Хабарҳо
ДЗЮДО
Имсол киҳо чемпиони кишвар шуданд?
Тайи се рӯз (13 – 15 ноябр) дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии пойтахт Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо миёни мардону бонувон бо ширкати дастаҳои Душанбе, Душанбе – 1, Хатлон – 1, Хатлон – 2, Суғд, Бадахшон, Рашт ва ШНТМ баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи дзюдои мамлакат, бори аввал дар кишвар чемпионати бонувон ва қувваозмоиҳои даставӣ доир гардид. Бештари медалҳоро паҳлавонони дастаи Душанбе ба даст оварданд – 27 (8 тилло, 8 нуқра, 11 биринҷӣ).
Ҳамин тариқ, имсол миёни бонувон Аҳлия Муъминова (- 57 кг) ва Шоҳида Қаландарова (- 70 кг, ҳар ду Душанбе) чемпиони кишвар гардиданд. Байни мардҳо бошад, Абумуслим Қаюмзода (- 60 кг, Душанбе), Баҳром Сӯфиев (- 66 кг, Хатлон – 2), Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (- 73 кг Душанбе), Ҳақназар Назаров (- 81 кг, ШНТМ),Ҷаҳонгир Маҷидов (- 90 кг), Фирдавс Насимов (- 100 кг) ва Хуршед Маҷидов (+ 100 кг, ҳама Душанбе) унвони қаҳрамониро ба даст оварданд.
Дар рақобатҳои даставӣ тими Душанбе пирӯзӣ гашт.
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон омодагиашро оғоз кард
Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон зери роҳбарии Мубин Эргашев ҷамъомади машқӣ - таълимии худро дар Душанбе шурӯъ намуд. Даста ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё омодагӣ мебинад.
Тибқи иттилои ФФТ, тамринҳои даста ду ҳафта идома мекунанд. Сармураббӣ барои иштирок дар ин чорабинӣ 28 бозигар – 4 дарвозабон, 10 муҳофиз, 8 ниммуҳофиз ва 6 ҳамлагарро даъват кардааст.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё байни ҷавонон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон (3 – 20 марти соли 2021) баргузор хоҳад шуд. Мунтахаби ҷавонони мо дар гурӯҳи «Д» бо тимҳои Малайзия, Яман ва Қатар бозӣ мекунад.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 227