logo

иҷтимоиёт

МАН АЗ ТОҶИК БУДАНАМ ИФТИХОР ДОРАМ!

Парчами давлатӣ рамзи давлатдории мо мебошад. Он рамзи хоси соҳибистиқлолии миллӣ, ватандорӣ ва таҷассуми ҳастии миллат аст. Парчам аз замонҳои қадим рамзи шукӯҳу ифтихор ва нангу номус эътироф гардида, ниёгонамон ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафш буданд, ки нишонаи давлатмандии онҳо буд.  
«Парчам» вожаи суғдӣ буда, бо мурури замон  ҳамчун «дирафш» машҳур шуд. Бори аввал вожаи «дирафш» дар замони давлатдории ориёиҳо, дар қадимтарин осори адабиёти тоҷику форс - китоби муқаддаси «Авасто» ҳамчун рамзи иттиҳод зикр шудааст.
Мафҳуми «Дирафши Коваёнӣ» ҳамчун рамзи парчам ва тимсоли давлатдории ниёгонамон бо номи «Ахтари Коваёнӣ» низ ёдовар мешавад. Парчам тӯли қарнҳо миллату халқиятҳои ориёиро ба ҳам муттаҳид, қарину дӯст ва ҳамдилу ҳамроз кардааст.
Таърихи парчамдории тоҷикон хеле рангин аст. «Дирафши Коваёнӣ» ҳамчун нахустин рамзу тимсоли давлатдории ниёгонамон дар давоми ҳазорсолаҳо дар шаклҳои гуногун рамзофарӣ карда, бо сабабҳои маълуми сиёсию таърихӣ иттиҳоди худро зери парафшонии парчами бо тарҳу шаклҳои гуногун, вале рамзу асолати миллию давлатдоридошта, таҷассум намудаанд.
Аз таърихи парчамдории тоҷикон маълум аст, ки то ба имрӯз парчами миллӣ вобаста ба талаботи замона ва авзои сиёсӣ, таърихию фарҳангӣ чандин маротиба дар шаклу ороиш ва тобишҳои моҳияти миллию замонавидошта парафшонӣ карда, миллатро сарҷамъ ва муттаҳид кардааст.
Парчами имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар Иҷлосияи таърихии  XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, мардуми шарафманди кишвари маҳбубамонро ба сулҳу ваҳдат, устуворию пойдории Истиқлолияти давлатӣ, ободониву шукуфоӣ ва иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят намуда истодааст.
Парафшонии Парчами давлатӣ дар назди ҳар як муассисаи таълимӣ ва марказҳои маъмурии шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳо, на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки тимсоли ватандӯстию худшиносӣ, худогоҳӣ, андешаву асолати миллӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳувияти миллии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб меёбад. Парчам ҳамчун ахтари тобон раҳнамо ва ҳидоятгар ба сӯи фардо ва ояндаи дурахшон аст. Парафшонию ҷилваи парчам неруи тавонои ҷаҳони маънавӣ, қуввати дилу дидаи ҳар як соҳибватан аст.

Муаззама ФАЙЗУЛЛОЕВА, 
омӯзгори МТМУ № 29
шаҳри Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2020    №: 226    Мутолиа карданд: 58
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед