logo

иҷтимоиёт

ИФТИХОРИ МО

Боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Ватани маҳбубамон мебошад, ки маҳз бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 15-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи ноябри соли 2009 ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бисту чоруми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи дарки муҳаббату садоқати ҳар яки мо ба давлатдории миллӣ аст ва мардуми сарбаланду меҳнатқарини диёр зери ливои муқаддаси давлати худ дар тамоми ҷодаҳои хоҷагии халқ шарафмандона фаъолият менамоянд. Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Халқи тоҷик аз замонҳои  хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хоса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад. Оини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидона дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдати ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад».
Рангҳои Парчами давлатӣ ифодагари роҳи таърихии тайнамуда ва арзишҳои маданӣ, маърифатӣ ва фарҳангии миллии тоҷикон мебошанд. Ранги сурх - рамзи муборизаву ҷоннисории халқи тоҷик барои озодӣ ва истиқлолияти миллӣ дар давоми ҳазорсолаҳо, ранги сафед - бахту саодат, покиву покизагӣ, умеду орзу ба ояндаи дурахшон ва ранги сабз нишони сарсабзиву шукуфоӣ , сарбаландию хуррамӣ мебошанд.
Парчами давлатӣ ифодаю тасдиқи нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи миллати куҳанбунёд ва соҳибаҷдоди тоҷик буда, он эҳсоси ватандорию ватанпарастӣ, худшиносию худогоҳии миллии ҳар як фардро баланд мебардорад ва фарҳангсозу соҳибтамаддун будани халқи моро исбот менамояд. Дарвоқеъ, мувофиқи маълумоти дақиқи сарчашмаҳои таърихӣ қавмҳои ориёӣ аз давраҳои қадимтарин ба парчам эътиқоди бузург  доштаанд ва дар он мероси арзишманди фарҳангӣ, аҷдодӣ, роҳи пурифтихори тайкардаи худ ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлату давлатдориро инъикос намудаанд.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор рафта, бо дидани он ифтихори ватандорӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегирад. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаю фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар як шахс мебошад.
Парчами давлатии Тоҷикистон пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳидро  оро дода, диёри моро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва  ягонаю ҳуқуқбунёд муаррифӣ менамояд. Дар назди Парчами давлатӣ аз кормандони сатҳи олӣ то сарбози қаторӣ рост истода, нисбат ба халқу Ватан савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Парчам ба ифтихори пирӯзии фарзандони сарсупурдаю шуҷои миллат дар майдонҳои илмӣ, техникӣ,  варзишӣ ва ғайра бардошта шуда, дар партави он Суруди Миллӣ садо медиҳад. Парчами давлатии Тоҷикистон пешгоҳи биноҳои мақомоти давлатиро зинат мебахшад.  Маврид ба ёдоварист, ки муҷассамаи Парчами давлатӣ дар пойтахти мамлакатамон яке аз дастовардҳои наҷиби даврони истиқлол мебошад. Рӯзи Парчами давлатӣ ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки садоқати беҳамтои худро нисбат ба миллату давлати хеш намоиш дода, баҳри ободию рушд ва тараққии рӯзафзуни ин диёри биҳиштосо ғайратмандона меҳнат кунанд.

Муҳаммадвалӣ ШАҲИДУЛЛОЗОДА,
корманди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2020    №: 226    Мутолиа карданд: 53
21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед