logo

туризм

МАМНӮЪГОҲИ «ДАШТИҶУМ». БУЗИ ПАРМАШОХ ВА ГӮСФАНДИ БУХОРОӢ – БРЕНДҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон сарзамини сарсабзу хуррамест, ки бо имкониятҳо, манзараҳои зебо ва табиати  назаррабо, кӯҳҳои осмонбӯсу барфпӯш, чашмаю рӯдҳои оби зулол, набототу ҳайвоноти нодири худ қалби оламиёнро тасхир мекунад. Ҳифз ва истифодаи  чунин сарватҳои бебаҳои табиӣ   қарзи маънавии шаҳрвандии ҳар сокини кишвар ба ҳисоб меравад.
Яке аз масъалаҳои глобалии ҳалталаби ҷаҳони имрӯза муносибати нодурусти инсон ба табиат мебошад. Чунин муносибат сабабгори он мегардад, ки мувозинати табиат вайрон ва  боигарии табиат несту нобуд шавад. Таъсири инсон ба табиат хусусияти мусбӣ ва манфӣ дошта, бар асари шикори ғайриқонунӣ, буридани дарахтону буттаҳо ва сӯзондани ҷангалзорҳо ҳайвоноти нодир қариб рӯ ба нестӣ оварда, баъзе намудҳои дигар дар ҳолати маҳвшавӣ қарор доранд. Аз ин рӯ ҳайвоноту наботот, ки асоси зебогии табиатро ташкил медиҳанд, ҳамеша ба нигоҳубини дурусти  инсон ниёз дошта, ҳимояи онҳо амри зарурӣ мебошад.
Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар  ба ҳифзи муҳити зист, ободии мавзеъҳои табиию фарҳангӣ ва таърихӣ ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастур ва ҳидояти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойҳои махсус муҳофизатшаванда, фарҳангию фароғатӣ, сарватҳои табиии кишвари азизамон  муҳофизат, таҷдид ва навсозӣ шуда, сол то сол зебову дилработар  мегарданд. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳифзи муҳити зист ҳукми қонунӣ гирифта, марказҳои экологӣ таъсис ёфтаанд, ки барои беҳтар гардидани ҳифзи табиат фаъолият менамоянд ва ба мардум тарзи дурусти муносибат намудан ба табиатро меомӯзонанд. Ҳоло масъулин кӯшиш намуда истодаанд, ки дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда тадбирҳои экологиро роҳандозӣ намоянд.  Дар ҳар як минтақаҳои ҷумҳуриямон ҳудудҳои табиӣ ташкил карда шудааст, ки барои зебои ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист мувофиқ мебошанд. Мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист баҳри пешрафти корҳои ободонию созандагӣ омодагиҳои ҳамаҷониба дида, дар заминаи талошу заҳматҳо барои зиёд намудани  саршумори  насли ҳайвоноти нодир таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд, то ба симои табиати кишвар ҳусни дигар зам гардад.
Яке аз ҳамин гуна ҳудудҳо мамнӯъгоҳи табиии давлатии “Даштиҷум” ба шумор меравад, ки барои он низоми махсуси ҳифз муқарар шудааст ва зери назорати давлат қарор дорад. Вазъи экологии ин мамнӯъгоҳ беҳтар шуда, дар натиҷаи тадбирандешиҳо саршумори ҳайвоноти нодир рӯ ба афзоиш аст.  Мамнӯъгоҳ дар қисми зебоманзари ҷануби Тоҷикистон, дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин  (Шӯрообод) дар доманаи қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ ва Дарвоз ҷойгир шуда, масоҳаташ 19700 гектар мебошад. “Даштиҷум” соли 1983 бо қарори Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон бо мақсади ҳифз ва барқарор намудани популятсияи бузи пармашох (морхӯр), гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал) ва рустаниҳои ғизоию табобатӣ таъсис ёфтааст. Ҳифзи табиати мамнӯъгоҳ барои зиёд шудани саршумори ҳайвоноти нодир, аз ҷумла бузи пармашоху гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, омили муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Ин ҳайвонҳо ба қатори ҷуфтсумон - оилаи шохковокҳо дохил мешаванд ва ба китобҳои сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва Конвенсия «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» дохил гардидаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои онҳо дар нишебиҳои ҷанубу ғарбии қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳу Дарвоз, кӯҳҳои Кишваристон, мамнӯъгоҳи «Даштиҷум», атрофи Сариғор, Хирманҷо ва Кишт, инчунин аҳён - аҳён дар  қисмати ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Вахш ва кӯҳи Сарсарак, дар нишебиҳои сершахи кӯҳӣ, ки дарахту буттаҳо мерӯянд, дар баландиҳои 700 - 2700 метр аз сатҳи баҳр вомехӯранд. Айни ҳол афзоиши табиии ин ҳайвонҳои нодир хуб ба назар расида, паҳншавии онҳо ба экосистемаи мамнӯъгоҳи табиии давлатии “Даштиҷум” мушоҳида мешавад. Иқлими минтақаи мамнӯъгоҳи “Даштиҷум” барои сукунати ҳайвонҳо мусоид буда, онҳо гулу гиёҳ ва меваи  рустаниҳоро истеъмол менамоянд. Мақсад аз ҳифзу нигоҳубин зиёд намудани саршумори онҳо дар ҳудуди мамнӯъгоҳ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ, самаранокии истифодаи захираҳои табиӣ ва муаррифии олами ҳайвонот ва набототи табиати Тоҷикистон ба ҷаҳониён мебошад.
Бузи пармашох ҳайвони нодиру зебои табиати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, 100 – 120 кг вазн дорад ва дарозии баданаш ба 140 – 170 см, баландиаш  ба 100 см, дарозии шохҳои тобхӯрдааш ба 70 – 90 см мерасад. Ҳар сол 1 - 2 ва баъзан 3 бор насл медиҳад, ки  дар 2 - солагӣ болиғ  мегарданд. Модинаҳо шохҳои хурд, наринаҳо шохҳои бузургу зебои диққатҷалбкунанда ва дарози тобхӯрда доранд. Ранги баданашон хокӣ ё хокистарии сурхча аст. Вобаста ба мавсим рангашонро иваз мекунанд. Биноӣ ва шунавоиашон хуб инкишоф ёфтааст ва ин имкон медиҳад, то худро аз шикорчиён, даррандагон ва хатарҳои дигар  муҳофизат намоянд. Ғизогириашон мавсимӣ буда, ҷойҳои хилват ва дараҳои душворгузарро интихоб мекунанд. Зимистон хеле фаъоланд. Дар тобистон онҳо шабона, субҳи барвақт ва бегоҳ чарх мезананд. Тобистон аз рустаниҳои алафӣ ва зимистон рустаниҳои хушк, шохаи дарахтон ва буттаҳо ғизо мегиранд. Давомнокии умрашон 10 - 12 сол аст. Ин ҳайвони нодирро  шикорчиён бештар барои шохҳои зебо ва дарози тобхӯрда шикор мекунанд.
Гӯсфандҳои кӯҳии бухороӣ ба таври гурӯҳӣ зиндагӣ мекунанд. Ранги баданашон қаҳваранг буда, дар тобистон равшантар мегардад. Гӯсфанди нарина шохҳои калон дошта, қисмати пеш, гардан ва қафаси синааш сиёҳ аст. Модинаҳо нисбати наринаҳо хурдтаранд. Дарозии баданаш 110 – 145 см, вазнаш  аз 36 то 87 кг аст. Модинаҳо ҳар сол 1 - 2 насл медиҳанд. Хӯроки ин ҳайвон рустаниҳои алафӣ ва буттаҳо мебошад. Ҷойҳои кушод ва чарогоҳҳои хубро интихоб карда, аз дараҳои танг дурӣ меҷӯяд. Давомнокии умри гӯсфанди бухороӣ  8 - 12 сол аст.
Нархи шикори ин ҳайвоноти нодир  дар Тоҷикистон гарон аст. Яке аз   ҳадафҳои асосии ташрифи бисёр сайёҳон ба кишварҳои кӯҳсор, аз ҷумла Тоҷикистон, машғул шудан ба шикори ҳайвоноти нодир  мебошад. Дар  Тоҷикистон  барои ин намуди шикор аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бурсия (квота) ҷудо карда мешавад, ки он барои рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон мусоидат менамояд.
Дар толори 5 – уми шуъбаи табиати Осорхонаи миллии Тоҷикистон диаграммаи мамнӯъгоҳи “Даштиҷум” ба намоиш гузошта шудааст. Тамошои бузи пармашох  ва гӯсфанди кӯҳии бухороӣ барои тамошобинони дохилӣ ва сайёҳони хориҷӣ хеле  ҷолиб аст. Мо, кормандони ин шуъба, кӯшиш менамоем, ки то ҳадди имкон талаботи тамошобинонро қонеъ намоем ва тамошои экскурсияро барои онҳо ба яке аз беҳтарин хотираҳо табдил диҳем. Мо мутмаинем, ки ободии ватан мояи сарбаландии ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпараст ба ҳисоб рафта, ҳар як дӯстдори табиат бояд ғамхори табиат ва сарватҳои он бошад.

Арафа САЛИМОВА,
сармутахассиси шуъбаи табиати
Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.10.2020    №: 209    Мутолиа карданд: 735
19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед