logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН ВА ҶИЛОИ АРЗИШҲОИ ДЕМОКРАТӢ Ё ИНТИХОБОТЕ, КИ ДАР РӮҲИЯИ ОЗОД ВА НАМУНАВӢ ГУЗАШТ

Гузориши махсуси "Ҷумҳурият"

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябр дар фазои озоду рӯҳияи идона баргузор гардид, боз як саҳифаи тозаро дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боз намуд. Иштироки фаъолонаи мардуми сарбаланди тоҷик дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва бо эҳсоси баланди худшиносиву ватандорӣ ба пойи сандуқҳои раъй рафтани шаҳрвандон паёми рӯшане аз он буд, ки дар Тоҷикистони соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ халқ баёнгари воқеии ҳокимияти давлатист ва дар муайян намудани сарнавишти хеш масъулияти баланди шаҳрвандиро хеле хуб эҳсос мекунад. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ки дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ доир шуд, таваҷҷуҳи доираҳои таҳлилро ба иродаи устувор ва сулҳхоҳонаи миллати тамаддунсози тоҷик, арзишҳои пойбарҷои озодиву низоми демкоратия ҷалб сохт.

Хабарнигорони рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки дар ҳавзаву участкаҳои интихоботии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсиро пайгирӣ намуданд, гузориш доданд, ки интихобот дар фазои озоду шаффоф, риояи принсипҳои ҷомеаи демократӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқҳои интихобкунандагон сурат гирифта, сокинони мамлакат аз субҳи барвақт бо рӯҳи болидаву ифтихор аз фазои осудаи Ватани маҳбуби хеш ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир мешуданд. Дар тамоми участкаҳои интихоботӣ нахуст Суруди миллӣ садо дода, зери навои карнайю сурнай дари қитъаҳои раъйдиҳӣ ба рӯи интихобкунандагон боз гардид ва дар 3375 участкаи интихоботӣ аз соати 6:00 то 20:00 овоздиҳӣ ҷараён гирифт. Тавре мушоҳидаҳо бозгӯӣ мекунанд, бо мақсади ҳифзи сиҳатии мардум дар робита бо COVID - 19 ҳамаи участкаҳои интихоботӣ бар асоси дастурамали вижаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо маводи зиддиуфунӣ ва ҳимояи шахсӣ таъмин гардида, рафти овоздиҳӣ бо риояи меъёрҳои муқарраршуда сурат гирифт, ки аксари мушоҳидони байналмилалӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи хос доштанд.
Дар баробари иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар дохили ҷумҳурӣ, нимаи аввали рӯзи интихобот оид ба ширкати дастаҷамъонаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷӣ кишвар низ хабарҳои тоза ба дасти мо расид. Вазорати корҳои хориҷии мамлакат бо нашри аксҳои зиёд дар сомонаи худ рафти овоздиҳиро намоиш дода, иттилоъ дод, ки дар сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон барои иштироки шаҳрвандон дар интихобот тамоми шароити зарурӣ фароҳам гардидааст. Аз ҷумла, ба манзури таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандоне, ки муваққатан ё ба таври доимӣ берун аз кишвар қарор доранд, 39 участкаи интихоботӣ созмон ёфта, шаҳрвандони моро дар шаҳрҳои Абу-Забӣ, ал-Кувайт, Алмаато, Анқара, Ашқобод, Берлин, Бишкек, Боку, Брюссел, Вашингтон, Вена, Давҳа, Деҳлии Нав, Дубай, Екатеринбург, Женева, Исломобод, Истанбул, Киев, Кобул, Куала-Лумпур, Қоҳира, Лондон, Мазори Шариф, Минск, Москва, Новосибирск, Нур-Султон, Ню-Йорк, Париж, Пекин, Риёз, Санкт-Петербург, Сеул, Теҳрон, Токио, Тошканд, Уфа ва Файзобод ба пойи сандуқҳои раъй бурд.
Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ дар рӯзи интихобот ин буд, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии (КМИР) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар се соат тавассути пахши мустақим натиҷаҳо оид ба иштироки шаҳрвандон дар ин маъракаи муҳими сиёсиро эълон мекард.  Аз ҷумла, соати 9:00 дар ҳузури доираи васеи хабарнигорон ва мушоҳидон эълон шуд, ки давоми се соати аввал дар саросари мамлакат аз шумораи умумии интихобкунандагон 1 миллиону 23 ҳазору 430 нафар ё баробар ба 20,70 дарсади интихобкунандагон ба номзади арзандаи худ овоз доданд. Ин шумора дар соати 12:00 ба 2 миллиону 295 ҳазору 459 нафар баробар шуд, ки 46,44 дарсадро ташкил дод. Нимаи дуюми рӯз теъдоди раъйдиҳандагон ба марзи 3 миллиону 495 ҳазору 215 нафар (70,71 дарсад) расид ва таваҷҷуҳ ба ин омор Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоботро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршуда арзёбӣ кард. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои КМИР, дар ҷумҳурӣ барои интихобот 4 миллиону 900 ҳазору 545 овоздиҳанда сабт шуда, интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки зиёда аз 50 дарсади интихобкунандагон дар он ширкат варзида бошанд.

ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Фазои идонаи интихобот мушоҳидонро ба ваҷд овард
Раванди интихобот дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе, ки дар умум баёнгари вазъи тамоми ҷумҳурӣ аст, нишон дод, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо аз интихобот то интихобот таҷрибаҳои наву пешрафта касб мешаванд. Муҳайё гардидани шароити мусоид дар участкаҳои интихоботии шаҳр, чораҳои беҳдоштӣ вобаста ба ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва шеваи истиқболи раъйдиҳандагон аз ҷониби масъулони комиссияҳои интихоботӣ дар аксар вақт қобили таваҷҷуҳи мушоҳидони байналмилалӣ буд, ки дар суҳбатҳои алоҳида бо хабарнигорони мо ба ин нукта ишора намуда, аз сатҳу сифати тадорукоти анҷомшуда ситоиш карданд.
Аз субҳи содиқ сокинони сарбаланди пойтахт, бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватан ва рӯҳияи озодихоҳӣ ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир мешуданд. Масъулияти сокинони шаҳр дар баробари ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба ҳадде зоҳир мешуд, ки дар бархе қитъаҳои овоздиҳӣ навбат истодани интихобкунандагон ба мушоҳида мерасид. Чунин изҳори иродаи шаҳрвандон як навъ посух ба бадхоҳоне буд, ки бо даъватҳои душманонаи хеш мехостанд, раванди интихобот ва иштироки фаъолонаи мардум дар онро халалдор созанд.
Сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, чун дигар шаҳрвандони мамлакат бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ ба участкаи интихоботии № 15 ҳозир мешуданд. Саҳни гулпӯшу озодаи участка, шароитҳои фароҳамшудаи овоздиҳӣ ба ҳар нафар фараҳи тоза бахшида, фазои интихоботиро пуршукӯҳу тантанавӣ ҷилвагар менамуд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қатори дигар сокинон ба ҳамин участка омада, бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ дар ҳузури мушоҳидони байналмилалӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ба хотири ояндаи дурахшони кишвар, саодати мардум, рушди босубот ва пешрафту шукуфоии боз ҳам афзуни Тоҷикистони соҳибистиқлол овоз доданд. Дар участкаи интихоботӣ 1490 интихобкунанда сабти ном шуда, то соати 10:00 беш аз 50 дарсади онҳо дар интихобот иштирок карданд. Манзараи ҷолиб, чун дигар участкаҳои интихоботӣ бо эҳтироми хос ва тақдими гулдаста истиқбол намудани интихобкунандагоне буд, ки бори аввал дар чунин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат меварзанд.
Дар ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ № 1, ки 41 участкаи интихоботӣ дошт, барои иштироки 76673 интихобкунандаи сабтиномшуда шароити мусоиди овоздиҳӣ муҳайё буд. Аз шумораи умумии интихобкунандагони ҳудуди ҳавза 1091 нафари онҳо аз ҷумлаи ҷавононе буданд, ки бар асоси қонунгузорӣ бори аввал ба интихобот даъват шуданд. 1393 нафари дигар шахсони имконияташон маҳдуд ва солмандоне буданд, ки дар заминаи шароити фароҳамшуда тавонистанд, раъйи худро ба қуттиҳои сайёр резанд. Дар ҳамин ҳол, Ҳамидҷон Мухаков, раиси комиссияи ҳавза, дар суҳбат бо мо изҳор дошт, ки барои нафарони имконияташон маҳдуд қуттии сайёр ташкил ва тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ҷараёни овоздиҳии онҳо дар манзили зисташон таъмин шуд. «Барои ҷавононе, ки бори аввал ба интихобот омоданд, туҳфаҳои хотирмон тақдим кардем». Дар участкаи интихоботӣ чораҳои беҳдоштии вобаста ба ҳифзи саломатии шаҳрвандон хуб ба роҳ монда шуда, дар ҷараёни овоздиҳӣ аз маҳлулҳои безараргардонӣ истифода мешуд.
Субҳи босафои 11 октябр даромадгоҳи бинои  Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, ки дар он ҳавзаи интихоботии Сино № 4, воқеъ гардида буд, фазои идона дошт. Дар саҳни бино санъаткорони ин боргоҳи ҳунар бо созу сурудҳои марғуб хотири интихобкунандагонро болида медоштанд. Дар ҳамин бино ду участкаи интихоботӣ амал мекард, ки интихобкунандагон гурӯҳ-гурӯҳ вориди он мегардиданд.
Албина Сафарзода, сокини пойтахт ин рӯзро барои худ таърихиву фаромӯшнашаванда медонад. Зеро ӯ бори аввал пойи сандуқи раъй рафт ва ба яке аз номзадҳои арзандаи худ овоз дод. Дар участкаи интихоботии № 44 - и ноҳияи Сино Албинаро бо гулдаста пешвоз гирифтанд. Вай бо он ки бори аввал дар чунин як маъракаи сиёсӣ иштирок дорад, барои муайян намудани мавқеи худ ба тарафдории яке аз номзадҳо зиёд андеша карда, барномаҳои пешазинтихоботии онҳоро мавриди назар қарор додааст.
Дар 80 участкаи интихоботии ҳавзаи интихоботии Сино № 4 дар маҷмӯъ, 142 ҳазору 489 нафар интихобкунанда сабт шудаанд, ки аз ин шумора 2701 нафар ҳамсафони Албина буданд, яъне бори аввал ҳуқуқи овоздиҳӣ пайдо карданд.
Аббос Саидмуъминзода, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботӣ, аз иштироки фаъолу масъулиятшиносонаи интихобкунандагон дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ истиқбол кард ва зимни суҳбат гуфт, ки то соати 9:00, аллакай, беш аз 34 дарсади раъйдиҳандагон дар интихобот иштирок карданд. Дар участкаҳои интихоботии ҳудуди ҳавза теъдоди зиёди мушоҳидони милливу байналмилалӣ саргарми корзори интихобот ва назорат буданд.
Субҳи он рӯз чунин манзара ё садои Суруди миллӣ дар ҳар гӯшаи Душанбе зиёд ба гӯш мерасид ва рӯҳро навозиш мекард. Ин садои рӯҳнавозу тантанаомез рӯзи 11 октябр дар баробари қалби Тоҷикистон дар дигар минтақаҳо низ ба само мепечид. Ҳамин садои муҳаббатрез ба ватандорӣ вуруди сокинонро ба участкаҳои интихоботӣ шитоб мебахшид.
Дар  хиёбони  Рӯдакии  шаҳри  Душанбе  ду  ҳавзаи  интихоботӣ – Исмоили Сомонӣ № 2 ва Шоҳмансур № 3 воқеъ буд. Мо рафти овоздиҳӣ дар участкаҳои интихоботии ҳудуди ҳар ду ҳавзаро мушоҳида кардем. Бино ба иттилои раиси ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ № 2 Комил Шарифов, дар ҳудуди ин ҳавза 40 участка буда, шумораи интихобкунандагонаш 57237 нафар мебошад.
- Ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур № 3, фарогири 42 участкаи интихоботӣ буда, шумораи раъйдиҳандагон 70 644 нафарро ташкил медод. То рӯзи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолона ширкат варзидани сокинон ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ҳудуди ноҳия 222 лавҳа насб ва 10 ролик дар телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахш намудем, - гуфт Асҳобиддини Шералӣ, раиси ҳавза. - Барои 313 сокини дорои имконияташ маҳдуд низ ғамхории хос зоҳир гардидааст.
Соати 6:30-и субҳ дар назди участкаи № 8, ки дар бинои Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷойгир буд (ҳавзаи № 3), теъдоди зиёди интихобкунандагон пушти ҳуҷраҳои овоздиҳӣ буданд. Исмоил Файзизода, раиси участка зикр кард, ки дар ин ҷо 1086 нафар овоздиҳанда ба қайд гирифта шудааст.
Дар участка тамоми қоидаҳои беҳдоштӣ риоя шуданд. Пеш аз оне, ки шаҳрвандон вориди бино шаванд, навбатдорон вазъи сиҳатии онҳоро омӯхта, дастҳояшонро бо маводи зиддиуфунӣ безарар менамуданд.
Айни чунин тартиб дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 65-и пойтахт, ки дар он участкаи интихоботии № 9 (ҳавзаи № 3) ҷойгир буд, мушоҳида кардем. Сокинон бо табъи болида ба овоздиҳӣ меомаданд.
Фарзонаи Ҷунайдулло, ки ба участкаи интихоботии № 5 (ҳавзаи № 2) ба овоздиҳӣ меомад, дар суҳбат гуфт, ки ӯ бо барномаҳои пешазинтихоботии ҳамаи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос аст ва барои беҳтарин номзад овоз хоҳад дод. "Нафареро интихоб мекунам, ки пеш аз ҳама сулҳу салоҳ ва зиндагии шоистаи мардуми кишварро таъмин намояд", - таъкид кард ӯ.
Назди участкаи интихоботии № 3 (ҳавзаи № 2), воқеъ дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 низ, мисли дигар участкаҳо серодам буд. Рашид Раҳимов ва Мафтуна Акилова дар даст тифли яку нимсолаашон ба ин участкаи интихоботӣ омада, раъй доданд. "Мо барои ояндаи боз ҳам дурахшони Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва дар фазои орому осуда ба воя расидани Муҳаммадҷонамон ба номзади арзанда овоз додем. Ва бовар дорем, ки нафари интихобнамудаамон ин орзуи моро ҷомаи амал мепӯшонад".
Тавре мушоҳида намудем, насли калонсоли кишвар низ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъол буданд. Мавлуда Мирзоеваи 63-сола, сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо як гурӯҳ ҳамсояҳояш ва келину духтараш ба интихобот омадааст. Табассум дар лабҳои ин модар гул карда буд. "Вақте шаб саратро ба болин монда ором хоб меравӣ, зарур аст, ки барои оянда биандешӣ ва дар интихоби худ иштибоҳ накунӣ. Зеро шабҳое буд, ки аз тарс мо то рӯз бедор будем. Шукрона мекунем, ки имрӯз мо кишвари амну осуда дорем ва ҳуқуқи интихоб намудану муайян кардани сарнавишти минбаъдаамон дар дасти худи мост".

ХАТЛОН
Аз баҳои мусбати нозирон то иштироки фаъолонаи шаҳрвандон
Сокинони вилояти Хатлон аз субҳи 11 октябр, дар интихобот фаъолона иштирок намуда, ба ҷонибдории номзади арзанда овоз доданд. Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар баробари дигар сокинони вилоят ба участкаи интихоботии № 5 (ҳавзаи интихоботии Бохтар № 44) омада, раъйи худро дод. Ин қитъаи овоздиҳӣ 1980 нафар интихобкунанда дошта, аз он 12 нафар бори аввал раъй дод.
Пас аз раъйдиҳӣ раиси вилоят бо мушоҳидони байналмилалӣ мулоқот намуд. Мушоҳидон ба раванди интихобот баҳои хуб дода, онро шаффофу демократӣ арзёбӣ намуданд.
Раиси вилоят дар назди хабарнигорон изҳор дошт, ки интихобот падидаи демократӣ, воқеаи муҳими сиёсӣ буда, натиҷаи он рушди минбаъдаи давлатамонро муайян мекунад.
Дар 25 ҳавзаи интихоботии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон як миллиону 717 ҳазору 489 нафар интихобкунанда сабт шудааст. Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳавзаҳои интихоботии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 92 хабарнигори сабтиномшуда, беш аз 5 ҳазор мушоҳидони миллӣ ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ мушоҳида карданд.
Субҳи содиқ участкаи интихоботии № 3-и ҳавзаи интихоботии Кӯшониён № 50, ки дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 20 ҷойгир буд, серодам ба назар мерасид. Саҳн ва дохили муассиса намои идона дошт. Савти фораме гӯё ба мардум аз ояндаи дурахшон паём медод. Дар дохил ду ҳамшираи тиб вазъи сиҳатии интихобкунандагонро месанҷид.
Котиби ҳавзаи интихоботии Кӯшониён № 50 Додарҷон Ғуломов гуфт, ки ҳолати иштироки сокинон хурсандибахш аст. - То соати 10:00 аз 126 ҳазору 67 овоздиҳанда 61 ҳазору 773 нафар (49 дарсад) иштирок кард, ки натиҷаи хуб аст.
- Сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, то соати 9:30 субҳ 28 ҳазору 850 нафар (31,1дарсад) ба участкаҳои интихоботӣ омада, раъй додаанд. Дар маҷмӯъ, бояд 92 ҳазору 644 бошандаи ноҳия мавқеи худро муайян намояд, - гуфт раиси ҳавзаи интихоботии А. Ҷомӣ № 65 Сайдаҳмад Муъминов. - Барои маъюбоне, ки то участкаҳо омада метавонанд, гузаргоҳҳои махсус – пандусҳо сохта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Вахш аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб бо шодмонӣ ва боварӣ ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз ба участкаҳои интихоботӣ омада, дар интихобот иштирок намуданд. То соати 10:00 48 ҳазору 166 сокини ноҳия (48 дарсад) раъйи худро ба ҷонибдорӣ аз номзади арзанда дод.
- Мушоҳидони байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Тотористони Россия ҷараёни интихоботро назорат карда, барои дар сатҳи зарурӣ омода будани участкаҳо баҳои хуб доданд. Кӯшиш карда истодаем, ки ҷараёни овоздиҳӣ бидуни камбудӣ ба поён расад, - иброз дошт раиси ҳавзаи интихоботии Вахш № 51 Азизулло Негматов.
Он рӯз кӯчаҳои Кӯлоби бостонӣ ҳам қабои идона ба бар карда, мардуми сарбаланди шаҳр бо табъи болида ба сӯи участкаҳои интихоботӣ равон буданд. Дар участкаҳои интихоботӣ шаҳрвандонро бо дафу доира пешвоз мегирифтанд.
Участкаи интихоботии № 25, ки 1475 интихобкунандаро ба овоздиҳӣ фаро хондааст, дорои тамоми шароити зарурӣ буд. Тавре мушоҳида кардем, барои нафарони имконияташон маҳдуд ҳуҷраи махсус ҷудо шудааст. Барои интихобкунандаҳое, ки имкони ба участкаи интихоботӣ омаданро надоранд, ба хонаи онҳо қуттиҳои сайёр фиристода мешаванд, то онҳо низ дар маъракаи интихобот иштирок карда, ба номзади арзандаи худ овоз диҳанд. Чунин шароит дар дигар участкаҳои интихоботии шаҳри Кӯлоб низ фароҳам оварда шудааст.
Бино ба иттилои Исмон Хушбахтзода, раиси ҳавзаи интихоботии Кӯлоб № 54, дар ҳудуди шаҳр 59 участкаи интихоботӣ созмон ёфта, теъдоди интихобкунандагон 108 ҳазору 910 нафар мебошад, ки то соати 12:00 мизони иштирокчиёни интихобот 58 дарсадро ташкил дод.
Дар рӯзи интихобот кӯчаҳои маркази ноҳияи Данғара ва деҳоти дурдасти он серодам буданд. Мардум ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, мавқеи шаҳрвандии худро муайян мекарданд.
Бино ба иттилои Қурбоншо Абдуллозода, раиси ҳавзаи интихоботии Данғара № 54, ҳавза 59 участка дошта, дар маҷмӯъ, 92 ҳазору 976 овоздиҳанда сабт гардидааст. Мушоҳида нишон дод, ки дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ омодагӣ дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ гардида, ҳамзамон, ба чораҳои беҳдоштӣ авлавияти хос дода шудааст.
Раҳмон Исломиддин, раиси ноҳия, дар қатори дигар мардум субҳи барвақт ба участкаи интихобии № 1, ки дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҷойгир буд, омада, ба ҷонибдории номзади арзанда раъй дод. Дар ин участка  2120 интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, 16 нафар бори аввал овоз дод. Раванди овоздиҳиро нозирони байналмилалӣ аз САҲА, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, кишварҳои Россия ва Ӯзбекистон зери назар қарор доданд. Мушоҳидон ба корҳои омодагӣ, рафти баргузории интихобот ва иштироки фаъолонаи сокинон дар ин маъракаи сиёсӣ баҳои баланд доданд.
Мардуми ватандӯсти шаҳри Норак ба хотири амалишавии орзуҳои ояндаи худу фарзандонашон ва фардои боз ҳам дурахшони Тоҷикистони маҳбуб шурӯъ аз соати 6:00 ба участкаҳои интихоботии маҳали зисташон ҳозир шуда, бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ба ҷонибдории номзади арзанда раъй медоданд. Дар ин рӯз шаҳр симои идона дошт ва аз ҳар гӯша садои суруд ба гӯш расида, ба маъракаи интихобот ҳусни дигар зам мекард. Ин далели сулҳу оромии кишвар ва зиндагии осудаи сокинон мамлакат мебошад.
Ҳавзаи интихоботии Норак № 46, 30837 интихобкунанда ва 16 участкаро фаро мегирифт. Ҷараёни баргузории интихобот дар шаҳри Норакро низ мушоҳидони байналмилалӣ назорат карданд, мавриди тавсиф қарор гирифт.
Участкаи интихоботии № 4, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 ҷойгир буд, бо 2979 интихобкунандааш яке аз калонтарин участкаҳои ҳудуди ҳавза маҳсуб меёфт. Саҳни ҳавлии участка бо шиору овезаҳои ифодагари интихобот зебо гардида, ҷавонони шаҳр зери оҳангу суруд рақсу шодӣ мекарданд. Инчунин, гӯшаи ҳунарҳои мардумии бонувони шаҳри Норак ороста шуда буд, ки таваҷҷуҳи нозирони байналмилалиро ба таърих ва расму оини мардуми мо бештар ҷалб кард.

СУҒД
Раъй ба хотири фардои аз имрӯз дурахшонтар
Дар 18 ҳавзаи интихоботии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мардум бо рӯҳияи баланди хештаншиносӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ ба интихобот мерафтанд. Фазои интихоботӣ дар маркази маъмурии вилоят - шаҳри Хуҷанд басо идонаву сурурбахш буд. Роҳбарияти вилоят ва шаҳр дар баробари дигар интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуданд. Аз ҷумла, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ ба участкаи интихоботии № 27 омада, ба ҷонибдории номзади арзанда ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй дод.
Сарфи назар аз он ки то андозае сардии ҳавои фасли тирамоҳ эҳсос мешуд, дар участкаи интихоботии № 3-и ҳавзаи интихоботии Гулистон № 29 мардум бо дилу чеҳраи гарм вориди  бино  мешуданд. Сокинони шаҳри Гулистон бо ҳузури фаъолонаи худ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ нишон доданд, ки барои имрӯзу ояндаи давлату миллати худ бетараф нестанд ва иштирок дар интихоботро масъулияти шаҳрвандии худ медонанд. Бино ба иттилои Абдусамад Кенҷаев, раиси ҳавзаи интихоботии Гулистон № 29, дар ҳудуди ҳавза 16 участкаи интихоботӣ амал карда, 24 ҳазор шаҳрванд аз ҳуқуқи овоздиҳӣ бархӯрдоранд ва то соати 9:00 то 35 дарсади интихобкунандагон ба назди қуттиҳои раъйдиҳӣ ҳозир шуданд.
Иштироки фаъолонаи интихобкунандагон дар участкаҳои интихоботии яке аз калонтарин ноҳияҳои мамлакат – Бобоҷон Ғафуров ҳам қобили васф буд. Зеро, ба иттилои Абдуқаюм Муллобоев, раиси ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров № 36, давоми 4 соати аввали раъйдиҳӣ 61 дарсади интихобкунанда дар овоздиҳӣ иштирок кард.
Профессор Ҳабибулло Холҷӯраеви 87-сола гуфт, ки то кунун дар интихоботи зиёде иштирок кардааст. Аммо фазои ин маърака комилан дигар аст ва он дар фазои идона ва шукргузорӣ аз даврони шукуфтанҳо ҷараён дорад. Ман барои пойдории сулҳу оромӣ, бақои давлату миллат, хушбахтиву саодати мардуми азизи кишварам овоз додам ва он ҳам ба ҷонибдории номзаде, ки қодир аст Тоҷикистонро боз ҳам соҳибнуфузу пешрафтатар созад.
Дар шаҳри Бӯстон, ки ҳамчун шаҳри дӯстии халқҳо шинохта мешавад, масъулон бо омодагии ҷиддӣ вориди ҷараёни интихобот шуданд.
- Интихобот падидаи муҳимест, ки арзишҳои демократия дар ҷомеаро таҳким мебахшад. Ба мардумсолорӣ, волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд заминаи мусоид фароҳам меорад. Ман ҷонибдори чунин низомҳо ҳастам ва ба шахсе овоз додам, ки ин арзишҳоро гиромӣ медорад, -  гуфт сокини шаҳр Евгения Светличнав.
Дар яке аз ноҳияҳои кӯҳистони мамлакат - Айнӣ низ интихобот дар сатҳи баланди ташкилӣ доир шуд. Дар ҳавзаи интихоботии Айнӣ № 34, ки 63 участкаи интихоботиро фаро мегирад, 43849 овоздиҳанда сабти ном шудааст, ки аз онҳо 974 нафар бори аввал дар интихобот иштирок кард. Корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба аҳамияти интихобот ва нақши ҳалкунандаи иштирокчиён дар ин маърака буд, ки дар аксар участкаҳои интихоботӣ то нимаи рӯз ҳамаи интихобкунандагон раъйи худро муайян намуданд. Чунончи, тибқи иттилои Ҷониқул Азимов, раиси участкаи интихоботии № 50, дар ин участка то соати 2:00 ҳамаи  интихобкунандагон ҳозир шуда, ба ҷонибдории номзадҳои арзандаи худ овоз доданд. 7 қуттии сайёр низ ба хонаҳо бурда шуда, дар ҳузури аъзои комиссия раъйи шахсони дорои имконияти маҳдуд гирифта шуд.
Дар дигар шаҳру навоҳӣ низ сокинони сарбаланди Суғд бо иштироки фаъолонаашон ҷараёни овоздиҳиро гарму хотирмон  ҷамъбаст карданд.

ВМКБ
Интихоботро воситаи иштирок дар ҳокимияти халқ шинохтанд
Интихобот  дар ҳамаи  участка ва ҳавзаҳои интихоботии Вилояти Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон дар сатҳи баланди ташкилӣ ва дастаҷамъии мардум сурат гирифт. Тавре  мо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон мушоҳида кардем, интихобкунандагон асосан дар нимаи аввали рӯз гурӯҳ - гурӯҳ ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуданд. Аз ҳар гӯшаи шаҳр ва  деҳоти ноҳия сурудҳо дар  васфи Ватан, забону миллат, ки як воситаи ҷалби шаҳрвандон ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ буд, шунида мешуд. Кӯчаҳои  шаҳри  Хоруғ - маркази  маъмурии  вилоят ва  деҳоти  навоҳии   вилоятро  шиору  даъватномаҳои  ватанхоҳона зеби тоза ато намудаанд.
Дар ҳудуди вилоят барои гузарондани интихобот 8 ҳавза ва 279  участкаи интихоботӣ ташкил шуда, ҳайати комиссияҳои ҳавзавӣ  ва  участкавӣ аз ҳисоби  шахсони баруманд, намояндагони ҳизбҳои сиёсии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта ва  ҳамаи  қишрҳои  ҷомеа  интихоб гардиданд. Аз субҳ овоздиҳӣ дар  тамоми   участкаҳои  интихоботии вилоят оғоз ёфт. Интихобкунандагон  фаъолона ба участкаҳо меомаданд  ва  то  соати  15:00  қариб  дар  ҳамаи  участкаҳо  75 - 80 дарсади  интихобкунандагон  ба  тарафдории  номзадҳои   худ овоз доданд.   Дар ҳамаи  участкаҳои  интихоботии вилоят 1777 нафар  ҷавони  18 - сола бори  аввал   дар  интихобот  ҳузур дошт.
Аз ҳама  муҳимаш, шаҳрвандон, аҳли ҷамоатчигӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, умуман, ҳамаи интихобкунандагон аҳамияти ин чорабинии муҳими сиёсии давлатиро амиқ дарк намуда, дар он ҳамчун  як воситаи муҳими  иштирок  дар  идоракунии давлат, омили тақдирсоз дар рушди давлатдорӣ муташаккилона ширкат  варзида, барои  пешрафти  кишвар, гул-гулшукуфоии диёр  раъй  доданд.
Участкаи  интихоботии  №10 ҳавзаи  интихоботии Хоруғ  №18 аз  субҳ серодам  буд. Ашхоси синну  солашон  гуногун барои  овоздиҳӣ  ба  номзадашон  дар навбат  меистоданд.  Тавре раиси   участкаи  интихоботӣ Карамхудо Елназаров зикр кард, бори  аввал  аст, ки  участкаи  интихоботӣ  дар  бинои  нави   театри  вилоятии ба номи  Меҳрубон  Назаров,  ки ҳамагӣ  як моҳ пеш аз тарафи Пешвои  миллат мавриди баҳрабардорӣ  қарор  дода  шуд, ҷой  гирифтааст.  Дар  участка  1761 нафар  интихобкунанда  аз  маҳаллаҳои   Чинак, Хичордев, Хуфак ва  Наврӯзшо Қурбонасейнов  раъйи худро муаян кард.
Дар даромадгоҳи   театр   бо  собиқадори  меҳнат Тағойбек  Хоникбоев вохӯрдем. Ӯ арз дошт, ки  имрӯз  мардуми  мо ид  дорад. Дар  фазои  орому осуда  ва озодона  барои  номзади  арзандаамон овоз  медиҳем. Мо, насли калонсол, нағз  медонем, ки  чи  тавр  ба  ин  рӯзҳои  хуш расидем. Мо азоби  ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро  дидем, гуруснагиро ҳам аз  сар  гузарондем.  Дар солҳои   90-ум чунин  зиндагиро  орзу  ҳам  карда  наметавонистем. Сабақи  ин дарси  зиндагиро  ба ҷавонон  ҳам  мерасонем.
Овоздиҳӣ  дар ҳавзаи  интихоботии  Шуғнон № 25 низ муташаккилона  сурат гирифт.  Тавре    раиси  ҳавза   Навбаҳор  Меҳмонов  иттилоъ  дод,  овоздиҳӣ дар ҳамаи  48  участкаи  интихоботии  Шуғнон субҳ оғоз ёфта, то   соати  11:30 аллакай   овоздиҳӣ  аз  рӯи   рӯйхати  интихобкунандагон  дар 6 участка ба  охир  расид. Яке  аз аввалинҳо  шуда, участкаи  интихоботии Раҳмонобод, деҳаи  навбунёде, ки маҳз бо ҳидояти Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  барои   хоҷагиҳои  аз офати табиӣ  аз хонаву  дар  бенасибшуда  бунёд  ёфта буд,  аз  анҷоми  овоздиҳӣ   мужда  расонд.
Интихобот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зери назари мушоҳидони дохилӣ ва байналмилалӣ баргузор гардида, дар маҷмӯъ, ба ҷараёни баргузории ин маъракаи муҳим баҳои мусбат дода шуд.   

Интихобот дар водии Рашт
Дар ноҳияҳои минтақаи Рашт, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъоли шаҳрвандон  оғоз ёфт. Мардум бо рӯҳияи идона ба участкаҳо омада, дар муҳит ва фазои озоди сиёсӣ ба номзадҳои арзанда раъй доданд.
Бо мақсади ҳифзи аҳолӣ аз сирояти COVID-19 дар участкаи интихоботӣ чораҳои беҳдоштӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати риояи меъёрҳои зиддиэпидемиявӣ табибон низ ба кори участкаҳо ҷалб шуданд. Интихобкунандагон қабл аз ворид шудан ба бинои участкаҳо аз санҷиши тиббӣ гузашта, ҳамчунин бо ниқобҳои ройгон таъмин мешуданд. Зимнан, дар участкаҳои интихоботии ноҳия барои овоздиҳӣ тамоми шароитҳои зарурӣ, аз ҷумла ҳуҷраи тиббӣ, хонаи модару кӯдак муҳайё гардида, барои шахсони имконияташон маҳдуд шароитҳои зарурӣ таъмин буд. 
Тибқи иттилои раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Тоҷикобод № 13 Сироҷиддин Нуров ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва риояи меъёрҳои амалкунанда гузарондани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ноҳияи Тоҷикобод тадбирҳои мушаххас андешида шуд. Тадбирҳои андешидашуда имкон доданд, ки интихобот дар фазои ором ва бидуни монеагузорӣ ба ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон доир гардида, ҳар нафар тавонист дар интихоби худ мустақилу озод бошад.

ШАҲРИ ВАҲДАТ
Ба 2733 интихобкунанда гул ва китоб тақдим гардид
Дар шаҳри Ваҳдат ба 2733 нафар, ки бори аввал дар маъракаи интихобот иштирок кард, ба хотири бетараф набудан нисбат ба тақдири ояндаи худ аз ҷониби участкаҳои интихоботӣ гул ва китоб тақдим шуд.
Тавре Шоира Абдураҳимова, раиси ҳавзаи интихоботии Ваҳдат № 5, дар суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, дар ҳудуди ҳавза 101 участка амал карда, шумораи интихобкунандаҳо 203 ҳазору 552 нафар аст. Ҳамаи участкаҳо бо шароити зарурӣ, аз ҷумла нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраи модару кӯдак ва роҳрави махсус барои маъюбоне, ки бо аробача меоянд, муҳайё мебошад.
Аз рафти интихобот дар шаҳри Ваҳдат нозирони байналмилалӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон дидан намуданд.
Тибқи маълумоти раиси ҳавза, то соати 13:45 аллакай 66,7 фоиз овоз дод.
Волида Ачилова, сокини шаҳри Ваҳдат, ки бори аввал дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат дошт, чунин гуфт: «Ба хотири иштирок дар интихобот барвақт ба участкаи интихотии № 1 ҳозир шудам. Маро бо гулдаста пешвоз гирифтани аъзои участка хеле болида кард. Ба номзаде овоз додам, ки дар барномаи пешазинтихоботӣ дастгирии ҷавононро дар меҳвари таваҷҷуҳи худ қарор додаанд. Дастгириву ғамхории пайваста ба қишри ҷавони ҷумҳурӣ маро водор сохт, Президенти арзандаи худро интихоб намоям».

НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Аз иродаи устувор то истиқлоли андеша
Субҳи 11 октябр дар ноҳияи Рӯдакӣ низ ид буд. Иди истиқлолу озодӣ. Мардум бо чеҳраи кушоду табъи болида барои раъй додан ба фардои дурахшони кишвар роҳ ҷониби участкаҳои интихоботӣ гирифта буданд. Кӯчаҳои тозаву озодаро ҳанӯз аз субҳи содиқ мардуми ороставу пероста пур карданд. 
Ба иттилои котиби комиссияи ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ № 11 Рустам Каримзода, аз 161 участкаи ҳудуди ҳавза 284 ҳазору 654 интихобкунанда раъй дод, ки иштироки беш аз 18 ҳазори он бори аввал аст. -Фараҳафзост, ки имрӯз тамоми сокинон, аз ҷумла ҷавонон, моҳияти интихоботро хуб дарк карданд. Аввалин овоздиҳандаи мо - Мафтуна имрӯз ба синни 18 расида, нахустин варақаро ба қуттии овоздиҳӣ партофт, - бо хурсандӣ иброз дошт Насриддин Очилдиев, раиси участкаи интихоботии № 3.
Раҳмони Раҳим, ки дар участкаи интихоботӣ бо мо ҳамсуҳбат шуд, чунин гуфт: «Мебинем, ки интихоботи имрӯза дар фазои кушод ва ба тарзи шаффофу озод гузашта истодааст. Мушоҳидон назорат карда истодаанду ягон ҳолати ғайриқонунӣ ба чашм намерасад. Худи ҳамин далел исботи он аст, ки мо дар чӣ фазо ба сар мебарем. Чеҳраи гарми мардум басо  диданист.  Ман  чун  иштироккунанда  бо  барномаи пешазинтихоботии 5 номзад ошноям. Муҳимтарин банди барномаи номзади мавриди назари ман дар баробари баланд бардоштани иқтисодиёт, рушди соҳаи маориф аст. Зеро маорифро асоси пойдевори давлат гуфтаанд».
Сокини  шаҳраки  Сомониён Абдуҷаббор Абдурашидови 70 – сола нимаи аввали рӯз дар участкаи № 5 ба номзади арзандааш овоз дод. Ин пири дилҷавон бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватан иброз дошт:
- Шукронаи сулҳу салоҳ. Он чиро, ки мо дидем, насли ҷавон набинад. Рӯзҳои сахт буданд. Шукр, ки гузаштанд. Ҳоло ба ҳар кас шароити шоистаи зисту зиндагонӣ муҳайёст. Ин бахти баланд насиби ҳар кас намешавад. Афғонистони ҳамсояро бубинед, ки то ҳол дар оташи ҷанг месӯзад. Аммо мурғи Ҳумо бар сари миллати мо нишаст ва моро аз вартаи нобудӣ раҳонд. Мо имрӯз на танҳо барои фардои худ, балки фарзандону наберагон овоз медиҳем. Барои ҳамин ҳам, бояд онеро интихоб намоем, ки бехатарӣ ва некуаҳволии ҳар фарди кишварро кафолат дода тавонад.
Пас аз суҳбат бо бобои Абдуҷаббор, таваҷҷуҳи моро гурӯҳи одамони назди дарвозаи участка ҷалб кард. Бо наздик шудан, дарёфтам, ки нафарони мутасаддӣ ба пешвози Маҳмадрасул Икромов баромадаанд. Ӯ сарфи назар аз маъюбӣ барои ироаи овозаш то назди дарвоза омадааст. Қуттии сайёреро, ки масъулон барои 8 маъюб, аз ҷумла Маҳмадрасул омода сохта буданд, наздаш оварданд.
Гарчанде табассуми дар лабонаш шукуфтаву чашмони барқвор рахшандааш суханҳои зиёде доштанд, ҳангоми овоздиҳӣ як ҷумла гуфт: «Барои ояндаи ободи Тоҷикистони азизам раъй медиҳам».
Дидани ин манзара басо ифтихоровар аст. Зеро Маҳмадрасул медонад, ки таҳти ҳимояи давлат қарор дорад ва ӯ ба тақдири минбаъдаи ин сарзамин бетафовут нест.
Ҳамин тариқ, дар ноҳияи Рӯдакӣ аз субҳ то шом истиқлоли андеша тантана дошт. Мардум аз меваҳои дарахти истиқлоли кишвар, ки 29 сол муқаддам русту имрӯз борвар гаштааст, ком ширин мекарданд ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, ки рӯида аз ин дарахти пурҳосил аст, баҳри фардои ободи диёр раъйи худро ироа менамуданд.

МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
интихоботро тавсиф карда, намунавӣ хонданд
Нанг Ҳабиб-ур-Раҳмон ва Аврангзеб, мушоҳидони байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, гуфтанд, ки муҳимтар аз ҳама интихоботи имрӯза дар Тоҷикистон дар фазои амну осоишта баргузор мегардад.
– Ман ҳамчун мушовири байналмилалӣ, аз нуқтаи назари амалиётӣ, техникӣ ва логистикӣ ба кормандони участкаҳо баҳои баланд медиҳам. Мушоҳида мешавад, ки онҳо хуб омӯзиш дидаанд, бо сокинон муомилаи хуб доранд ва мардум меоянд номи худро зуд пайдо ва раъйи худро дар сандуқ мерезанд. Аз ин маълум мегардад, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкилӣ омодагӣ дидааст. Аз ду участкае, ки мо дидан намудем, тамоми шароит барои интихобкунандагон муҳайёст. Аз сабабе, ки интихобот дар давраи бемории куруно доир шуда истодааст, назм ва масофа риоя мешавад, - гуфт Аврангзеб.
- Аз интихоботи ҷараёндошта мо розием. Ин интихобот яке аз интихоботҳои намунавӣ буда, сатҳи ташкиливу риояи шаффофият қобили ситоиш аст, - илова кард Нанг Ҳабиб-ур-Раҳмон. 
Айде Ҷаъфаров, мушоҳиди байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, чунин иброз дошт: «Ҳамаи участкаҳои интихоботие, ки мо дидан намудем, дар доираи қонунгузории Тоҷикистон фаъолият мекунад. Ҷараёни ин маъракаи муҳим бозгӯи он аст, ки мақомот вазифаашонро пурра ва дар сатҳи баланд иҷро намуда истодаанд».
- Бояд гӯям, ки ҷараёни раъйдиҳӣ шоистаи таҳсин аст. Зеро дар он ҳуқуқу озодиҳои тамоми табақаҳои аҳолӣ ба инобат гирифта шудааст. Аз ҷумла, барои шахсони имконияташон маҳдуд ва барҷомонда тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Як нуктаи муҳимро мехоҳам зикр намоям, ки фаъолияти ризокорон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ шоистаи таҳсин аст, - иброз намуд Виктор Когут, мушоҳиди дигари байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Порлумони Беларус).
- Вақте ҳама кор дуруст ба роҳ монда шудааст, дар он нақзи қонун ё вайрон кардани меъёрҳои интихоботӣ ба чашм намерасанд. Мо аз соати 5 ба иҷрои масъулиятҳоямон шурӯъ кардем. Фазои интихобот воқеан, идона ва пуршукӯҳ аст. Мебинам, ки мардум фаъол аст, дар ҳамаи участкаҳои интихоботие, ки аз он ҳайати мо дидан кард, чораҳои пешгирӣ аз коронавирус хуб ба роҳ монда шудаанд. То ҳол мо ҳеҷ як мавриди қонуншиканиро дар ҷараёни интихобот шоҳид нашудем. Ба мардуми дӯсти Тоҷикистон иқболи неку фардои дурахшон хоҳонем, - изҳор дошт Алексей Чепа, намояндаи Думаи давлатии Федератсияи Россия, ки ба ҳайси мушоҳид рафти интихоботро назорат мекард.
Ёдовар мешавем, ки иштироки озодонаи интихобкунандагон ва ширкати 159 мушоҳиди байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Маҷлиси байнипорлумонии Россия ва Беларус, сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон худ далели озоду шаффоф баргузор гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ мебошад. Ҳамзамон, рафти баргузории интихоботро 37 хабарнигори расонаҳои бонуфузи хориҷӣ ва 267 намояндаи ВАО-и дохилӣ лаҳза ба лаҳза дар расонаҳои худ инъикос карданд. Дар ҳамин ҳол, аксари расонаҳои хабарии ҷаҳон, ки ба раванди интихоботи баргузоршуда мутаваҷҷеҳ шуданд, ба маъракаи муҳими сиёсӣ баҳои мусбат дода, онро озоду демократӣ арзёбӣ карданд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
Лашкар ШАРИФЗОДА, Мирзоён МАҲМУД,
Меҳрангез ҚОДИРОВА, Комрон САФАР,
Зокир ҲАСАН, Ҷовиди АШТӢ, Раҳмони ГУЛЗОР,
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2020    №: 201 - 202    Мутолиа карданд: 173
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед