logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Абдураҳмон Ғуломов, омӯзгори собиқадор, иштирокчии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Устод барои мо, кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ намунаи ибрати олии омӯзгорӣ буда, моро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ роҳкушоӣ менамояд.

Абдураҳмон Ғуломов соли 1955 дар Ҷамоати деҳоти Кӯктоши ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) таваллуд шуда, пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 ба Омӯзишгоҳи маданӣ - равшаннамоии ноҳия дохил гардид ва онро соли 1973 хатм намуд. Пас, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро (1973 - 1977) бо ихтисоси китобдор ва соли 1999 шуъбаи агрономии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ғуломов Абдураҳмон Қосимович фаъ-олияти меҳнатиашро ҳамчун методисти китобхонаи марказии ноҳия оғоз намуда, солҳои 1977 - 1979 дар сафҳои артиши Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати ҳарбиро ба ҷо овард. Пас аз анҷоми хизмати ҳарбӣ дар корҳои ташкилоти комсомолию ҳизбӣ дар вазифаҳои котиби аввали кумитаи комсомол, котиби кумитаи  ҳизби коммунисти ноҳия, ҷонишини раиси кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳия, раиси хоҷагиҳои Ҳосилот ва Лоҳур фаъолият намудааст. Солҳои 2000 - 2012 дар сохторҳои гуногуни Вазорати маориф ва илми кишвар ва вазифаи мудири шуъбаи хоҷагии дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2012 то 2017 дар сохторҳои гуногуни энергетикӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз соли 2017 то рӯзи вафоташ (августи соли 2020) дар раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият намудааст.
Солҳои 1990 - 1995 вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, устод мушовири хизмати дараҷаи 1 - ум (соли 2004) ва мушовири хизмати дараҷаи 2 - юм (соли 2010) буда, бо ифтихорнома ва медалҳои зиёд сарфароз гардидааст.
Таҷрибаи устод барои мо, наслҳои баъдӣ, як мактаби бузурги соҳаи маориф аст, чун зиндагии ӯ рӯзгоре барои ибрат буд.

Маҳмадсаид РАҲИМОВ,
Аълочии маориф ва илм
ва Аълочии фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.10.2020    №: 209    Мутолиа карданд: 109
21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед