logo

иҷтимоиёт

ШУКРГУЗОРУ РИСОЛАТШИНОС БОШЕМ!

Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 29 соли истиқлолият ҳаёти сиёсию ҷамъиятиро танзим намуда, оромию осудагии мардумро фароҳам овард, қадамҳои муҳими робитаҳои байналмилалии худро дар арсаи ҷаҳонӣ гузошт. Дере нагузашта мардуми тамаддунпарвару бофарҳанги тоҷик баъди пайгирӣ намудани қадамҳову фикру андешаҳои раҳбари воқеӣ - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон шинохта шуд. Зеро, бо заҳматҳои бардавомашон тавонистанд Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, ҳадафҳои стратегии мамлакат қадам ба қадам амалӣ намуда, дар таърихи навин кишвар барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба ин мақсадҳо расид.
Дар ҷараёни таҳия ва қабули Конститутсия Роҳбари давлат, дар баробари омӯхтани таҷрибаи давлатҳои собиқадор усули демократии идораи ҷомеа ва бо сармашқ намудани арзишҳои умумибашарии озодиву истиқлол, хусусиятҳои хоси миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистонро дар мадди назар нигоҳ медоштанд. Дар ҳамин росто, дар моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад».
Маҳз бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мо, давлати иҷтимоӣ муайян шудааст ва ин чунин маъно дорад, ки фаъолияти давлат барои баровардани эҳтиёҷоти аслии шаҳрвандон ва ба таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар нигаронида шудааст.
Тамоми дастовардҳои кишвар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии раҳбарамон буд, зеро сиёсати пешгирифтаи ӯ тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, маишиву маънавии мардуми тоҷикро фаро гирифт, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳе ба як кишвари зебо ва амну обод табдил ёфт. Бо дигаргун намудани инфрасохтори шаҳру ноҳияҳо ва деҳаю маҳалҳо рӯз то рӯз Тоҷикистон ободу зебо гардида, ҳадафи зиёрату истироҳати роҳгардону сайёҳони ҷаҳон гардид.
Ин ва дигар кӯшишу заҳматҳои бепоён буд, ки Тоҷикистон на фақат дар бахши илму фарҳанг ҷаҳише ба амал овард, балки дар бахши қонуну танзим ва беҳдошти зиндагии мардуми кишвар намунаи назаррасе дошт.
Сиёсати комилан дақиқ, санҷида, оқилона, ҷасурона ва иқдомҳои ботадбиронаи Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба хотири сулҳу оромиш ва хотима бахшидан ба талафоти инсонӣ ба иқдомҳои беназири қобили таваҷҷуҳ даст зад. Мардуми кишвар барқарории сулҳро хизмати бузурги таърихӣ ва қаҳрамонии беназири Эмомалӣ Раҳмон мешуморанд, ки иродаи мардуми кишварро ба ҳақиқат пайваст ва заминаро барои пойдории истиқлоли миллӣ ва шукуфоии Ватани азизамон фароҳам овард. Имрӯз Тоҷикистон ба як кишвари ободу шукуфо, минтақаи сулҳу суботу амният, устувортарин қалъаи ваҳдати миллӣ ва мардумсолорӣ мубаддал шудааст.
Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо камоли эҳтиром ва хоксорӣ ин ҳама дастовардҳои муҳимро ба худ нисбат намедиҳанд. Тавре таъкид намудаанд: «Нақшаву барномаҳои қабулкардаи мо доир ба рушди миллӣ, ки имрӯзу фардои миллату давлатро ба ҳам пайванд медиҳанд, бо заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми Тоҷикистон пайгирона амалӣ шуда истодаанд».
Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба сӯи ояндаи боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад . Бинобар ин, мо ҳамеша бояд шукргузор бар саодати соҳибдавлатӣ дошта бошем ва фарзандони худро низ дар рӯҳияи сарфарозӣ ва ифтихор аз давлати соҳибистиқлол доштан парвариш намоем.

Одинахон НУСРАТУЛЛОЗОДА,
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2020    №: 199 - 200    Мутолиа карданд: 89
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед