logo

иҷтимоиёт

НАҶОТБАХШЕ, КИ РАМЗИ СУЛҲУ САОДАТИ МИЛЛАТ АСТ

Ҳаёт собит кардааст, ки воқеоту ҳодисоти муҳими сиёсӣ дар ҳар як кишвар шахсони бузурги таърихиро рӯйи саҳна меоварад ва ин гуна афрод дар сарнавишти халқу миллати худ нақши мондагор мегузоранд.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи чунин абармардони таъриханд, ки дар шароити сангини таърих ба саҳнаи сиёсӣ ворид шуда, як кишвари мубталои ҷанги шаҳрвандию рӯ ба таназзулро аз парокандагию фаношавӣ раҳоӣ бахшида, халқро сарҷамъу муттаҳид ва ба тавҳид расонданд.
Ҳаводиси солҳои навадуми Тоҷикистони тозаистиқлолро набояд аз лавҳи хотирот дур бурд, балки ба умқи воқеоти гузашта бо назари таҳлил бояд нигарист. Зеро он, танҳо ба сарнавишти як миллату як кишвар барнахӯрда, метавонист ба ояндаи минтақа низ асари манфӣ гузорад, ки доираҳои сиёсиву таҳлилӣ низ борҳо ба он ишора кардаанд. Аз ин хотир, метавон гуфт, ки Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахшеро ба саҳнаи сиёсат овард, ки на фақат миллати моро иттиҳод бахшид, балки минтақаро аз фалокатҳои эҳтимолии фоҷиабор эмин нигоҳ дошт.
Ман он солҳо ҷавон будам, падарам, шодравон профессор Ҳомид Пӯлотов дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 ба ҳайси шахси боэътимоди номзад ба мансаби президентӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Ҳар бори аз вохӯриву мулоқотҳо бо интихобкунандагон ба хона бозмегаштанд, бардоштҳое бо худ доштанд ва мегуфтанд: “Ин ҷавон наҷотбахши давлату миллат хоҳад шуд. Халқ ҳам гавҳаршинос аст, аллакай, дар симои Эмомалӣ Раҳмон сарвари оқилу созанда ва саодатбахши миллатро мебинад”.
Бо гузашти солҳо ин ҳарфҳо тасдиқи худро ёфт ва маълум шуд, ки мардуми шарафманди тоҷик ҳам дар интихоби худ роҳи дурустро пеш гирифтааст. Воқеан, ҳамин интихоб буд, ки имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар шоҳроҳи тараққиёт қарор гирифта, дар арсаи байналмилалӣ эътибори хос пайдо намуд.
Дар тӯли сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарафманди мо ба дастоварду пешрафтҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангию маърифатие даст ёфт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ намешуд дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ онро пешгӯӣ кард. Аз ин рӯ, бо таваҷҷуҳ ба вазъи ҷаҳони ноором қарзи виҷдониву рисолати ватандории мост, ки дастовардҳои истиқлолият ва арзиши сулҳу ваҳдатро гиромӣ дорем ва нагузорем, ки фазои осудаву раванди бунёдкориҳои минбаъда халалдор гарданд.

Аслиддин ПӮЛОТОВ,
профессори ДДХ ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2020    №: 204    Мутолиа карданд: 110
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед