logo

иҷтимоиёт

"ЯК ҶАҲОН ТАШАККУР!" ҲАДИСИ ОМӮЗГОРЕ, КИ САРВАРИ ДАВЛАТ САНОЯШ ХОНДАНД

Дар шаҳри Панҷакент ду Саразм ҳаст, ки яке кайҳо шуҳраи офоқ гаштаву дигаре бошад, танҳо баъди ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ном баровард. Ана дар ҳамин дувумӣ омӯзгоре ба сар мебарад, ки шогирдони донояш Президентро ба ҳайрат гузоштанд.

САРАЗМ ДАР ПАНҶ СОЛ СОҲИБИ ДУ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ШУД
8 - 13 июни соли 2005 аз обхезӣ деҳоти Шинг, Рӯдакӣ ва Хурмӣ, ҷамъ ҳашт деҳа зарари ҷиддӣ дид. Бар асари офати табиат бошандагони зиёд аз манзилҳои ободашон маҳрум гаштанд. 13  июн 189 хонаводаро ба замини беобу гиёҳи Ҷамоати деҳоти Саразм кӯчонда, муваққат дар хаймаҳо ҷой карданд. Бо дастгирии Пешвои муаззами миллат дар кӯтоҳтарин муддат, яъне камтар аз се моҳ, барои офатзадаҳо манзил ва барои фарзандонашон муассисаи таълимии зебое сохтанд.  1 сентябри ҳамон сол дар маросими ифтитоҳи ботантанаи муассисаи нави таълимӣ Пешвои миллат шахсан ҳузур дош-танд.  Ҳамчунин, калиди нахустин хонаи нав-ро ба сокини деҳаи собиқи Вашахтан Норалӣ Норимов супурданд. Он рӯз боз 60 хонавода бӯрёкӯбон намуд. Дар маҷмӯъ, дар ин ҷо бояд 500 манзил сохта, шаҳраки нав бунёд мешуд. Он вақт ин мавзеъ ҳатто ном надошт. Мардуми сипосгузор хостанд деҳаро «Раҳмонобод» ном гузоранд. Президент иброз доштанд: «Ин мавзеъро шаҳраки Саразм номгузорӣ мекунем, то ки дар ояндаи наздик боз ҳам обод шуда, чун Саразми бостонӣ ном барорад».
Аз байн ҳамагӣ панҷ сол гузашта бошад ҳам, он дар ҳақиқат, аллакай, басо ободу дилрабо шудааст: биноҳои хуштарҳ, кӯчаҳои росту асфалтпӯш, тозаву озода, сокинон бошанд, бо меҳнати ҳалол аз паи равнақи рӯзгоранд. Дар ин муддат аҳолии шаҳрак беш аз ду маротиба афзуда, ба 550 хонавода расидааст.
12 сентябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз меҳмони азизи онҳо гашта, бинои сеошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-ро мавриди истифода қарор доданд. Он барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, тамоми шароити муосири донишомӯзӣ фароҳам мебошад.

ШОГИРДОНИ ХУШСАВОДИ САФАРАЛӢ МАҲМУДОВ
Сафаралӣ Маҳмудов, беш аз 40 сол омӯзгори фанни математика буда, садҳо шогирдонро тарбия намудааст. Солиён сарвари муассисаи таълимӣ буд. Шогирдонаш дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои аввалро соҳиб гаштаанд. Хонандагони муассиса ба дараҷае хушсаводанд, ки пас аз хатм таҳсилро дар бонуфузтарин донишгоҳҳои Россияву Чин ва ҳатто мамолики Аврупо давом дода истодаанд. Бо талошу заҳматҳои ӯ ва ҳамкасбонаш дар муддати кӯтоҳ таълимгоҳи шаҳраки Саразм дар байни муассисаҳои на танҳо шаҳри Панҷакент, балки вилояту ҷумҳурӣ аз беҳтаринҳо эътироф гаштааст. Хосса дар таълими фанҳои дақиқ. Соли 2017 дар рейтинги таълимгоҳҳои кишвар муассиса зинаи ҳафтумро касб намуд.

«АЗ МАТЕМАТИКА БАҲОИ ҲАМААТОН ПАНҶ?»
«Як ҷаҳон ташаккур!». Ин бренди президентии сипосу таҳсин ин дафъа дар журнали синфе сабт шуд, ки ба он Сафаралӣ Маҳмудов дарс медод. Аснои вохӯрӣ Сарвари давлат пас аз суҳбат ва саволу ҷавоб аз аълохонии «оммавӣ»-и хонандагон дар ҳайрат монданд. Зеро ҳамаашон аз математика баҳои аъло доштанд. Ҳатто шӯхӣ ҳам карданд, ки ин қадар аълохонҳоро аз чанд мактаб ҷамъ овардаанд? Чун фаҳмиданд, ки ҳамааш аз рӯи дониш аст, ниҳоят хушҳол гашта, омӯзгорро даъват намуда таҳсину офарин гуфтанд. Гузашта аз ин, дар пеши чашми хонандагону муаллим дар журнали синф «Як ҷаҳон ташаккур!» навиштанд.
Вақте ба ин муассисаи таълимии таърифӣ омадем, бо омӯзгори собиқадор Сафаралӣ Маҳмудов, ки сарфи назар аз математик будан бо забони шевои адабӣ сухан мегуфт, суҳбатамон қӯр гирифт. Аз нисф зиёди муаллимони муассиса шогирдонаш будаанд. Баъди таҳпурсӣ маълум гашт, ки дар аксар синфҳои ибтидоӣ омӯзгорони фанҳои дақиқ, аз ҷумла математика, дарс медиҳанд. Ба ибораи дигар, таҳкурсии омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ аз синфи 1 гузошта мешавад. Ин таҷрибаи муфид солиёни зиёд дар муассиса истифода мешавад. Ва сирри аълохонии шогирдон маҳз дар ҳамин аст. Месазад, ки Вазорати маориф ва илм истифодаи ин усулро дар дигар муассисаҳои таълимии кишвар ба роҳ монад. Зеро имрӯз, чуноне Сарвари давлат таъкид месозанд, танҳо бо аз худ кардани илмҳои дақиқ метавон соҳиби тахассусҳои замонавӣ шуда, ба Ватану халқ хизмати арзанда кард.   
Вақте хоҳиши дидани соядасти таърихӣ намудем, маълум гашт, ки кормандони Вазорати маориф ва илм чаққонӣ карда, онро бурдаанд ва ҳоло журнали синфии муассисаи таълимии №72-и шаҳраки Саразм экспонати нодири осорхонаи вазорат шудааст.

Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2020    №: 201 - 202    Мутолиа карданд: 320
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед