иҷтимоиёт
ЗАБОНИ МОДАРӢ – ХИШТИ НАХУСТИНИ ПОЙДЕВОРИ КОХИ МИЛЛАТ
Дар Паёми шодбошии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон дуруст ва фасеҳ зикр намуданд, ки забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.
Сарфи назар аз он ки наврасони тоҷик ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ саъю кӯшиш менамоянд, бояд, қабл аз ҳама, забони модарии хеш – забони тоҷикиро аз худ намоянд.
Саҳеҳ аст, ки мегӯянд, қабл аз ҳама, забони модарии хешро арҷ гузорем, онро чун сарвати гаронбаҳо эҳтиёт кунем. Онро на танҳо ҳифз намоем, балки омӯзем ва ба дигарон омӯзонем. Ҳар як омӯзгор вазифадор аст, ки нисбати омӯзиш сидқан ва масъулона рафтор намояд.
Аз оне ки мо забонҳои русӣ ва англисиро эҳтиром мегузорем ва онро аз худ мекунем, хуб аст. Аммо забони модарии хешро авлотар аз ҳама донем. Онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Зеро дар замони муосир таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ нуфузи унсурҳои манфии фарҳангҳои бегона таъсир расонда, покии забони тоҷикиро халалдор месозад.
Бале, донистани забони хориҷӣ талаби замони муосир аст, аммо омӯхтани онҳо чунин маънӣ надорад, ки нисбати забони модарӣ беэътиноӣ зоҳир намоем. Беэътиноӣ нисбат ба забони тоҷикӣ беэҳтиромӣ ба миллату давлати хеш аст.
Ҳар як хонанда, аз хурд то бузург, аз хотир набарорад, ки ӯ забони хориҷиро на барои дигарон, балки ба хотири рушди давлату миллати хеш меомӯзад ва истифода мебарад. Дар сурати забони модариро мукаммал аз бар намудан, воситаи муҳиме мегардад дар омӯзиши забонҳои дигар.
Дар баробари волидон, омӯзгорон низ вазифадоранд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, бо риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии раванди таълиму тарбия аҳамияти махсус зоҳир намоянд.
Падарони мо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар гузаштаи на чандон дур, доираи истифодаи забони тоҷикӣ хеле маҳдуд буд. Он қариб торафт ба забони хонаводагиву маишӣ табдил ёфта буд.
Мо - омӯзгорон вазифадорем, ки барои арҷгузорӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ талош варзем ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошем.
Сафарбегим ШАНБИЕВА,
омӯзгори забони англисии МТМУ
№ 52, ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.11.2020 №: 223 Мутолиа карданд: 49