logo

Хабарҳо

НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ МАЗҲАКАВИИ «АВТОБУС»

Дар доираи ҷашни 90-солагии муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бахшида ба солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ходимони давлатӣ, олимон, адибон ва доираи васеи коршиносони соҳаи синамо дар «Кохи Наврӯз» нахустнамоиши филми мазҳакавии «Автобус» баргузор гардид.
Дар оғоз директори муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ва раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов ҳозиринро бо солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши ин санади сарнавиштсоз дар рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва   синамои миллӣ изҳори андеша намуданд.
Ҳамзамон, зимни баргузории ин чорабинӣ як қатор собиқадорони соҳа ва ҳунармандон барои хизматҳои арзанда ва саҳми босазо  дар рушди соҳаи синамои тоҷик бо нишони «Аълочии кинематографияи тоҷик», ифтихорнома ва сипосномаҳо  сарфароз гардиданд.
Сипас, филми мазҳакавии «Автобус» манзури тамошобинон гашт. Рӯзҳои наздик филм дар марказҳои маъмурии ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон намоиш дода мешавад.
Филми «Автобус» соли 2019 ба навор гирифта шуда,  нақшҳои асосиро дар он ҳунарпешагон Мавлона Наҷмиддинова, Зарина Хушвахт, Абдулмуъмин Шарифов ва Насриддин Нуриддинов иҷро намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш филми «Автобус» дар  Кинофестивали  байналмилалии XVI филмҳои мусулмонии Қазон  сазовори Ҷоизаи Нигоҳи гурӯҳи стратегии «Россия ва олами исломӣ» гардид. 

Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 333
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед