Хабарҳо
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ
Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 24 ноябр таҷлил мегардад, дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони кумита ҳамоиш доир гардид.
Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси кумита, ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки Парчами давлатӣ рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ низ эҳтиром гузоштан ва қадршиносии Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст. Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Иштирокдорони ҳамоиш, ҳамзамон, доир ба аҳамият ва нақши Парчами давлатӣ дар раванди давлатдорӣ, зиндагиву тафаккури халқу миллат ва муаррифии соҳаҳои гуногуни мамлакат табодули назар намуданд.
Таъкид шуд, ки мардум ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ, ки дар масири таърих бо номи “Дирафши Коваёнӣ” ёд карда мешавад, ҳамчун як арзиши бисёр муҳиму муқаддаси миллӣ эътиқод ва эътимод доранд.
Имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат умед бар он доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 304