logo

иҷтимоиёт

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚӢ, ТАҶРИБАИ КОФӢ ВА ФАЗОИ МУСОИДИ СИЁСӢ МАВҶУДАНД

Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  шаффофу демократӣ баргузор гардидани интихобот ва иштироки озодонаи мардумро дар ҳаёти сиёсиву идоракунии давлат кафолат медиҳанд. Ҳамин кафолатҳои ҳуқуқӣ нишонаи асосии давлати демократию ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистон мебошад.
Ин кафолатҳо имкон медиҳанд, ки миёни субъектҳои раванди интихобот ва иштирокчиёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ барои баҳсу муколамаҳои созанда фазои орому озод ва имкониятҳои баробар фароҳам оварда шаванд. Муҳим он аст, ки шаҳрвандон аз ин ҳуқуқҳои худ истифода намуда, аз раъйи онҳо вобаста будани тақдири ояндаи давлату миллатро дарк намоянд ва дар ин самт фаъолияти худро танҳо дар доираи Конститутсия ва қонунгузории мамлакат ба роҳ монанд.
Иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатӣ маҳз бо роҳи ифодаи раъйяшон дар интихобот ва раъйпурсиҳо амалӣ мегардад. Мутобиқи моддаи 21-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар «Ҳар як инсон ҳақ дорад, бевосита ё ба воситаи намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, дар идораи корҳои кишвари худ ширкат намояд. Ҳар як инсон дар кишвари худ ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар дорад». Иродаи халқ дар асоси муқаррароти санади мазкури байналмилалӣ бояд асоси ҳокимияти давлатӣ бошад. Он дар интихоботи даврӣ низ ифода меёбад.
Мутобиқи моддаи 25 - и Паймони байналмилалӣ бошад, «ҳар як шаҳрванд бояд бидуни ягон навъ табъизи дар моддаи 2 зикршуда ва бидуни маҳдудиятҳои беасос ҳуқуқ ва имкониятҳои зеринро дошта бошад: дар пешбурди корҳои давлатӣ, чи бевосита ва чи ба воситаи намояндагони ба таври озод интихобшуда, ширкат намояд; дар интихоботи озоди даврӣ, ки дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ ва баробар бо овоздиҳии пӯшида ва таъминкунандаи иродаи озоди интихобкунандагон доир мешавад, ширкат намояд ва интихоб шавад; дар кишвари худ аз имконияти умумии баробар ба хизмати давлатӣ истифода намояд».
Ҳуқуқи шаҳрвандон барои иштирок кардан дар идораи корҳои давлат дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зикр шудааст. Тибқи он шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  моддаи 6, омада:  «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосити ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Халқи Тоҷикистонро, сарфи назар аз миллаташон, шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд». Дар Тоҷикистон шаҳрвандон ҳуқуқҳои асосии зерини интихоботӣ доранд:
- ҳуқуқи интихоб кардан (ибрози озодона ва масъулиятшиносонаи ирода дар интихобот ва раъйпурсӣ);
- ҳуқуқи интихоб шудан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
- ҳуқуқи аз ҷониби интихобкунандагон бозхонд шудани ашхосе, ки ба онҳо нобоварӣ изҳор гардидааст.
Дар тамоми ҷаҳон шакли аз ҳама оммавии иштироки одамон дар идораи корҳои давлат ва ҷомеа интихобот ва раъйпурсиҳо мебошанд. Усули муҳимтарини ташаккули мақомоти ҳокимият бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ интихобот ба шумор меравад. Ҳар як интихобкунанда ҳуқуқ дорад дар интихоботи Президент, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита иштирок намояд.
Агар равандҳои сиёсии ҳаёти ҷомеа аз тарафи шаҳрвандон дуруст дарк шаванд, он гоҳ ҳар як интихобкунанда масъулияти шахсии худро барои амалӣ намудани ҳуқуқи интихобиаш дарк намуда, ба таври фаъол ва бевосита аз он истифода менамояд. Баъзан мафҳумҳои интихобот, овоздиҳӣ ва раъйпурсиро як чиз мешуморанд, ки хатост. Бояд гуфт, ки раъйпурсӣ ва овоздиҳӣ дар сатҳи интихобот қарор надоранд. Онҳо унсурони раванди интихобот мебошанд, аммо худи интихобот раванди мунтазам ва даврагӣ буда, дар он мақомоти давлатӣ интихоб мегардад ва он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор гардидааст. Шаҳрвандон дар интихобот иштирок намуда, манбаи ҳокимият будани халқро исбот менамоянд. Маҳз дар интихобот соҳибихтиёрии шаҳрванд муайян мегардад. Дар раванди иштирок дар интихобот бояд касе ба интихобкунанда фишор наоварад. Ҳуқуқи интихобкунанда навъи беҳтарини таҷассуми ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори интихоботи демократӣ ва ба таври озоду шаффоф гузаштани он мебошад. Барои дар чунин сатҳ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ, таҷрибаи кофӣ ва фазои мусоиди сиёсӣ мавҷуданд. Боварии комил дорем, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанги баланди сиёсӣ нишон дода, барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Дилошӯб ТОЛИБЗОДА,
корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.10.2020    №: 198    Мутолиа карданд: 207
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед