logo

иҷтимоиёт

ШИКОЯТ Ё МАЛОМАТ?

Чанд рӯз аст, ки ғаразномаи як ронандаи кирокаш – Абдусаттор Пирмуҳаммадзода расонаҳои ба ном «озод» ва  минбари мухолифони валвалапардозро «тасхир» кардааст. Ӯ мисли расонаҳои ҳангомаҷӯ ва  мухолифони бадандеш як ҳолати ҷузъиро ба мушкилот табдил дода, ғаразу кинаи доштаашро ба роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати кишвар  иброз доштааст.

Дар аввал, вақте ронанда аз мушкили ҷаримабандӣ ҳарф мезанад, фикр мекунӣ, ки ӯ бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳояш дар кишвари ҳуқуқбунёду демократӣ танҳо мехоҳад як мушкили иҷтимоиро ба Президенти мамлакат расонад. Аммо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз масъалаи асосӣ берун баромада, дарҳол аз роҳбарияти олии мамлакат бо  эҳсос  домангир мешавад, ки гӯиё ғамхорӣ намекардаанд. Магар, ин аз рӯи адолат аст, ки Президенти кишвар шабу рӯз барои беҳбудии зиндагии мардум заҳмат ва талош менамоянду рифоҳу осудагии халқи Тоҷикистонро вазифаи муқаддаси худ медонанд, сари масъалаи кӯчак, ки марбути як ниҳодест сӯяш санги маломат занӣ? Дар гӯшаю канори дигари олам магар чунин масъалаҳои иҷтимоӣ ҷой надоранд?
Бо вуҷуди ин, агар ронандаи кирокаш дар муроҷиати видеоияш ба Ҷаноби Олӣ  масъалаи гаронии ҷарима ё дахолатҳои инсониро дар мақомоти давлатӣ беғаразона ба миён мегузошт  ва хоҳиши ҳалли онро мекард, боке набуд. Бо боварӣ, ҳар тоҷику тоҷикистонӣ, пеш аз ҳама, худи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷонибдориаш  менамуданд. 
Худ қазоват кунед, агар Президенти кишвар дар фикри мардум намебуданд, ҳеҷ гоҳ дар сомонаи расмии хеш барои муроҷиати шаҳрвандон бахши махсуси арзу шикоятро боз намекарданд ва сомонаю рӯзномаҳои давлатӣ, бавижа рӯзномаи «Ҷумҳурият», дар мавриди арзу доди мардум матолиб нашр наменамуданд ё Ҷаноби Олӣ ба назди мардум ба шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати шунидани арзу доди онҳо сафар намекарданд. Худ биандешед, магар ронандаи муҳтарам, боре дастаҷамъона бо ронандагони дигар дар хусуси гаронии ҷарима тариқи сомонаи Президенти ҷумҳурӣ шикоят карда буд, ки ба доди ӯ нарасидаанд?
Мо ҳам дарк мекунем, ҳар масъалае, ки боиси нигаронист, ба мақомоти салоҳиятдор расонда шавад, то дар ҳалли он чораҳои зарурӣ биандешанд. Вале на бо кинаситезию ҳангомаҷӯӣ мисли ронанда Абдусаттор Пирмуҳаммадзода.  Зеро, бо пеш омадани як мушкили ҷузъӣ ё шахсӣ сарфи назар кардани ҳама ғамхорию хизматҳои Сарвари давлат ҷуз кӯрнамакию бешарафӣ чизе беш нест.  Агар мисли Ҷаноби Олӣ баҳри халқ ҷонфидоӣ карда наметавонем, ҳадди ақал барояшон шикояти беғараз кунем ва дар ҷавоби ғамхориҳояшон санги маломат назанем.
Ташрифуллои САЪДУЛЛО,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2020    №: 226    Мутолиа карданд: 388
26.01.2021


 ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ НОЗИРОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 ВОХӮРӢ БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

 «ТОҶИКОН» БА НОҲИЯИ ЛАХШ РАСИД

 НАШРИ КИТОБНОМАИ ШАРҲИҲОЛИИ БОҚӢ РАҲИМЗОДА

 «ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН»

 МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН. БЕЭЪТИНОӢ НИСБАТ БА ОН БОИСИ ҶАВОБГАРӢ ШУД

 СОХТАКОРӢ. БОЗДОШТИ НАФАРОНЕ, КИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКӢ МЕСОХТАНД

 ТАМАЪҶӮӢ ЗАНИ 32 – СОЛАРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ ШИНОНД

22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед