Хабарҳо
САНГВОР. БА ИСТИФОДА ДОДАНИ 68 ИНШООТИ ҶАШНӢ
Ҳоло дар тамоми гӯшаю канори кишвар ба хотири сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат идома доранд. Дар ин росто вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди бонангу номус дар ин кори нек саҳм гузоштан аст. Дар ноҳияи Сангвор бо ин мақсад таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва, аллакай, сохтмони 107 иншооти ҷашнӣ оғоз гардида, то имрӯз 68 – тои он ба истифода дода шудааст.
- Тавре Муҳаммадулло Исмонов, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, зимни суҳбат ба мо гуфт аз 107 иншооти банақшагирифта 42 – тои он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявию маҳаллӣ, 24 иншоот аз ҳисоби шарикони рушд ва 41-тои дигар бо ҷалби соҳибкорон бунёд гардида истодаанд. Дар 39 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома дошта, аз ин миқдор 21-тоаш ба соҳаи маориф, 9-то ба соҳаи тандурустӣ ва 7 иншоот ба соҳаи роҳдорӣ тааллуқ дорад. Иншооти дигар бошад, ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ марбут аст.
Воқеан, корҳои созандагиву бунёд-корӣ дар доираи эълон шудани солҳои 2019 - 2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шудаанд. Аз ин иқдом хурсандии сокинони деҳотро ҳадду канор нест ва онҳо аз ин ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукрона намуда, ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошанд. Соҳибкорони маҳаллӣ дар дурдасттарин деҳоти ноҳия мекӯшанд иншооте бунёд намоянд, ки барои насли ҷавон муфид бошад. Бунёди иншооти таъйиноти гуногун, пеш аз ҳама, ба хотири некуаҳволии мардум, ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани онҳост. Аз ҷумла, аз иншооти баистифодадодашуда майдончаҳои варзишӣ дар деҳаи Ёзғанди Ҷамоати деҳоти Тавилдара, дар деҳаи Лоҷурки деҳоти Ваҳдат, ҳаммоми замонавӣ, мағоза ва меҳмонхона дар маркази Ҷамоати деҳоти Сангвор, марказҳои савдо ва сехи чӯбкорӣ дар деҳаҳои Тавилдара, Шаҳринав, Ёзғанд, меҳмонхона ва чойхона дар маркази ноҳия, маркази савдо ва сехи дӯзандагӣ дар маркази Ҷамоати деҳоти Чилдара, ҳаммоми замонавӣ ва маркази савдо дар Ҷамоати деҳоти Вахиё, хатҳои оби нӯшокӣ, ҳуҷраи хатна дар марказҳои саломатӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии панҷ ҷамоати деҳот гувоҳи пешрафти корҳои сохтмонӣ ва ободкорию бунёдкориҳост. Сохтмони дигар иншооти ҷашнӣ дар қаламрави ноҳия идома дошта, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳанд шуд.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 334