Хабарҳо
КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ
Чемпиони феълии кишвар «Истиқлол» (Душанбе) дар раддабандии нави бошгоҳҳои Конфедератсияи футболи Осиё 13 зина боло рафта (аз ҷои 54 ба 41), дар қатори 50 дастаи беҳтарини қора қарор гирифт.
Дастаи дигари Тоҷикистон – «Хуҷанд» дар ҷои 84-ум аст. Ба панҷгонаи беҳтарини дастаҳои Осиё «Кашима Антлерс» (Ҷопон), «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Шанхай SIPG» (Чин), «Ал-Дуҳайл» (Қатар) ва «Гуанчжоу Эвергранд» (Чин) шомиланд.
"ЭЛЕКТРОН" – ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ АНЪАНАВИИ ФФТ
Дар шаҳри Норак бо иштироки 12 даста 5-умин мусобиқаи анъанавӣ бахшида ба гиромидошти хотираи президенти фахрии Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Қосимов баргузор гардид.
Дар қувваозмоии финалӣ дастаи «Электрон» (Норак) бар тими «Данғара» (Данғара) бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.
Мусобиқаи мазкур ҳамасола бо ташаббуси роҳбарияти тими «Барқ» ва дастгирии ФФТ доир мешавад.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 276