ва оқибат баъди панҷ соли гуфтушунидҳо 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Хушбахтона, 23 сол мешавад, ки дар кишвари мо садои тиру туфанг, нолаи талхи модарон ба гӯш намерасад. Мардум ба ҳаёти осуда бо эътимоди комил, бо дилҳои пур аз умед ва орзуҳои нек ба сӯи фардои дурахшон қадам мезананд. Аз ин рӯ, дар баробари ин арзиш ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки барои пойдор нигоҳ доштани сулҳу суботи ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқ ҳамеша ҳушёру омода бошад.
Ҳоло сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор гирифта, чун падидаи нодири сулҳофарӣ пазируфта шудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуд. Ин дастовардҳо саҳлу сода нестанд, зеро эътироф дар заминаи эътимод рӯйи кор меояд. Насли ҷавон бояд хуб дарк намояд, ки ин дастовардҳо ба осонӣ ба даст наомадаанд ва онро чун гавҳараки чашм нигоҳ бояд дошт.
Ба қавли Аббосалӣ Гасанов, собиқ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ҳеҷ сарвату бойигарӣ ба сулҳу субот ва оромии кишвар баробар шуда наметавонад. Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд, имрӯз яке аз кишварҳои боамну босуботи сайёра мебошад ва ин амну субот ба рушди олии кишвари шумо мусоидат хоҳад намуд. Ин неъмати олиро бо хости Худованд маҳз Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми тоҷик ҳадя намудааст. Бо доштани чунин Пешвои миллат ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст».

Искандар ҚАЛАНДАРЗОДА,
сардори сикли умумиҳарбии кафедраи ҳарбии
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.10.2020    №: 197    Мутолиа карданд: 98
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед